27-уми январ муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо муовини роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшифуми Ёшикава мулоқот намуд.
Дурнамои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардида, ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид шуд, ки Ҷопон тавассути JICA дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Айни замон лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, инфрасохтор, энергетика, таъминоти об, маориф ва тандурустӣ амалӣ мешаванд.
Супурдани эътимоднома ба Президенти Австрия
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир эътимодномаи худро ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен супурд.
Пас аз маросим суҳбати сафир бо Президенти Австрия доир гашт. Нахуст, паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Австрия Александр Ван дер Беллен расонда шуд. Номбурда низ дуруду паёми гарми худро ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Австрия мубодилаи афкор намуданд.
Тоҷикистон аз «COMAC» ҳавопаймо хоҳад харид
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо муовини якуми директори генералии ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои «COMAC» Лян Тсюмин ва роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» Чжу Юйлун вохӯрд.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба дурнамои харидории ҳавопаймоҳои истеҳсоли ширкати «COMAC» ва имконияти ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоиро бо шаҳрҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» баррасӣ намуданд.
Феълан, аз ҷониби ширкати «Chengdu Airlines» парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд – Қошғар – Хуҷанд бо басомади як маротиба дар як ҳафта анҷом меёбад.
Баррасии тақвияти ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркманистон
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон Назар Агаханов мулоқот кард.
Ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвари дӯстро дар бахши савдои тарафайн ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ баррасӣ карда, оид ба роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва васеъсозии тамосҳои корӣ байни сохторҳову ташкилоти дахлдори ду кишвар ибрози андеша намуданд.