Баргашт Чоп кардан

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД


“ПАХТА. ҲОСИЛНОКӢ КОҲИШ ЁФТ, ЧАРО?”
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Меҳрангез Қодироваро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 10-уми феврали соли 2025, № 31, зери унвони “Пахта. Ҳосилнокӣ коҳиш ёфт, чаро?” ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад. Мақолаи мазкур, ки оид ба рушди соҳа, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи пахтапарварӣ таҳия шудааст, саривақтӣ мебошад, зеро дар баробари рушди ҳар як соҳа мушкилоту камбудиҳо низ ҷой доранд.
Бояд гуфт, ки сарфи назар аз тағйирёбии иқлим дар солҳои охир ҷиҳати мутобиқсозии тухмӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии пахта чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Инчунин, бо мақсади ба диққати кишоварзон расондани маълумоти зарурӣ оид ба аҳамият ва самаранокии чорабиниҳои агротехникӣ, риояи саривақтии он ва ташкили корҳои мубориза ба зидди касалию ҳашароти зараррасони пахта тариқи барномаҳои телевизионӣ маслиҳати олимону мутахассисони соҳа ба хоҷагиҳои пахтакор мунтазам пешниҳод мегардад.
Дар соли 2025 пахтапарварони мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар масоҳати 174936 гектар кишти пунбадона гузаронданд, ки аз он 21 ҳазор гектарро кишти зери плёнка ташкил медиҳад. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 392,2 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли қаблӣ 139 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Вазорати кишоварзӣ вобаста ба вазъи мавҷудаи молиявӣ дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои пахтапарвар ва беҳтар намудани ҳолати моддиву техникӣ дар соли 2025 барои кишт 180,2 тонна пунбадонаи тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои “Лима”“Лазер”, “Ҷонгмян -113”, “Хин Лу ЗонгФ-64”, “Хин Лу Зонг Ф-67”, 20 трактори шудгоркунанда (тасмачарх), 87 тухмипошаки дақиқи зери плёнка ва 13 комбайни пахтағундор дастрас намуд. Барои кишти соли 2026 ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳо воридоти пунбадонаи тухмии гурӯҳи элита ва 100 тухмипошаки дақиқи зери плёнка ба нақша гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030-ро таҳия намуда истодааст, ки дар оянда ҷиҳати рушди соҳаи пахтапарварӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Вазорат ҷиҳати таъмини занҷираи истеҳсол, коркард, бунёди инфрасохтори ёрирасон дар раванди истеҳсоли зироатҳо ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.


Асозода Нуралӣ Маҳмадулло,
муовини якуми вазири кишоварзӣ