![]()
Мушкилоти биёбоншавӣ, хушксолӣ ва таназзули замин имрӯз бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Коршиносон тахмин мезананд, ки ҳар сол дар сайёра беш аз 12 миллион гектар замини ҳосилхез барои кишоварзӣ номувофиқ мегардад. Сабабҳои асосии биёбоншавӣ эрозияи хок, шӯразанӣ, вайроншавии чарогоҳҳо, фаромадани ярчу сел ва таъсири антропогенӣ мебошанд.
Бо мақсади ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои табиӣ дар минтақа як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла шинондани ниҳолҳои саксавул, инчунин, таъсиси ниҳолхонаҳои дарахту буттаҳои хоси ҷангал роҳандозӣ мешаванд. Тавре директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал» Нуралӣ Ҳусейнов иброз дошт, дар доираи чораҳо оид ба пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ноҳияи Шаҳритус дар майдони зиёда аз 250 гектар ва дар ноҳияи Ашт дар майдони 70 гектар ниҳоли саксавул шинонда шудааст. Дар назар аст, ки то соли 2027 дар ноҳияи Ашт майдони кишт аз 350 гектар зиёд гардад.
Ба гуфтаи ӯ, саксавул бо системаи решаи пурқувваташ паҳншавии регро пешгирӣ намуда, намиро нигоҳ медорад ва сифати хокро беҳтар мекунад.
– Саксавул ба шароити сахти биёбон хуб мутобиқ буда, ба хушксолӣ, гармии шадид ва хокҳои шӯр тобовар аст. Ниҳолҳои он ба нигоҳ доштани экосистемаи табиии минтақаҳои биёбон кумак намуда, қисман эрозияи шамолро пешгирӣ мекунанд. Дарахти саксавул хокро аз бодхӯрдашавӣ муҳофизат мекунад, тӯфонҳои хоку региро бозмедорад, ҳаракати намакҳоро пешгирӣ намуда, тавозуни экологиро нигоҳ медорад, – мегӯяд Нуралӣ Ҳусейнов.
Танҳо як буттаи саксавул ҳаракати 4 тонна ярч ва 10 метри мураббаъ қумро бозмедорад. Ҳамин тариқ, ин буттаи дар назар ночиз биёбоншавиро пешгирӣ мекунад. Мувофиқи арзёбии коршиносон, қатори ниҳолҳои саксавули яксола суръати шамолро 20,5, дусола 34,6 ва панҷсола 87,4 дарсад коҳиш медиҳад.
Нуралӣ Ҳусейнов зикр намуд, ки саксавул бо нигоҳ доштани намӣ қобилияти нашъунамои рустаниҳои дигарро низ зиёд мекунад. Ғайр аз ин, баргҳо ва шохаҳои он моддаҳои органикии хокро ғанӣ гардонда, ҳосилнокии онро бо мурури замон зиёд мекунад. Корҳо оид ба васеъ кардани майдонҳои саксавул дар доираи лоиҳаҳои барқарорсозии ҷангалҳо дар Тоҷикистон гузаронда мешаванд.
Саксавул на танҳо барои муҳити зист муфид аст, балки фоидаи назарраси иқтисодӣ низ дорад. Ин дарахт барои эҳтиёҷоти гуногун, аз ҷумла сохтмон ва сӯзишворӣ, хеле серталаб аст. Чӯби зич ва мустаҳками он барои истеҳсоли мебел, дару тиреза ва дигар маҳсулоти чӯбӣ мувофиқ мебошад. Саксавул барои чорво, хусусан дар минтақаҳое, ки дигар намудҳои наботот каманд, хӯроки аъло медиҳад. Баргҳо ва шохаҳои хурди он серғизо мебошанд ва аксар вақт ҳамчун ғизо барои ҳайвонот истифода мешаванд. Давомнокии миёнаи умри саксавул 50-60 сол аст. Дар зимистон саксавул барфро нигоҳ медорад, ки ин ба захирашавии оби зеризаминӣ, хусусан дар зимистони камбарф кумак мекунад.
Воқеан, Қазоқистон аз ҷиҳати майдони парвариши саксавул, ки зиёда аз 6 миллион гектарро ташкил медиҳад, дар ҷаҳон ҷойи якумро ишғол мекунад. Дар Туркманистон ин рақам 1,5-2 миллион ва дар Ӯзбекистон 600 ҳазор гектар аст.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»