Баргашт Чоп кардан

КОНСОРСИУМИ “AREA AI” БА ФАЪОЛИЯТИ “AREA AI 1.0” ОҒОЗ БАХШИД


Нахустин ҳаби (марказ) лоиҳавии Консорсиуми “Area AI” бо номи «Area AI 1.0» расман ба фаъолият оғоз кард.


«Area AI 1.0» ҳамчун ҳаби лоиҳавӣ барои ширкатҳои узви Консорсиум фаъолият мекунад ва таваҷҷуҳи асосии он ба таҳия ва содироти маҳсулот ва хидматрасониҳои зеҳни сунъӣ аз Тоҷикистон, бо қароргоҳи доимӣ дар шаҳри Душанбе, равона гардидааст.
Ин ҳаб заминаи гузариш ба «Area AI 2.0» - кампуси асосии зеҳни сунъӣ, мебошад, ки ифтитоҳи расмии он соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. «Area AI 2.0» тамоми занҷираи арзиши соҳаи зеҳни сунъиро фаро мегирад, ки дар фазои он омодасозии кадрҳои соҳибихтисос, иқтидорҳои сабзи ҳисоббарори зеҳни сунъӣ ва инчунин тадқиқоту таҳияҳои пешрафта дар соҳаи зеҳни сунъӣ амалӣ мешаванд.
Ин ташаббус аз ҷониби Консорсиуми “Area AI” амалӣ гардида, дар платформаи “zypl.ai” 16 ширкати байналмилалии зеҳни сунъӣ ва сармоягузоронро муттаҳид месозад. Ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, аз қабили “Perplexity”, “Cerebras”, “Yotta”, “Supermicro”, инчунин ширкатҳои экосистемаи “A7Sigma” узви Консорсиум мебошанд.
Ба иштирокчиёни маросими ифтитоҳ доираи лоиҳаҳои пешқадами зеҳни сунъӣ, ки дар чорчӯби «Area AI 1.0» амалӣ мегарданд, муаррифӣ шуд, аз ҷумла “AI-GOV” (хидматрасониҳои давлатӣ дар асоси зеҳни сунъӣ), “AI Oxus” (кластери ҳисоббарориҳои «сабз»-и зеҳни сунъӣ) ва “Project Soro” (барномаи миллии ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар низоми маориф). Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ як қатор созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ миёни иштирокчиёни Консорсиуми “Area AI” ва шарикони байналмилалӣ ба имзо расиданд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”