(Перомуни порча аз «Ёддоштҳо»-и С. Ятимов «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ,
ё достони ғаму шодӣ»
«Ҷумҳурият», №229 (25344) аз 01.12.2025
Ёдномаи «Марде шоиста ва зиёие истисноӣ ё достони ғаму шодӣ» ба яке аз чеҳраҳои маъруфу муътабари илму фарҳанги Тоҷикистон – доктори илмҳои филология, профессор Раҳими Мусулмониён бахшида шуда, дар он ҷанбаҳои таърихӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ ва шахсии зиндагии ин олими шинохта бо назари таҳлиливу воқеъбинона баррасӣ мешаванд.
Муаллиф талош мекунад, ки андеша, сифатҳои инфиродӣ ва роҳи пурпечутоби зиндагии ин зиёии соҳибномро дар давраи воқеаҳои пурташаннуҷи солҳои 90-уми асри гузашта боз намояд ва нишон диҳад, ки чӣ гуна тақдири як шахс метавонад таҷассумгари тақдири як миллат гардад.
Муаллиф бо диди таҳлилӣ бар он таъкид мекунад, ки дар давраи буҳронӣ фасоди маънавӣ, ҷаҳолат, гумроҳӣ ва таассуб бисёре аз зиёиёни кишварро фиреб дод ва ба роҳи нодуруст бурд. Бо вуҷуди ин, дар симои профессор Раҳими Мусулмониён ӯ намунаи инсоне поквиҷдон, ватандӯст, ҳақталош ва ростгуфторро мебинад. Ин баҳогузорӣ бо далелҳои таърихӣ, ишора ба манбаъҳои ҳуҷҷатӣ ва иқтибос аз осори бузургони адабу фалсафаи тоҷик, ба мисли Ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Убайди Зоконӣ ва Ҳофизи Шерозӣ мустанад гардида, ба матн ранги илмӣ-адабии хос мебахшад.
Маҳсули эҷодии адиб на танҳо хусусияти адабӣ дорад, балки як таҳлили амиқи сиёсӣ низ ҳаст. Муаллиф нақши зиёиёнро дар ҳифзу нигаҳдошти ҳувияти миллӣ, мубориза бо хурофот, муқовимат ба ифротгароӣ ва фоҷиаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ махсус таъкид мекунад. Қисматҳои хотиротӣ, мулоқотҳо, гуфтугӯҳои шахсӣ, сафар ба Ҳамадон, мулоҳизаҳо дар бораи рӯзгори гурезагон, ба матлаб гармӣ, эҳсос ва воқеияти зиндаи таърихӣ мебахшанд.
Ибрате, ки муаллиф аз зиндагиномаи ин марди илм пеш мегузорад, бештар аз саргузашти як шахс аст: он ба андешаи ӯ таҷассуми сарнавишти пурдарди як миллат мебошад. Муаллиф бо ишора ба роҳи иштибоҳи профессор ва бозгашти шуҳратёфтаи ӯ ба ҳақиқат мефаҳмонад, ки наҷоти тафаккури миллӣ аз чанголи мафкураҳои бегона танҳо бо зеҳни бедор, виҷдони соф ва масъулияти шахсии зиёиён имконпазир аст.
Зиёӣ дар ҷомеа танҳо касе нест, ки донишу илм дорад. Ӯ ҳомии арзишҳои маънавӣ, посдори ҳувияти фарҳангӣ ва чароғе барои роҳи ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар вақте ки зиёӣ ба доми ғаразҳои бегона меафтад, он метавонад на танҳо ба гумроҳии ӯ, балки ба саргардонии як миллат бирасонад. Тавре воқеаҳои солҳои навадум ин гуфтаҳоро собит карданд.
Муаллиф аз ин таҷриба чунин хулоса мебарорад, ки зиёӣ агар иштибоҳ ҳам кунад, бояд ҷуръати эътироф ва тавоноии бозгашт ба роҳи ростро дошта бошад, зеро хиёнат ба тафаккури миллӣ, баробари хиёнат ба давлату мардуми худ аст. Аз ҳамин ҷост, ки роҳи тайкардаи Раҳими Мусулмониён ҳамчун намунаи бедории виҷдон, покии ният ва садоқат ба кишвар муаррифӣ мешавад.
Дар матлаб таъкид мегардад, ки истиқлоли давлатӣ бе истиқлоли фикрӣ комил шуда наметавонад. Ҳифзи ин истиқлол, пеш аз ҳама, ба дӯши табақаи рӯшанфикр – зиёиёни ҳаққониву бедордил гузошта шудааст. Фақат тафаккури миллӣ, худогоҳии фарҳангӣ ва хирадгароии зиёиён метавонад қалъаи маънавии миллатро аз ҷаҳолат, хурофот ва таъсири мафкураҳои бегона эмин нигоҳ дорад.
Ин андешаҳо хонандаро ба он водор мекунанд, ки масъулияти зиёӣ дар ҳар давру замон аз муҳимтарин рисолатҳо ба шумор меравад ва тақдири миллат бевосита аз тафаккури солим ва виҷдони бедори онҳо вобаста аст. Аз ин назар, ин ёди хотираҳо барои насли ҷавон на танҳо як матни омӯзишӣ, балки ҳуҷҷати муҳими шинохти воқеияти таърихӣ, сиёсӣ ва зеҳнии кишвар аст. Ҳамзамон, ёдбуди шахсияти маъруф ва дарси худогоҳию ватанпарастӣ буда, масъулияти ҳар зиёиро дар назди халқ ва давлат бори дигар ба хотир меорад.
Умедҷон ИЗАТОВ,
номзади илмҳои таърих,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ