Баргашт Чоп кардан

АБДУЛЛО СУЛТОН


Барои муаррифии ӯ танҳо ном бурдани суруди «Яғноба обаш ширин» кофист. Ин суруд оғози силсилаи сурудҳои яғнобии ӯ гардид, ки то ҳол шунаванда дораду такрор ба такрор онҳоро гӯш мекунанд. Аслан, бештар насли калонсол муштоқи овозу сурудҳои ин ҳунарманданд, ки бо шуниданаш чашмонашон нур мегираду дилашон фараҳ.
Абдулло Султон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 15-уми апрели соли 1955 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба мусиқӣ рағбат пайдо мекунад. То донишҷӯ шудан, дар дастаи санъаткорони навраси «Машъал» ҳунар меомӯзад.
Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд: «Абдулло Султон беш аз 30 сол раҳнаварди ҷодаи санъат буд. Манзили ҳунараш Хонаи радио, шуғлаш тули ин солҳо муҳаррири шуъбаи мусиқӣ, узви дастаи «Шашмақом» ва ниҳоят, пайванди дастаи ҳунарии «Дарё». Акашариф Ҷӯраев, Боймуҳаммад Ниёзов, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимро аз шоҳсутунҳои санъати сарояндагӣ, Саидқул Билоловро аз пайравони эътиқодманди онҳо медонист».
Абдулло Султон бештар ба ашъори классикон, аз ҷумла Анварӣ, Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Бадриддин Ҳилолӣ, таваҷҷуҳи зиёд дошт. Аз шоирони муосир ба ғазалҳои Лоиқ Шералӣ, Ҷамолиддин Каримзода, Назри Яздонӣ ва Камол Насрулло оҳанг бастааст.
Таронаҳои «Тоҷикистон», «Рӯди Сир», «Зулфи мушкин», «Муҳаббат», «Наврӯзӣ», «Корвон», «Бо чашми наку», «Васфи чӯпон», «Сайри бӯстон», «Падар», «Дуои модар» то ҳол шунавандаи худро доранд.
Соли 1988 Абдулло Султон ба як базми хурсандӣ даъват мешавад. Он рӯзро чунин ёдовар шуда буд: «Аҷаб мардуманд мӯйсафедони кӯҳистон. Меҳмонро, ҳарчанд ҷавон ҳам бошад, ончунон эҳтиром мекунанд, гӯё солҳо ошною қадрдон бошанд. Ва агар меҳмон аз аҳли ҳунару сухан бошад, дигар ҷойи гап намемонад, дар як нишаст «ба давраи худ қабул мекунанд», яъне, зуд унс мегиранду улфат мешаванд, рози дил мекушоянд».
Он рӯз аз рӯзгори кӯҳистониён қиссаҳои дилангезе шунида, алоқадри ҳол аз рози онҳо огоҳ мегардад. Гилаи мӯйсафедон низ барояш асоснок тофт. Мӯйсафедон яғнобиасл буданду забон ва расму оини ниёгонашон барояшон азизу арзишманд. Дар омади гап аз ҳофизон гиламанд шуданд, ки бо забони онҳо суруде намехонанд. Ҳарчанд Яғноби биҳиштосоро шоирон зиёд ситоиш намудаанд, вале ҳофизон дар васфаш суруде насароидаанд.
Абдулло ба мӯйсафедон ваъда кард, ки ин хаторо ислоҳ менамояд. Ҳамин тавр, бо кумаки Шаҳобиддини Ҳақназар суруди «Яғноба обаш ширин» тавлид шуд. Аввалин бор он соли 1989 аз тариқи радио садо дод, ки шунавандагон хуш пазируфтанд. Дар радифи ин суруд, оҳиста-оҳиста, сурудҳои «Чӣ сарборон авесе», («Аз боло борон омад»), «Яғноби шамол во-вот» («Шамоли Яғноб»), «Яғнобба мурам», «Гули маҳтобӣ, духтари яғнобӣ», «Ид муборак»-ро эҷод намуд.
Худи овозхон дар мусоҳибааш бо Қироншоҳ Шарифзода чунин гуфта буд: «Хушам меояд, ки мардуми яғнобиасл маро аз табори худ медонанд, вале аз тарафи дигар хиҷолатзада ҳастам, ки забони онҳоро намедонам. Аз муҳаққиқони ҷавон Сайфиддини Мирзозода ва Саидмуроди Суғдмеҳр сипосгузорам, ки ин камбудии маро «ислоҳ мекунанд», яъне дар интихоби матн ва мувофиқати оҳангҳои бастаам бедареғ кумак мерасонанд».
Ҳусейни Насриддин, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дар мавриди Абдулло Султон чунин гуфта буд: «Мустазод»-ро, ки ба оҳанги халқӣ бар ғазали Туғрал «Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро» эҷод шудааст, пештар аз Абдулло низ мехонданд. Аз рӯйи инсоф бояд гуфт, ки «Мустазод»-и Абдулло Султонро дар радифи сурудҳои машҳуртарини солҳои охир метавон ҷой дод».
Абдулло Султон тавонист ба баҳри беканори санъат моҳирона ғӯта зада, аз қаъраш дурру гуҳари фаровон ба каф ораду ба мардум расонад. Ӯ нақшаҳои зиёд дошт, вале умр вафо накард. Соли 2010 Абдулло Султон ин дунёро падруд гуфт.


Таҳияи Фирӯз АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»