МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН:
“2025 соли таърихӣ барои фарҳанги тоҷикон гардид”
Дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг, оид ба дастовардҳои муҳим дар самти муаррифии мероси фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вазир, соли 2025 барои фарҳанги миллии тоҷикон соли таърихӣ арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали Қадим ва номинатсияи миллии “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Ҳамзамон, дар иҷлосияи 43-юми Конфронси умумии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид, ки он аҳамияти бузурги таърихию фарҳангӣ дорад.
Матлубахон Сатториён зикр намуд, ки эътироф шудани шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ”, инчунин қабули қарор дар бораи бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 гувоҳи равшани ҷойгоҳи хоси фарҳанги тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Ба таъкиди вазири фарҳанг, ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати фарҳангии Тоҷикистон ва талошҳои пайваста дар самти ҳифз, эҳё ва муаррифии мероси фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Руҳафзо МУРОДОВА
НОСИР САИДЗОДА: “145 Лоиҳа Ва Барномаи Нав Таҳия Ва Пахш Гардид”
Носир Саидзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио, дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли 2025 тавассути телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии мамлакат 145 лоиҳа ва барномаи нави телевизионӣ таҳия ва пахш гардид. Дар ин давра сабт ва пахши филмҳои мустанад аз мавзеъҳои таърихии ҷумҳурӣ оғоз ёфта, тавассути телевизионҳои давлатӣ намоиш дода шуд.
Иброз гашт, ки ҳамаи ин филмҳо бо истифода аз зернависҳо ба забони англисӣ таҳия гардидаанд. Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ ба воситаи телевизиони «Тоҷикистон» рубрикаи алоҳида оид ба нақши донишмандони тоҷик дар поягузорӣ ва ташаккули илми башарият амалӣ шуд, ки ин тарҳ низ зернависи англисӣ дорад. «Дар давраи ҳисоботӣ нахустин маротиба телевизиони «Синамо» аз корнамоии қаҳрамонони арсаи меҳнати Неругоҳи барқи обии «Роғун» филми бадеии «Неруи ишқ»-ро сабт намуд.
- Ҳоло танзими филм ҷараён дошта, рӯзҳои наздик он тавассути телевизион пахш мегардад, – гуфт Носир Саидзода.
З. РАҶАБ
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Ҷойҳои корӣ зиёд мешаванд
Тибқи маълумоти омор, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шумораи умумии воҳидҳои корӣ 22 ҳазору 817-торо ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 440 воҳиди корӣ зиёд мебошад.
Ин нуктаро Фирдавс Абдуллозода, муовини аввали директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Тибқи иттилои ӯ, сабабҳои зиёд гардидани воҳидҳои корӣ таъсиси мақомоти нав, аз ҷумла кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, агентиҳои инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, таҷдиди сохтор ва зиёд гардидани воҳидҳои корӣ дар баъзе вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Балҷувон, Шаҳринав, Рашт ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин ворид гардидани хидматчиёни давлатии қисми шаҳрвандии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ҳисоботи омории Агентӣ мебошад.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ДАВРОН САФАРЗОДА: “СЕ ИХТИСОСИ НАВ ТАЪСИС ДОДА ШУД”
Зимни нишасти матбуотӣ Даврон Сафарзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар соли таҳсили 2025-2026, бо назардошти тақозои бозори меҳнат ва зарфияти моддӣ-техникӣ ва илмии муассиса аз рӯйи 3 ихтисоси нав гурӯҳҳои таълимӣ ташкил карда шуданд.
Аз ҷумла, ихтисосҳои “Иқтисодиёти рақамӣ”, “Молия ва қарз” ва “Амнияти системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди иттилоот ва идоракунӣ” дар зинаи бакалавриат ва магистратура таъсис ёфтанд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки 40 донишҷӯи Академия дар соли 2025 барои таҳсил ба муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қазоқистон сафарбар шуд.
Инчунин, иброз гашт, ки дар соли гузашта аз ҷониби устодону профессорони Академия 2769 маводи илмӣ-таҳқиқотӣ ва интишорӣ омода шуд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
ДТТ
Талабот ба тахассуси нақлиёти барқӣ ва гибридӣ зиёд аст
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қудрат Давлатзода 26-уми январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки Парки технологии Донишгоҳ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардондани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда фаъолияташро хуб ба роҳ монда, айни замон дар миёни паркҳои технологии кишвар пешсаф мебошад.
– Айни замон, дар Донишгоҳ зиёда аз 390 донишҷӯи хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Эрон, Афғонистон, Украина, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ғайра дар зинаҳои гуногуни таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Донишгоҳ масоили марбут ба табодули омӯзгорон ва донишҷӯён, баланд бардоштани дараҷаи касбии омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва дигар масоили мубрамро бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷӣ тақвият дода, соли 2025 тибқи барномаи табодули академӣ 89 донишҷӯро ба кишварҳои хориҷи дуру наздик сафарбар намуд, – иброз дошт Қудрат Давлатзода.
Зикр гардид, ки соли рафта донишҷӯёни онҳо дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд. Дотсенти кафедраи истифодабарии нақлиёти автомобилӣ Абдулло Мадаминов дар Озмуни байналмилалии инноватсия ва соҳибкорӣ ғолиб омад, устоди факултети технологияи рақамӣ Баҳром Ашӯрзода дар Озмуни байналмилалии ихтироъкорони «Камарбанд ва роҳ» дар Чин сазовори ҷойи сеюм шуд.
Ҳамчунин, дар соли таҳсили 2025-2026 дар Донишгоҳ 7 ихтисоси нав, аз ҷумла «Нақлиёти барқӣ ва гибридӣ» таъсис ёфт.
Сайфиддин СУННАТӢ