![]()
Солҳои охир Тоҷикистон шоҳиди маҷмуи васеи ислоҳоти иқтисодӣ ва лоиҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ гардид, ки таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, беҳтар шудани даромадҳо ва густариши сармоягузорӣ ба инфрасохтор дар соҳаи энергетика мусоидат намуд. Чунин ба назар мерасад, ки Президенти Тоҷикистон хостори табдили кишвараш ба яке аз давлатҳои пешрафта дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, энергетика ва бахши хусусӣ, мебошад.
НИШОНАҲОИ СТРАТЕГИЯИ ИҚТИСОДӢ
Ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи рушди миллӣ то соли 2030-ро ҳамчун барномаи асосии ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қабул намуда, онро бо Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ҳамоҳанг месозад. Ин Стратегия ба ду баробар афзудани иқтидори иқтисодӣ, бештар кардани табақаи миёна то тақрибан нисфи аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ то камтар аз 10 дарсад равона шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ барои гузариш ба “иқтисоди сабз” ва рақамӣ, инчунин, тақвияти нақши бахши хусусӣ дар эҷоди ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодӣ таъкид менамоянд. Ҳамзамон, аз ҷониби Ҳукумат дастур дода шудааст, ки барои давраи солҳои 2026 – 2030 барномаи рушди миёнамуҳлат таҳия гардад, то идомаи ислоҳот ва навсозии афзалиятҳои иқтисодӣ таъмин карда шавад.
ИСЛОҲОТИ ИҶТИМОӢ ВА БЕҲБУДИ САТҲИ ЗИНДАГӢ
Ҳукумати Тоҷикистон тақрибан 43 дарсади буҷети давлатиро барои соли 2024 ба соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг равона кардааст. Ин сиёсат боиси он гардид, ки музди меҳнати кормандони бахши давлатӣ дар панҷ соли охир чор маротиба афзоиш ёфта, маоши миёна тақрибан ду баробар баланд шуд.
Маош ва нафақаҳо мунтазам зиёд гардидаанд: музди миёна зиёда аз ду баробар афзуд, арзиши нафақаҳо тақрибан 1,9 маротиба зиёд гардид. Ҳамзамон, новобаста аз фишорҳои ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар соли 2023 дар ҳудуди 3,8 дарсад нигоҳ дошта шуд. Илова бар ин, қарзҳои хурд ва дастгирии соҳибкорон, бахусус занон, густариш ёфт. Ҳаҷми қарзҳои ба занон додашуда тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расид, ки ин дар доираи сиёсати ҳамгироии иқтисодии занон сурат гирифтааст.
КОҲИШЁБИИ КАМБИЗОАТӢ ВА ТАВСЕАИ ТАБАҚАИ МИЁНА
Тоҷикистон дар даҳсолаи охир дар самти коҳиши камбизоатӣ пешрафти назаррас нишон дод. Тибқи гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, сатҳи камбизоатии миллӣ аз 56 фоиз дар соли 2010 то тақрибан 20 фоиз дар солҳои 2023 – 2024 поин рафтааст. Ҳамзамон, ҳиссаи табақаи миёна аз 8 фоиз ба 33 фоизи аҳолӣ расидааст.
Танҳо дар 3 соли охир тақрибан 35 дарсади хонаводаҳо ба табақаи миёна дохил шуданд, ки ин нишондиҳандаи болоравии иҷтимоӣ дар натиҷаи афзоиши даромад ва беҳтар шудани сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки ин пешрафт бештар ба афзоиши музди меҳнат ва маблағҳои интиқолӣ аз хориҷ такя мекунад, аз ин рӯ идомаи ислоҳоти сохторӣ барои эҷоди ҷойҳои корӣ зарур аст.
САРМОЯГУЗОРӢ БА ЭНЕРГЕТИКА ВА ИНФРАСОХТОР
Соҳаи энергетика дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳукумати кишвар ният дорад, ки барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи энергетика дар солҳои 2026 – 2030 тақрибан 6,5 миллиард доллар сармоягузорӣ намояд. Ин сармоягузорӣ ба анҷом расондани лоиҳаи бузурги Неругоҳи барқи обии “Роғун”, густариши истеҳсоли неруи барқи обӣ ва бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори то 1,5 гигаватт дар вилоятҳои Суғду Хатлон равона шудааст.
Анҷоми пурраи лоиҳаи НБО “Роғун” то соли 2033 бахши муҳими стратегияи истиқлолияти энергетикӣ ва афзоиши содироти неруи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамзамон, навсозии шабакаҳои интиқолу тақсимоти барқ ва насби ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи неруи барқ пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи буҷети соли 2026 нишон медиҳад, ки тақрибан 22,4 фоизи хароҷоти умумии давлатӣ барои дастгирии маҷмааи сӯзишворӣ ва энергетика, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва хатҳои нави интиқол, ҷудо карда мешавад.
ДАСТГИРИИ БАХШИ ХУСУСӢ ВА «ИҚТИСОДИ САБЗ»
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки рушди устувор танҳо бо бахши хусусии қавӣ, ки қобилияти навоварӣ ва эҷоди ҷойҳои кориро дорад, имконпазир аст. Ба ҳамин хотир, Ҳукумат дастрасии соҳибкоронро ба маблағгузорӣ тавассути таъсиси фонди махсуси қарздиҳӣ, содагардонии расмиёт ва густариши қарзҳои хурд осон гардонд.
Ҳаҷми қарзҳои хурд беш аз 32 дарсад афзоиш ёфта, ба 13,3 миллиард сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба таҳкими модели «иқтисоди сабз» тавассути сармоягузорӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, навсозии инфрасохтор ва рушди рақамисозӣ ва хидматрасониҳои электронӣ рӯ меорад. Ин сиёсатҳо бо Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияти энергетикии минтақа, бахусус тавассути лоиҳаҳои пайвасти барқӣ чун CASA-1000, ҳамоҳанг мебошанд.
Фотима БАДАВӢ,рӯзноманигори мисрӣ,
коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, тарҷумаи Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”