Баргашт Чоп кардан

ҶАШНИ БОСТОНӢ


Имрӯз се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикии худ аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд ва таҷлил карда мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни Сада аз ҷумлаи оинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ, иртиботи қавӣ дорад. Пешвои миллат соли 2026-ро – Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон карданд, ки дар ин радиф гиромӣ доштани Сада ҳам дар назар аст.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва якчанд давлатҳои Шарқ, Сада ба феҳристи ЮНЕСКО дохил шуд. Бо ин ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада ҳам мақоми байналмилалӣ гирифт.
Мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз соли 2018 ҳар сол 30-юми январ дар ҷумҳурӣ Сада таҷлил мегардад. Дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба ин ҷашни ниёгон суҳбат доир гардид.
Профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав, доктори илмҳои физика-математика Абдулҳай Комилӣ гуфт: “Ин маросими зироаткорон дар Авасто, асарҳои Абурайҳони Берунӣ (973-1048), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Сиёсатнома»-и Низом - ул - мулк, «Наврӯз-нома»-и шоир ва файласуф Умари Хайём ва дигарон зикр шудааст”.
Бино ба гуфтаи Муҳаммад Наршахӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Байҳақӣ, Сада сад рӯз пеш аз Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Номзади илмҳои таърих Усто Ҷаҳонов мегӯяд: “Тоҷикони Вахиё ва дигар маҳаллаҳои ин минтақа онро таҳти номи Ҳут мутобиқи солшумории нав, 28-уми феврал ҷашн мегиранд ва он нишонаҳои Садаи қадимро нигоҳ доштааст. Мардумшиноси машҳури рус Н. А. Кисляков низ Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Садаро аз бузургтарин ҷашнҳои Эрони Қадим қаламдод намудааст.
Сурудҳои ба ҷашни Ҳут бахшидашуда, ки иди зироаткорон аст, одамонро аз наздикшавии фасли баҳор ва айёми омоданамудани асбоби деҳқонӣ ба киштукор огоҳ менамояд. Баъзан солҳо дар моҳи феврал, хусусан дар охири Ҳут, деҳқононро сардиҳои зиёди ғайричашмдошт интизор дар ташвиш мегузошт. Бо мақсади он ки табиат ба ҳоли деҳқон раҳм кунад ва сардиҳо тезтар ба анҷом расанд, мардум боз дар аловхонаи Ҳут ҷамъ шуда, дуои хайр хонда, чорвоеро забҳ мекарданд. Дар равғане, ки ҳанӯз фасли тирамоҳ дар «рӯғанчима» гузошта, барои Ҳут нигоҳ медоштанд, таоми ширрӯған омода карда, онро бо чаппотӣ истеъмол мекарданд.
Сада ҷашни тоисломӣ аст, зеро дар он давра чорабиниву иду ҷашнҳо дар аловхона бо пухтани намудҳои гуногуни таомҳо, сурудхониву рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхиҳо баргузор мешуд. Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ нақши калидӣ дошта, ба Ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар ин давра сармо гирифта, баъдан ҳаво тадриҷан гарм мешавад.
Хулоса, Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Аттафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ин Ҷашнро аз миқдори рӯзҳои то Наврӯз боқимонда, яъне панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз шарҳ медиҳад. Аз ин ҳама пайдост, ки ҷашну оинҳо марбут ба табиат буда, аз кунҷковӣ, табиатдӯстӣ ва ҳушёрии гузаштагони мо паём мерасонанд.

Мақсудҷон АҲМАДОВ, дотсенти ДИС ДДТТ,

Сафар ЭРКАЕВ, дотсенти кафедраи археология, этнография ва диншиносии ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров