Сада яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва арзишманди фарҳангии мардуми ориётабор ба шумор рафта, дар радифи Наврӯз ва Меҳргон мақоми хос дорад. Ҷашни Сада, ҳамчун рамзи нуру гармӣ, эҳёи табиат ва пайванди инсон бо олами ҳастӣ, аз замонҳои қадим то имрӯз дар фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи устувор доштааст.
Сада ҳамасола рӯзи 10-уми моҳи Баҳман таҷлил мегардад, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба рӯзҳои 30 – 31-уми январ рост меояд. Ин Ҷашн пас аз сипарӣ шудани чиллаи калони зимистон ва 40 шабонарӯзи баъди шаби Ялдо фаро расида, рамзи поён ёфтани сардиҳо ва наздик шудани баҳор маҳсуб мешавад.
Номи Сада аз рақами сад гирифта шуда, ба 50 шабу 50 рӯз мондан то фарорасии Наврӯз ишора менамояд, ки рамзи ҳамбастагии шабу рӯз ва омодагӣ ба фасли нави кишоварзӣ мебошад.
Ин Ҷашн дар осори файласуфон ва адибони бузурги гузашта, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ, Байҳақӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Хоқонӣ, ба таври густурда васф гардидааст. Дар ин осор Сада ҳамчун рамзи ахлоқу маънавиёт, шукуфоии зиндагӣ ва ҳамбастагии ҷомеа муаррифӣ мешавад. Ҳамзамон, шоироне чун Амир Муизӣ ва Хоқонӣ оташафрӯзии шаби Сада ва шодию сурури мардумро бо забони бадеӣ тасвир намудаанд. Ибни Ҳаҷҷоҷ ва Ибни Набота низ шуълаҳои оташро рамзи шукуфоии ҳаёт ва ваҳдати мардум медонанд.
Бо вуҷуди он ки дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ беш аз 70 сол фарҳанг ва расму оинҳои миллии тоҷикон зери фишор қарор доштанд, руҳу равони миллӣ ва худшиносии мардум имкон дод, ки ин суннатҳои бостонӣ ҳифз гардида, то замони мо расанд.
Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангпарварона, барои эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам омад. Бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Сада аз соли 2018 дар кишвар ба таври расмӣ таҷлил мегардад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 таъкид шудааст, ки ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар таҳкими ахлоқу маънавиёт, худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа нақши муҳим доранд. Маҳз тавассути ин сиёсати фарҳангӣ ҷашнҳои ниёгон дубора ба ҳаёти маънавии ҷомеа баргаштанд.
Аз лиҳози иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Сада Ҷашни нуру гармӣ, оташафрӯзӣ ва пайванди гузашта бо оянда мебошад. Он рамзи ҳамбастагӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон ва эҳёи фарҳанг ва адабиёт аст. Таърих ва осори адабӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин Ҷашн ҳамеша ба таҳкими ваҳдати ҷомеа ва шодии мардум хидмат кардааст.
Сада, ҳамзамон, бо кишоварзӣ робитаи зич дорад. Аз рӯйи суннат, дар ин рӯзҳо мардум ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза намуда, боғу токзорҳоро яхоб мемонанд ва барои киштукори баҳорӣ омодагӣ мебинанд, ки ин ҳама нишонаи пайванди Ҷашн бо заҳмати деҳқонӣ мебошад.
Ба муносибати таҷлили Ҷашни Сада, Институти зироаткории АИКТ тухмиҳои аълосифат ва дастабандҳои гуногуни зироатҳоро омода намуда, барои мардум пешниҳод кардааст. Ин иқдом идомаи суннатҳои неки ниёгон ва ифодаи пайванди илм, истеҳсол ва фарҳанги миллӣ дар руҳияи Ҷашни Сада мебошад.
Тоирзода Қосим Тоир,
директори Институти зироаткорӣ,
номзади илмҳои иқтисодӣ