Баргашт Чоп кардан

ХАТЛОН. ШИРКАТИ «DAYU NEW ENERGY LIMITED» НЕРУГОҲИ БАРҚИ ШАМОЛӢ ХОҲАД СОХТ


24-уми январ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид роҳбари Ширкати «Dayu New Energy Limited»-и Чин Давид Лиуро барои суҳбат пазируфт.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ монда, дар марҳалаи кунунӣ бо суръат онҳоро таҳким мебахшад.
Гуфта шуд, ки ширкати «Dayu New Energy Limited» аз соли 2018 ба тиҷорати энергияи барқароршаванда, аз ҷумла ба сохтмон ва истифодаи неругоҳҳои барқи офтобӣ ва шамолӣ, машғул аст.
Давид Лиу гуфт, ки ҳадафашон ҷаҳонро бо энергияи сабз, боэътимод ва дастрас таъмин намудан мебошад.
– Ҳоло мо дар Гурҷистон ва Қазоқистон лоиҳаҳои энергетикаи шамолиро амалӣ карда истодаем.
Ният дорем дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва шамолиро бо иқтидори 500 МВт бунёд намоем. Ширкати мо барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонии энергияи сабз бо ширкатҳои бонуфузи энергетикӣ шарикии стратегӣ барқарор кардааст. Тавассути сармоягузории муштарак дар лоиҳаҳои бузурги байналмилалии энергияи барқароршаванда саҳми худро мегузорем, – афзуд Давид Лиу.
Давлаталӣ Саид тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба роҳандозии муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.
– Мо, ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонем, – афзуд раиси вилоят.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи шамолию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.
Раиси вилоят аз пешниҳоди таъсиси неругоҳҳои шамолию офтобӣ ҷонибдорӣ намуд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"