Дар шароити имрӯза масъалаи истифодаи сарфакорона, самаранок ва қонунии неруи барқ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Афзоиши талабот ба неруи барқ, дар пасманзари маҳдудияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва вобастагии мавсимии низоми энергетикӣ, ҳар гуна истифодаи ғайримақсаднок ё ғайриқонунии неруи барқ метавонад ба амнияти энергетикии кишвар таъсири манфӣ расонад.
Бо мақсади муқовимат ба ин зуҳурот, тадбирҳои қатъии ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид гардида, мутобиқи моддаи 2532 («Ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ») барои ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид. Тибқи муқаррароти ин модда, ҷарима ба андозаи аз 200 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то ҳашт сол муқаррар шудааст.
Аҳамияти ин тадбирҳо дар он ифода меёбад, ки истифодаи ғайриқонунии неруи барқ на танҳо ба шабакаҳои барқӣ зарар мерасонад, балки боиси қатъшавиҳои неруи барқ, талафоти молиявӣ ва коҳиши сифати таъминот ба аҳолӣ ва корхонаҳо мегардад. Ин ҳолат, махсусан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, метавонад ба фаъолияти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъсири манфӣ расонад.
Бар пояи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар соли 2025 дар кишвар 2033 дастгоҳи майнингӣ ошкор карда шудааст, ки ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқӣ пайваст буданд. Иқтидори умумии ин таҷҳизот 6,7 мегаваттро ташкил дода, зарари расондаи онҳо ба низоми энергетикӣ зиёда аз 95 миллион кВт-соат арзёбӣ мегардад. Ин нишондиҳандаҳо равшан собит месозанд, ки фаъолияти пинҳонии майнинг метавонад ба иқтисоди миллӣ ва устувории соҳаи энергетика зарари ҷиддӣ расонад.
Қобили зикр аст, ки дастгоҳҳои майнинг таҷҳизоти махсуси компютерӣ буда, барои истеҳсоли криптовалютаҳо, аз қабили Bitcoin, Ethereum ва дигар навъҳои дороии маҷозӣ, истифода мешаванд. Бо назардошти истеъмоли баланди неруи барқ, баъзе афрод бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, талаботи қонунро нодида гирифта, ба истифодаи ғайриқонунии барқ даст мезананд, ки ин амал оқибатҳои хатарноки ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Дар чунин шароит, рушди технологияҳои рақамӣ бояд танҳо дар доираи қонун, бо риояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва принсипҳои адолати иҷтимоӣ сурат гирад. Пурзӯр гардидани ҷавобгарии ҷиноятӣ дар самти истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ на танҳо воситаи ҷазодиҳӣ, балки абзори пешгирикунандаи қонуншиканиҳо маҳсуб меёбад.
Дар маҷмуъ, татбиқи меъёрҳои нави қонунгузорӣ ҳушдорест барои ҳар шахсе, ки мехоҳад аз неруи барқ ба таври ғайриқонунӣ истифода барад. Татбиқи самараноки меъёрҳои нав омили пешгирии қонуншиканиҳо ва заминаи муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои энергетикӣ хоҳад буд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”