Баргашт Чоп кардан

БО ФАРРИ ОРИЁӢ


Ба муносибати сохта шудани Конуни фарҳанги ориёӣ дар Тоҷикистон

Фарҳанги ориёӣ - перояи тамаддун,
Дар қомати замона дорад намои мавзун.
Пайғоми миллати мо аз асрҳои мозист,
Ганҷинаи Авасто, ганҷури дурри макнун.
Аз меваи Асурик, пайғоми Занду Мозанд,
То Рӯдакиву Саъдӣ дар ҷони мост маъмун.
Фарҳанги ориёӣ пирӯзи асрҳо шуд,
Бо адлу доди Кова, бо парчами Фаридун.
Аз паҳлавист тӯша, пайғоми паҳлавонист,
Ҳафтод пушти моро бахшида ӯ тавозун.
Мо бо фарри Курушем, бо устувонаи ӯ
Адлу адолати даҳр аз мо нагашт берун.
Андар сиришти зотӣ ҳахоманишиҳоем,
Аз насли поки Сосон дорем реша дар бун.
Бо ӯст руҳи таърих, фахру шукӯҳи таърих,
Бо фарри ориёӣ бар асрҳост ҳорун.
Бо Борбад сафо ёфт сози навои гетӣ,
Бо рангҳои Монӣ гул кард дашту ҳомун.
Омад Сада зи сад қарн, сад нури сур овард,
Ин миллати фаришта ҳаргиз набуд маҳзун.
Эҳёи Ҷашни Наврӯз шуд нусрати ҷаҳонӣ,
Бо Меҳргон сафои нав ёфт миллат акнун.
Ин фар агар намебуд, ин миллати хуҷаста,
Чун мегузашт зинда аз умқи оташу хун!?
Моро хирад нигаҳ дошт аз ҷаврҳои таърих,
Дар ҷони миллати мо сад аср буд маскун.
Пирӯз кард моро фарҳанги ориёӣ
Дар корзори ҳастӣ бар зидди хасми малъун.
Аз дӯстӣ навид аст, бар ганҷҳо калид аст,
Фарҳанги дӯстдорист бо савту сози серун.
Имрӯз Тоҷикистон ҳаққо, ки Ориёност,
Эҳёи нав муборак, эй миллати ҳумоюн!
Фарҳанги ориёист болу пари асолат,
Авҷи бурузи мо бод то ҳафт чархи гардун.
Пайки нави раҳоист, уммеди порсоист,
Эҳёи нав муборак бо рангу бори афзун!


Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон