Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат (28. 12. 2024) бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф, бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакон, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таъкид карданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синнусоли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабиро таъмин намоянд. Яъне, барои дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари давлат татбиқи ин раванд дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла шаҳри Ҳисор, имрӯзҳо вусъати тоза касб намудааст. Ин аст, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони саховатпеша дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳр сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бомаром ҷараён дорад.
Икромиддин Сафаров, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомҳо дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад.
Дар шаҳри Ҳисор соли сипаришуда 13 муассисаи томактабӣ (7 давлатӣ ва 6 хусусӣ) фаъолият дошт ва дар 63 гурӯҳ 1544 кӯдак ба таълиму тарбия ҷалб гардид. Дар маҷмуъ, дар ин кӯдакистонҳо 8192 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки 27,8 дарсади кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
– Мавриди зикр аст, ки бинобар сабаби зиёд гаштани талабот дар ин давра 432 кӯдак дар кӯдакистонҳои шаҳр ба навбат гирифта шуд, – гуфт Икромиддин Сафаров. – Бо назардошти ин, дар доираи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон баҳри густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” навсозии боғчаҳои дар ҳудуди шаҳр ҷойдошта ба нақша гирифта шуда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 9 бинои иловагии марказҳои инкишофи кӯдакон идома дорад. Соли рафта дар назди 22 муассисаи таълимӣ 55 синфхона таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. Дар соли таҳсили 2025 – 2026 ду муассисаи хусусӣ – “Сафия” ва “Нури хат” аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, ба фаъолият оғоз намуд.
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони як боғчаи нав дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор оғоз гардид. Ҳамзамон, зиёд намудани шумораи гурӯҳҳо ва бунёди боғчаҳои нави хусусӣ дар шаҳр ба нақша гирифта шуда, тибқи дурнамо, корҳои сохтмонӣ бояд оғоз гарданд. Инчунин, шуъбаи маориф тасмим гирифтааст, ки баҳри баланд бардоштани кори таълиму тарбия ва хуб ба роҳ мондани таълими фанҳои забони русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои томактабӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода барад.
Бошад, ки иқдомҳои Пешвои миллат тадриҷан амалӣ гарданду кадрҳои ватандӯст, хештаншинос, баландихтисос ва шоистаи даврон чун пайравони Пешвои миллат рӯз ба рӯз афзоянд ва обрӯйи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар бардоранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”