Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТ. БАРОИ ТАЪМИРИ 833 ВАГОН 52 МИЛЛИОН СОМОНӢ САРФ ШУД
Ҳоло дар соҳаи роҳу нақлиёт 2 998 корхона бо шаклҳои гуногуни моликият фаъолият мекунад. Ҳамзамон, 898 хатсайри мусофирбарӣ, аз ҷумла 179 шаҳрӣ, 532 наздишаҳрӣ, 156 байнишаҳрӣ ва 31 хатсайри байналмилалӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба маълумоти Агентии омор, соли сипаришуда тавассути ҳама намудҳои нақлиёт 154,8 миллион тонна бор ва 1,131 миллиард мусофир интиқол ёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ 15,2 ва мусофирбарӣ 10,9 дарсад бештар гардид.
Лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳа таҳти таваҷҷуҳ буда, тавассути Вазорат ёздаҳ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи як миллиарду 170 миллион доллари ИМА амалӣ мешаванд, ки аз ин панҷ лоиҳа дар ҷараёни татбиқ ва шаш лоиҳаи дигар ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд.
Зимни нишасти матбуотӣ Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, баён дошт, ки соли гузашта корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон 49 километр, Гулистон – Фархор 29,6 километр ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Оби Гарм – Нуробод, қисмати се пули калон ба масофаи 920 метр ва сохтмони се пул дар ноҳияҳои Восеъ ва Рӯдакӣ оғоз гардиданд. Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ 243,5 километр роҳҳои автомобилгард, 30 пули хурду бузург, 5 нақб, 6 долони зиддитармавӣ ва дигар иншооти соҳа сохта, ба истифода супурда шуданд.
Ба маълумоти мутахассисони Вазорат, интиқоли қариб ҳафтод дарсади борҳо ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд. Барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то ҳаштод дарсад сабукӣ пешниҳод намуд. Инчунин, дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо сарфи 52 миллион сомонӣ 55 вагон аз таъмири асосӣ, 497 вагон аз таъмири пойгоҳӣ ва 281 вагон аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Барои фарогирии пурраи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт сиву чор модул тартиб дода шуда, ҳаждаҳ модули он мавриди коркард ва истифода қарор дорад.


Кароматулло АТО


Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалӣ ғолиб баромад
Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон 299 донишҷӯ аз 9 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Чин, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ғайра таҳсил мекунад. Донишҷӯёни аълохони равияи омӯзгории Донишгоҳ аз курсҳои 3-4 тибқи шартнома дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба шогирдон дарс медиҳанд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳ Илҳомиддин Иброҳимзода 27-уми январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки соли сипаригардида бо донишгоҳҳои Твер, Омск, Томск ва ғайраи Россия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар маҷмуъ, Донишгоҳ бо 220 макотиби олии кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Дар доираи чунин ҳамкориҳо соли гузашта 17 нафар донишҷӯ ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия фиристода шуд. Инчунин, 37 омӯзгор дар ин кишвар ихтисосашонро такмил дод.
Ректор иброз дошт, ки аз 1 то 3-юми ноябри соли 2025 дар шаҳри Уфа (Ҷумҳурии Бошқирдистон) Фестивал-озмуни байналмилалии санъати «Истеъдодҳои кишвари бузург» баргузор шуд, ки дар номинатсияи "Эҷодиёти фолклорӣ" ансамбли хореографии донишҷӯёни "Славяне" - и Маркази фарҳангии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Гран-прии Фестивалро ба даст овард. Донишҷӯйи курси 2-юми факултети иқтисод ва идоракунӣ Жасмина Давронова дар номинатсияи "Шеъри фронтӣ" ҷойи дуюмро гирифт.
Ба донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои байналмилалӣ, россиягӣ, минтақавӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ғолиб омадаанд ё дар фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ ба дастовардҳо ноил гардидаанд, аз ҷониби ректори Донишгоҳ стипендияи махсус дода мешавад.


Сайфиддин СУННАТӢ


ЗОИР РАҲМОНЗОДА:
“443 ХАТМКУНАНДА БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАРДИД”
Зоир Раҳмонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ зикр кард, ки бо ҷойи кор таъмин намудан ва мониторинги хатмкунандагон яке аз вазифаҳои афзалиятноки муассиса ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, моҳи майи соли 2025 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва тақсимоти хатмкунандагон бо ҷалби зиёда аз 40 корхона баргузор гардид ва аз 476 хатмкунандаи шуъбаи рӯзона 443 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.
– Соли рафта Донишгоҳ бо мақсади густариш бахшидани ҳамкориҳо бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимию илмии хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Инчунин, бо корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ 19 шартномаи ҳамкорӣ баст, – гуфт ректор.
Табодули академии Донишгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, барои омӯхтани таҷрибаи пешқадам 42 омӯзгор ва корманд ба донишгоҳҳои Олмон, Италия, Испания, Латвия, Русия, Ҳиндустон, Сингапур ва Чин фиристода шуд. Дар умум, бо 170 корхона, ташкилот ва муассиса, аз ҷумла 56 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дорад. Ҳамчунин, 300 донишҷӯйи Донишгоҳ дар баробари таҳсил дар корхонаҳои кишвар тариқи 0,5 баст ба кор фаро гирифта шудааст.


Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА


ММТ
Дар соли 2025 шумораи довталабони имтиёздор афзуд
Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, зимни нишасти матбуотӣ, зикр намуд, ки дар 4 даври бақайдгирӣ 1560 довталаби имтиёздор барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба қайд гирифта шуд, аз ҷумла 474 духтар. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024-ум 172 нафар зиёд аст.
Сабзалӣ Ҷаъфарзода гуфт: – Шумораи умумии ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули тасдиқгардида барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ дар соли 2025 пешниҳод гардид, 867 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024-ум 71 адад зиёд мебошад. Соли 2025 барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи нақшаи қабули донишҷӯён 70 730 ҷой ҷудо гардида буд, ки нисбат ба соли 2024-ум 2396 ҷой зиёд аст. Аз шумораи ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳо ҷудогардида 11 622 ҷой барои таҳсили ройгон ва 59 108 ҷой барои таҳсили пулакӣ аст.


З. РАҶАБ


Дарёфти 120 зуҳуроти канданиҳои фоиданок дар Бадахшон
Саридораи геология дар соли сипаришуда корҳои омӯзиши геологии қаъри заминро аз рӯйи 32 лоиҳа ба маблағи 21 миллиону 756 ҳазор сомонӣ ва корҳои шартномавиро аз рӯйи 174 лоиҳа ба маблағи 16 миллиону 978 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонд. Дар доираи ин фаъолиятҳо, дар 6 объекти барномавӣ корҳои омӯзиши захираҳои тилло, нуқра, аметист ва дигар канданиҳои фоиданок бо натиҷаҳои назаррас иҷро гардиданд.
Дар ин бора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори ин ниҳод, иттилоъ дода, зикр намуд, ки корҳои омӯзишӣ ва ҷустуҷӯйии геологӣ дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо ва нодир, инчунин, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ монда шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии корҳои иҷрошуда бо усули хоҷагидорӣ 37 миллиону 247,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 5 миллиону 53,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш 116 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, зикр гашт, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳо, аз ҷумла ду лоиҳаи ҷустуҷӯйии сангҳои қиматбаҳо дар қаторкӯҳҳои ноҳияҳои Шоҳдара ва Ишкошими ВМКБ амалӣ гардида, дар натиҷа зиёда аз 120 зуҳуроти нави канданиҳои фоиданок ошкор шуданд. Айни ҳол номгӯйи ин зуҳурот ба харитаи ҷойгиршавӣ ва паҳншавии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ворид гашта, харита дар марҳалаи рақамигардонӣ қарор дорад.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


АЗ 46 ҲОДИСАИ ФАВҚУЛОДА ДАР КОРХОНАЮ ИНШООТ 67 КАС ЗАРАР ДИД
Соли гузашта дар корхонаву иншооти таҳти назорати Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 46 ҳодисаи нохуш ва як садамаи истеҳсолӣ рух дода, 40 кас ҳалок ва 27 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
Барои роҳ додан ба камбудиҳо аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ нисбат ба 40 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардид ва онҳо ба андозаи 211 500 сомонӣ ҷарима шуданд. Ба 67 зарардида (аз ҷумла, 40 фавтида) аз тарафи корхонаҳо, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеӣ ёрипулии яквақта, инчунин, кумакҳои пулӣ ва молӣ дар ҳаҷми 7 852 525 сомонӣ расонда шуданд.
Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамот, зимни нишасти хабарӣ, омили асосии сар задани ҳодисаҳои нохушро ба бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо таҷҳизоти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар рафти кор, сарфи назар шудани технологияи коркарди кон, ҳамчунин, норасоии мутахассисони соҳавӣ рабт дод.
– Зимни гузарондани назорати техникӣ Хадамот 680 ҳолати вайронкунии бандҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кард. Барои бартараф намудани қоидавайронкуниҳо дар корхонаҳои зери назорат 49 санад-нишондод пешниҳод гардид, – иброз дошт Раҳим Санъат Асо.


Кароматулло АТО