Фарзи мисол, дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаи Гулистони ноҳия бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, дар деҳаи Дӯстӣ бинои нави МТМУ №26 ва дар назди МТМУ №30-и деҳаи Меҳрвар бинои иловагии таълимӣ сохта мешаванд. Бинои МТМУ №25 аз се ошёна иборат буда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти ҷашнӣ бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ қомат афрохта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия имконият фароҳам меорад.
Муассисаи таълимии №26 дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ва дар нимсолаи аввали соли равон мавриди истифода қарор мегирад. Бинои иловагии МТМУ №30 барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар назар аст, корҳои сохтмонӣ нимсолаи якуми соли ҷорӣ оғоз ёбанд.
Баъд аз таъмиру азнавсозии бинои куҳнаи назди Муассиса таъсиси муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ дар назар аст, ки ба ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мусоидат хоҳад кард.
ХУҶАНД. ШАҲР БОЗ ҲАМ ЗЕБОТАР МЕШАВАД
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дошта, симои шаҳр рӯз ба рӯз зеботар мешавад.
Чанде пеш Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо сохтмони бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд шинос шуд. Бино аз ҳафт ошёна иборат мебошад. Дар ин иншооти муҳими навбунёд тамоми инфрасохтор ва ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир шуда, бо саҳми аъзо, ҷонибдорони Ҳизб, соҳибкорон ва фаъолони ҳизбӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат меафрозад.
Ҳамзамон, дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ, дар маркази шаҳр сохтмони маҷмааи истиқоматии «Тавҳид Молл» ва дар кӯчаи Себзори маҳаллаи Тути Калон сохтмони маркази муосири савдои дуошёнаи «Амид» ва дигар иншооти иҷтимоии ҳаётан муҳим бомаром идома доранд. Маркази савдои «Амид» соли равон ба истифода дода шуда, дар он наздики 100 кас соҳиби ҷойи кор мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзнома аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”