Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА ТО ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛӢ



Ҷашни Сада яке аз куҳантарин ва пуровозатарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод, аз ҷумла мо – тоҷикон, ба шумор меравад, ки решаҳои он ба умқи таърихи тамаддуни башарӣ мерасад. Ин Ҷашн дар баробари Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон пояҳои асосии солшуморӣ ва ҷаҳонбинии суннатии мардуми моро ташкил дода, на танҳо маросими мавсимӣ, балки ифодаи фалсафаи зиндагӣ, муносибати инсон ба табиат, замон ва дар маҷмуъ, худи ҳастӣ мебошад. Сада ҷашни нур аст, ҷашни гармӣ ва умед дар миёни сармо, ҷашни пирӯзии ақлу хирад бар торикӣ ва ноумедӣ мебошад. Дар зеҳни фарҳангии тоҷикон Сада ҳамеша бо тасаввури оташ, рӯшноӣ, ҳамбастагӣ ва интизори баҳори зиндагисоз пайванд доштааст.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ эҳё ва гиромидошти ҷашнҳои бостонии миллӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад, зеро маҳз бо ташаббус, иродаи сиёсӣ ва ҷаҳонбинии жарфу таърихнигари он кас ин оинҳои куҳан аз ҳошияи фаромӯшӣ дигарбора ба маркази ҳаёти маънавию фарҳангии ҷомеа бозгаштанд. Пешвои миллат бо дарки амиқи рисолати тамаддунофар ва тарбиявии ин ҷашнҳо онҳоро ҳамчун рукнҳои устувори худшиносии миллӣ, пайванди наслҳо ва рамзҳои ваҳдати фарҳангӣ эҳё намуда, ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварданд. Дар миёни онҳо, Ҷашни Сада бо таъкиди махсус ҷойгоҳи хос касб кард, зеро Сада ҷашни нур ва гармӣ дар авҷи сармост, ҷашни умед дар лаҳзаҳои сахтии зиндагӣ ва рамзи пирӯзии ақлу хирад бар торикӣ мебошад. Маҳз бо ҳидоят ва пуштибонии Пешвои миллат Сада аз нав ҳамчун ҷашни фалсафии оташ, меҳнат ва сабри инсон муаррифӣ шуд ва ба шуури ҷамъиятӣ бозгашт, то мардумро ба таҳаммул, ҳамбастагӣ ва бовар ба ояндаи нек ҳидоят намояд. Дар шароите, ки ҷаҳонишавӣ бисёр арзишҳои суннатиро зери фишор қарор медиҳад, таваҷҷуҳи махсус ба Сада на танҳо эҳёи як оин, балки эҳёи як ҷаҳонбинист, ки инсонро бо табиат, замон ва масъулияти ахлоқии худ мепайвандад. Аз ин рӯ, метавон бо итминон гуфт, ки Пешвои муаззами миллат на танҳо пуштибони сиёсӣ, балки эҳёгари воқеии ҷашнҳои суннатии миллӣ, бахусус Ҷашни Сада, буда, бо ин иқдом дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, болоравии ифтихори таърихӣ ва устувории руҳи ҷомеа нақши сарнавиштсоз гузоштаанд.
Мафҳуми «Сада», дар зимн, рамзи шумора ва замонро дорад. Аксари муҳаққиқон бар онанд, ки ин ном аз рақами «сад» бармеояд ва ба давраи муайяни сол ишора мекунад, яъне сад шабонарӯз то фарорасии Наврӯз ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзи гузашта аз оғози зимистон ва номи ин Ҷашн ба монанди дигар номҳои ҷашнҳои миллии аҷдодиамон пурра тоҷикӣ буда, далели равшани тамаддунсоз ва тамаддунофар будани миллати куҳанбунёди тоҷик аст.
Доир ба вобастагии Ҷашни Сада бо адади сад донишманди муосири мо Ҳасани Султон дар асараш «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» чунин менигорад: «Ин матлаб ҳамчунин гувоҳи он аст, ки забони модарии мо забони қадиму асил аст ва номи ҳамаи ҷашнҳои қадими миллии ҳувиятофари мо реша дар ҳамин забон дорад ва калимаи «сада» вожаи нобу сара буда, аз шумораи сад бо афзудани пасванди -а сохта шудааст».
Дар ҳар сурат, ин Ҷашн дар лаҳзае аз сол баргузор мешуд, ки сармо ба авҷи худ мерасид ва инсон ба таври рамзӣ бо афрӯхтани оташ ба табиат эълон мекард, ки таслим намешавад ва ба гармӣ, нур ва ҳаёт бовар дорад. Ин дарки амиқи қонуниятҳои табиат ва, ҳамзамон, ҷасорати руҳии инсонро нишон медиҳад.
Сада дар солшумории бостонӣ мақоми хос дошт. Сада ҷашни миёнаи зимистон буд, ҷашне, ки мардумро ба сабр, таҳаммул ва омодагӣ ба марҳалаи нави ҳаёт ҳидоят мекард. Дар фарҳанги кишоварзӣ, ки асоси зиндагии ҷомеаҳои қадимро ташкил медод, ин давра замони фикр, нақшакашӣ ва интизори баҳор буд. Аз ин рӯ, Сада на танҳо ҷашни гузаштаи сармо, балки оғози умеди нав, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва эҳёи табиат маҳсуб мешуд. Ин Ҷашн инсонро ба ҳамоҳангӣ бо гардиши офтоб, бо ҳаракати фаслҳо ва бо ритми зиндагӣ даъват менамуд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ пайдоиши Сада бо ривоятҳои асотирӣ пайванд ёфтааст. Яке аз маъруфтарин ривоятҳо, ки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳам омадааст, онро ба шоҳи пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад ва гӯё ҳангоми бархӯрди санг ба санг оташ кашф шуд ва ин кашф ҳамчун неъмати бузург ба инсоният арзёбӣ гардид. Новобаста аз воқеияти таърихии ин ривоят, маънои рамзии он бисёр амиқ аст. Кашфи оташ оғози тамаддун, оғози ҳунар, дониш ва фарҳанг аст. Оташ инсонро аз торикӣ раҳо кард, ба ӯ имкони гарм шудан, пухтани ғизо, ҳифзи худ ва рушду пешрафт дод. Аз ин рӯ, Ҷашни Сада ҷашни худогоҳии инсон, ҷашни эҳтиром ба ақлу хирад ва неруи офарандаи башар мебошад.
Дар оини зардуштӣ оташ ҷойгоҳи муқаддас дорад ва ҳамчун рамзи покӣ, ростӣ ва нури илоҳӣ шинохта мешавад. Сада дар ҳамин замина ташаккул ёфта, бо ҷаҳонбинии ахлоқии ин оин ҳамоҳанг аст. Муборизаи нур бо зулмот, некӣ бо бадӣ ва ростӣ бо дурӯғ яке аз меҳварҳои асосии тафаккури зардуштӣ мебошад ва Сада ба таври рамзӣ ҳамин муборизаро таҷассум мекунад. Афрӯхтани оташ дар ин Ҷашн на ибодати худи оташ, балки арҷгузорӣ ба рӯшноӣ, покизагӣ ва нияти нек аст. Ин Ҷашн мардумро ба поксозии руҳ, андеша ва рафтор даъват мекард.
Суннатҳо ва расму оинҳои Сада дар минтақаҳои гуногун бо ҷузъиёти худ фарқ мекарданд, аммо меҳвари асосии онҳо ҳамеша оташ буд. Дар деҳаҳо ва шаҳрҳо оташи бузург меафрӯхтанд, мардум гирди он ҷамъ мешуданд, суруд мехонданд, рақсу бозӣ мекарданд ва ба ҳамдигар орзуҳои нек менамуданд. Ин ҷамъомадҳо на танҳо ҷанбаи маросимӣ, балки аҳамияти иҷтимоӣ доштанд. Онҳо ҳисси ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тақвият мебахшиданд. Дар гирди оташ фарқияти иҷтимоӣ аз байн мерафт, ҳама худро ҷузъи ягонаи ҷомеа эҳсос мекарданд.
Яке аз унсурҳои муҳими Ҷашни Сада орзу ва дуохонӣ буд. Пиронсолон ва хирадмандон барои солимӣ, фаровонӣ, оромӣ ва поёни сармо дуо мекарданд. Ин дуоҳо танҳо суханони маросимӣ набуданд, балки таҷассумгари орзуҳои умумии ҷомеа барои зиндагии беҳтар, адолат ва сулҳ буданд. Ҳамзамон, омода кардани таомҳои гарм ва дастаҷамъона хӯрдани онҳо рамзи ғалабаи гармӣ бар сармо ва фаровонӣ бар тангдастӣ ба шумор мерафт.
Арзишҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии Сада хеле фароханд. Ин Ҷашн мардумро ба меҳнатдӯстӣ, сабр, умед ва эҳтиром ба табиат тарбия мекард. Сада нишон медод, ки инсон бояд дар лаҳзаҳои душвор руҳан қавӣ бошад, ба оянда бовар дошта бошад ва бо дигарон ҳамдаст гардад. Дар ин Ҷашн меҳнати инсон, заҳмати деҳқон ва ҳунарманд қадр мешуд, зеро маҳз меҳнат аст, ки инсонро аз сармо ва гуруснагӣ наҷот медиҳад. Ин арзишҳо то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.
Ҷашни Сада дар адабиёти классикӣ низ инъикоси равшан ёфтааст. Шоирон ва мутафаккирон онро ҳамчун рамзи нур, бедорӣ ва худогоҳӣ тасвир кардаанд. Дар тасвирҳои адабӣ оташ на танҳо унсури табиӣ, балки нури ақл ва дониш аст, Сада бошад, лаҳзаи бедоршавии инсон аз хоби тулонии сармо ва торикӣ мебошад. Ин инъикосҳо нишон медиҳанд, ки Сада танҳо як ҷашни мардумӣ набуда, балки ҷузъи тафаккури фалсафӣ ва зебоишиносии фарҳанги тоҷик аст.
Дар давраи муосир эҳёи Ҷашни Сада ҳамчун қисми муҳими мероси ғайримоддии фарҳангӣ аҳамияти хос пайдо кардааст. Он ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба гузашта ва пайванди наслҳо мусоидат мекунад. Ҷашни Сада имрӯз метавонад ҳамчун василаи тарбияи фарҳангӣ ва ахлоқӣ хизмат намояд, зеро он арзишҳое чун сулҳ, ҳамбастагӣ, меҳнатдӯстӣ ва умедро таблиғ мекунад. Дар ҷаҳони пуртазод ва зудтағйирёбандаи имрӯзӣ чунин ҷашнҳо ба инсон имкон медиҳанд, ки ба решаҳои худ баргардад ва дар партави онҳо роҳи ояндаро муайян созад.

Дар муқоиса бо дигар ҷашнҳои суннатӣ, Сада ҷашни умед дар миёни сахтӣ аст. Агар Наврӯз оғози эҳёи пурраи табиат ва Меҳргон ҷашни ҳосил ва фаровонӣ бошад, пас Сада ҷашни интизорӣ, сабр ва омодагӣ мебошад. Он ба инсон меомӯзонад, ки ҳатто дар ториктарин шабҳои зимистон бояд чароғи умедро фурӯзон нигоҳ дошт. Маҳз ҳамин паёми фалсафии Сада онро ҷашни ҳамеша зинда ва актуалӣ мегардонад.


Дар маҷмуъ, Ҷашни Сада оинаест, ки дар он таърих, фарҳанг, фалсафа ва ахлоқи мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст. Ин Ҷашн на танҳо хотира аз гузашта, балки паёме барои имрӯз ва фардост. Сада инсонро ба хирад, ба нур, ба гармии дил ва ба ҳамбастагии иҷтимоӣ даъват мекунад. Эҳё ва гиромидошти он эҳтиром ба тамаддуни куҳан, арҷгузорӣ ба меҳнати инсон ва бовар ба ояндаи дурахшони ҷомеа мебошад.
Ҷойи таъкид аст, ки баррасии таърих, маъно ва арзишҳои Ҷашни Сада ва дигар ҷашнҳои бостонии миллӣ танҳо бар эҳсос ё ривоятҳои шифоҳӣ такя намекунад, балки ба мероси муътамади хаттӣ, осори таърихӣ, адабӣ ва таҳқиқоти илмии муҳаққиқони гузаштаву муосир асос меёбад. Маҳз тавассути ин сарчашмаҳо метавон равшан дарёфт, ки Сада ҳамчун ҷашни куҳани ориёӣ дорои пояҳои амиқи таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангист ва дар низоми ҷаҳонбинии мардуми тоҷик ҷойгоҳи устувор дорад. Такя ба чунин манобеъ на танҳо арзиши илмии матнро боло мебарад, балки имкон медиҳад, ки ҷашнҳои миллӣ ҳамчун падидаҳои тамаддунсоз дар заминаи таърихӣ ва фарҳангии худ дуруст дарк ва муаррифӣ гарданд.
Масалан, дар робита бо Ҷашни Сада Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим»-и худ изҳори назар карда, бунёди онро ба яке аз шоҳони пешдодӣ – Фаридун нисбат додааст. Вай дар ин китоб менависад, ки Сада «обонрӯз аст ва баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лавҳу шодӣ кунанд… Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб. Ва низ гуфтанд, ки андар ин рӯз аз фарзандони падари нахустин сад тани тамом шуданд. Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар малакати хеш ду мард ҳар рӯзе то мағзашон бар он реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд ва ӯро вазире буд номаш Армоил, некдил ва неккирдор аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристодӣ. Чун Афридун ӯро бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавонои ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонидаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси кӯҳанд. Пас бо вай устуворон (саворони боэътимод) фиристод, то ба даъвии ӯ нигаранд. Ӯ касеро пеш фиристод ва бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд, зеро-к шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид ояд, пас он назди Афридун ба мавқеъ афтод ва ӯро озод кард ва бар тахти заррин нишонд ва Мисмуғон ном кард, ай Меҳи муғон...».
Дар дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла, баргузор намудани Ҷашни Сада ва «аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб» мавҷуд будани фосиларо Фаррухии Сиистонӣ чунин ба назм даровадааст:
Аз пайи таҳнияти рӯзи нав омад бари шоҳ,
Садаи фаррух рӯзи даҳуми баҳманмоҳ…
Чӣ хабар дод? Хабар дод, ки то панҷаҳ рӯз
Рӯй бинмояд Наврӯзу кунад арз сипоҳ.


Ва чунин бармеояд, ки ин сурудаи Фаррухии Сиистонӣ бо суханони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» иртиботи қавӣ дорад.
Хулосаи Берунӣ дар хусуси ба Фаридун вобастагӣ доштани оғози Ҷашни Сада дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳам омадааст, ки мегӯяд: «Офаридун… ҳамон рӯз, ки Заҳҳокро бигрифт ва мулк бар вай рост гашт, Ҷашни Сада бинҳод…».
Унсурии Балхӣ Ҷашни Садаро ҷашни хусравони номдор ва ёдгори Фаридуну Ҷамшед ба қалам додааст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредун в-аз Ҷам ёдгор аст.


Бояд зикр намуд, ки донишманди муосир Ҳасани Султон дар асараш «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» масъалаи болозикрро хеле васеъ таҳқиқ намудааст ва хулосаҳояш дар ин маврид ҷолиб ва дақиқ ба назар мерасанд.
Ҳамзамон, таъкид менамоям, ки эҳёи Ҷашни Сада дар даврони муосир ҳамчун як падидаи фарҳангӣ ва маънавӣ аз доираи як маросими суннатӣ берун рафта, ба як унсури таъсиргузори худшиносии миллӣ ва тафаккури ҷамъиятӣ табдил ёфтааст. Ин раванд ба таври табиӣ ва худҷӯш ба вуҷуд наомада, балки натиҷаи сиёсати ҳадафманд, барномарезишуда ва дорои дурнамои таърихии давлат мебошад, ки дар маркази он шахсияти Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Маҳз тавассути чунин сиёсати фарҳангӣ Сада аз як хотираи парокандаи таърихӣ ба як ҷузъи зиндаи ҳаёти маънавии ҷомеа баргашт ва дар шуури насли имрӯз маънои нав касб намуд.
Эҳёи Сада, пеш аз ҳама, ҳамчун бозгашт ба манбаъҳои аслии тафаккури миллӣ сурат гирифт. Ин Ҷашн дар худ маҷмуи арзишҳоеро таҷассум мекунад, ки барои ҷомеаи муосир низ аҳамияти ҳаётӣ доранд: сабр дар баробари мушкилот, умед ба оянда, эҳтиром ба меҳнат, дарки қонуниятҳои табиат ва эътимод ба неруи ақлу хирад. Дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо суръати баланд тағйир меёбад ва бисёр ҷомеаҳо бо буҳрони ҳувият рӯ ба рӯ мешаванд, чунин арзишҳо барои ҳифзи устувории фарҳангӣ ва маънавӣ нақши калидӣ мебозанд. Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳ ба Сада на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки посух ба ниёзҳои имрӯз ва фардои миллат мебошад.
Нақши Пешвои муаззами миллат дар ин раванд, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки ҷашнҳои суннатӣ, аз ҷумла Сада, ҳамчун ҷузъи сиёсати давлатии фарҳангӣ пазируфта шуданд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо дигар танҳо анъанаҳои маҳдуди маҳаллӣ ё ёдгориҳои фолклорӣ нестанд, балки унсурҳои фаъол ва таъсиргузори ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ба шумор мераванд. Бо чунин муносибат, Сада ба василаи тарбиявӣ табдил ёфт, ки тавассути он арзишҳои ахлоқӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ ба насли ҷавон интиқол меёбанд. Ин махсусан муҳим аст, зеро худшиносиву худогоҳии миллӣ маҳз дар раванди тарбия ва омӯзиши пайваста ташаккул меёбад.
Сада дар шакли эҳёшудаи худ имрӯз на танҳо ҷашни оташ, балки ҷашни андеша ва маърифат аст. Сада инсонро ба андешидан водор месозад, ки чи гуна гузашта бо имрӯз пайванд дорад, чи гуна таҷрибаи таърихӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти муосир хидмат кунад ва чи гуна анъана метавонад ба сарчашмаи неруи маънавӣ табдил ёбад. Дар ин замина, Сада ба як рамзи фарҳангии зинда мубаддал мегардад, ки қодир аст миёни таърих ва замони муосир, миёни суннат ва навоварӣ пули устувор бунёд намояд.
Яке аз паҳлуҳои муҳими эҳёи Сада он аст, ки ин Ҷашн ба таҳкими эҳсоси тааллуқ ба як тамаддуни куҳан ва ҳамзамон зинда мусоидат мекунад. Вақте ҷомеа дарк мекунад, ки анъанаҳои он дорои решаҳои амиқи таърихӣ ва фалсафӣ мебошанд, эҳсоси ифтихор ва эътимод ба худ тақвият меёбад. Ин эҳсос дар, навбати худ, заминаи равонии худогоҳии миллиро фароҳам меорад, зеро худогоҳӣ танҳо донистани таърих нест, балки дарки масъулияти идомаи он низ мебошад. Сада маҳз чунин даркро ташаккул медиҳад, зеро он инсонро водор месозад, ки худро идомадиҳандаи як роҳи тулонӣ ва пурмаъно эҳсос намояд.
Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат эҳёи Сада ба таври ҳамоҳанг бо дигар ҷашнҳои суннатӣ сурат гирифт, аммо дар айни замон хусусияти хоси он низ нигоҳ дошта шуд. Агар Наврӯз бештар ба эҳёи пурраи табиат ва оғози давраи нави ҳаёт иртибот дошта бошад, Сада ба лаҳзаи интизорӣ, таҳаммул ва омодагӣ ишора мекунад. Ин паҳлуи фалсафӣ барои ҷомеаи муосир хеле муҳим аст, зеро он меомӯзонад, ки на ҳар пешрафт фавран ба даст меояд ва барои расидан ба ҳадафҳо сабр, заҳмат ва устувории руҳӣ зарур аст. Бо ҳамин сабаб, Сада метавонад ҳамчун мактаби ахлоқӣ ва маънавӣ хизмат намояд.
Эҳёи Ҷашни Сада, инчунин, ба таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Ин Ҷашн табиатан хусусияти дастаҷамъона дорад ва мардумро новобаста аз синну сол, касб ва мавқеи иҷтимоӣ гирди як арзиши умумӣ муттаҳид месозад. Дар ҷомеаи муосир, ки аксаран бо парокандагии иҷтимоӣ ва афзоиши инфиродгароӣ рӯ ба рӯ аст, чунин таҷрибаҳои фарҳангӣ аҳамияти махсус пайдо мекунанд. Онҳо ба инсон эҳсоси тааллуқ ба ҷомеа, масъулият дар назди дигарон ва зарурати ҳамкориро хотиррасон менамоянд.
Аз нигоҳи худшиносии миллӣ, Сада ҳамчун як унсури муҳими ҳифзи хотираи таърихӣ баромад мекунад. Хотираи таърихӣ на танҳо маҷмуи маълумот дар бораи гузашта, балки низоми арзишҳо ва таҷрибаҳои ҷамъшуда мебошад. Эҳёи Сада ба ин хотира имкон медиҳад, ки дар шакли зинда ва фаъол ҳифз гардад, на ҳамчун маълумоти хушк, балки ҳамчун таҷрибаи фарҳангии эҳсосшаванда. Ин раванд, махсусан, барои насли ҷавон муҳим аст, зеро маҳз тавассути чунин таҷрибаҳо таърих ба як қисми шуури шахсӣ табдил меёбад.
Бо дарназардошти ҳамаи ин, метавон гуфт, ки эҳёи Ҷашни Сада дар замони истиқлол яке аз намунаҳои муваффақи истифодаи мероси фарҳангӣ дар раванди давлатсозӣ ва миллатсозӣ мебошад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки анъана ва арзишҳои муосир метавонанд на дар муқобили ҳам, балки дар ҳамоҳангӣ қарор гиранд. Пешвои муаззами миллат бо чунин сиёсати фарҳангӣ исбот намуданд, ки эҳтиром ба гузашта ва рӯ овардан ба манбаъҳои тамаддунӣ на монеаи пешрафт, балки шарти устувории он мебошад. Дар натиҷа, эҳёи Сада на танҳо як иқдоми фарҳангӣ, балки як сармоягузории дарозмуддат ба рушди маънавии ҷомеа аст. Ин Ҷашн ҳамчун рамзи нур дар торикӣ, умед дар сахтӣ ва хирад дар баробари мушкилот ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мусоидат намуда, дар зеҳни ҷомеа тасаввури мусбати ояндаро ташаккул медиҳад. Маҳз чунин арзишҳоанд, ки метавонанд дар шароити ҷаҳони пуртазод миллатро муттаҳид нигоҳ доранд ва ба он неруи устувори таърихӣ бахшанд. Аз ин рӯ, аҳамияти эҳёи Ҷашни Сада ва саҳми Пешвои муаззами миллат дар ин раванд на танҳо барои имрӯз, балки барои наслҳои оянда низ ҳамчун як дастоварди сарнавиштсоз боқӣ хоҳад монд.


Фарҳод РАҲИМӢ, академики АМИТ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон