Таҳти ин рубрика самтҳои гуногуни соҳаҳои сиёсат, ҳуқуқ, иҷтимоъ ва варзиши кишвар ба риштаи таҳлил кашида шуда, барои рушди минбаъдаи соҳаҳо масъалагузориҳо мешаванд, зеро барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта кӯшиш накунем, роҳ наҷӯем, ислоҳ ворид насозем, ба пешравиҳо даст нахоҳем ёфт.
Имрӯз дар ҷаҳон варзиш ба дараҷаи баланди тараққиёт расидааст, ки тайёрии ҷисмонӣ, техникӣ ва тактикии варзишгарони бомаҳорату пурқувват тақрибан дар як сатҳ қарор дорад. Аз ин рӯ, ба натиҷаҳои қувваозмоиҳо омилҳои психологӣ таъсири калон мерасонанд. Мисолҳои зиёд овардан мумкин аст, ки алорағми ҳамаи тахминзаниҳо бар асоси арзёбии тайёрии ҷисмонӣ, техникӣ ва тактикии бозигарони дастаҳо (ё дар риштаи инфиродӣ), тим ё ҳарифи нисбатан заиф ғалаба мекунад. Инро одатан бо омилҳои психологӣ рабт медиҳанд. Эҳсоси баланди эмотсионалӣ, хоҳиши ғолиб шудан аксар вақт боиси пирӯзӣ бар рақиби пурқувват мегардад. Биноан, фаъолият намудани равоншиносони сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи варзиш яке аз шартҳои муҳими рушди варзишгарон аст.
Мутаассифона, дар варзиши тоҷик набудани равоншиносони сатҳи байналмилалӣ аз ҷумлаи мушкилоти умда ба ҳисоб меравад. Дар рафти мусобиқаҳо мушоҳида мешавад, ки варзишгарони мо аз лиҳози равонӣ заифанд. Зеро дар варзиши касбӣ барои расидан ба музаффариятҳо варзишгарон бояд дар баробари омодагии физикӣ (ҷисмонӣ), аз нигоҳи равонӣ низ қавӣ бошанд. Омодагии психологӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими тайёрӣ ба мусобиқот мебошад, ки барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти варзишӣ мусоидат менамояд. Аз ин хотир, зарур аст, ки варзишгарон дар 260-270 рӯзи реҷаи машқӣ дар сол бо равоншиносон кор кунанд.
Фарзан, чанд навори сармураббии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол мутахассиси хорватӣ Петр Сегртро дидем, ки ӯ чи тавр бозигаронро аз нигоҳи равонӣ ба рақобати дарпешистода омода месозад. Ин амали ӯ ба футболбозон барои ғалаба кардан ангезаи бештар медиҳад ва то андозае ба натиҷаи бозиҳо таъсири мусбат мерасонад. Далели мазкур мутахассиси ҳирфаӣ будани ӯро нишон медиҳад. Ва бояд, ки ҳамин тавр ҳам бошад! Яъне, “мураббӣ бояд равоншинос бошад”, – мегӯянд коршиносони соҳа.
Таҷриба нишон медиҳад, ки нафарони муваффақи соҳаи варзиш: варзишгарон, мураббиҳо ва ташкилотчиён чун қоида равоншиносони хуби амалӣ мебошанд. Чаро амалӣ? Зеро дар баробари омӯхтани назари илми психология онҳо дар амалия ба қавле, "пухта расидаанд" ва устои кори худ мебошанд.
Дар робита ба ҳамин мавзуъ, як нуктаи дигарро бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон равоншиносони соҳаи варзиш як тараф истад, ҳатто равоншиносони варзида миёни ҷомеа ангуштшуморанд. Ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар нишасти хабарии ахири ин ниҳод аз нигоҳи равонӣ заиф будани варзишгарони моро эътироф карда, афзуд: “Мо ба равоншиносони сатҳи байналмилалӣ дар самти варзиш эҳтиёҷ дорем”.
Ҳарчанд, масъалаи набудани равоншиносон дар соҳаи варзиш пайваста мавриди баррасӣ қарор гирад ҳам, вале ниҳоди масъул амалан ягон иқдомеро рӯи даст намегирад. Ҳатто, яке аз заруратҳои қабули Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ин таъмини равоншиносони соҳавӣ дар варзиш ба ҳисоб мерафт. Вале, ин банди қабули Барнома танҳо дар рӯи коғаз монд. Аз ин рӯ, бо суханони холӣ не, балки амалан бояд вориди кор шуд!
Бо дарки нуктаҳои болозикр, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки дар марҳилаи аввал дар ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ мутахассисони варзидаи байналмилалиро ҷалб намуда, барои мураббиён ва нафарони хоҳишманд курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монанд. Гузашта аз ин, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов низ, таъсис додани ихтисоси равоншиносӣ мувофиқи мақсад буда, дар оянда кафили дастовардҳои чашмраси варзишгарони тоҷик хоҳад буд.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
«Ҷумҳурият»