![]()
Афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ва коҳиши арзишҳои ахлоқӣ, бахусус дар миёни наврасону ҷавонон, мояи нигаронии ҷиддиест, ки яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ин раванд дастрасии бемаҳдуди кӯдакон ва наврасон ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад.
Фазои маҷозие, ки бояд василаи омӯзиш ва рушди шахсият бошад, имрӯз ба майдони таблиғи зӯроварӣ, беэҳтиромӣ ва рафторҳои хатарнок табдил ёфтааст. Дар чунин шароит пешниҳоди маҳдудсозии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ва ҷорӣ намудани назорати ҳатмии волидон, ки аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Дилноза Аҳмадзода ироа гардид, ҳамчун иқдоми саривақтӣ дониста мешавад.
Мутаассифона, имрӯз амалҳои ҷиноятӣ на танҳо миёни ҷавонон, балки миёни калонсолон низ зиёд ба мушоҳида мерасанд ва афзоиши чунин ҳолатҳо қариб ҳамарӯза ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Дар чунин шароит, ки вазъи равонию ахлоқии ҷомеа нигаронкунанда гардидааст, зарурати ҷорӣ намудани равоншиносони оилавӣ ҳамчун омили муҳими пешгирии ҷинояткорӣ, таҳкими муҳити солими оилавӣ ва ҳифзи солимии равонии аҳолӣ аҳамияти махсус касб мекунад.
Тавре коршинос таъкид кард, имрӯз, ки ҳар як оила ба табиби оилавӣ дастрасӣ дорад, зарурати доштани равоншиноси оилавӣ низ ба як ниёзи воқеии иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Афзоиши ҳолатҳои депрессия, фишорҳои равонӣ ва зӯроварии оилавӣ, ки аксаран бо муҳоҷират ва мушкилоти иқтисодӣ алоқаманданд, зарурати чунин мутахассисонро боз ҳам равшантар месозад. Дар ин раванд равоншиноси оилавӣ метавонад нақши табиби равониро иҷро карда, мушкилотро дар марҳалаи пешгирӣ ҳал намояд. Ҳодисаҳои зиёде, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, бо ҷиноят анҷом меёбанд, нишон медиҳанд, ки бе дахолати саривақтии равонӣ пайомадҳо метавонанд боз ҳам фоҷиабортар гарданд.
Ба андешаи Зарина Рустамова, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, ташкили ҷойҳои кории равоншиносони оилавӣ дар назди ҷамоатҳо ва сохторҳои маҳаллӣ метавонад як қадами муҳим дар самти коҳиши мушкилоти равонӣ ва иҷтимоӣ бошад. Ҳарчанд имрӯз дар муассисаҳои олии кишвар мутахассисони касбии равоншиносии оилавӣ омода мешаванд, мушкил дар қабули иҷтимоии ин хизматрасонӣ боқӣ мемонад. Дар зеҳни ҷомеа муроҷиат ба равоншинос ҳанӯз ҳам бо мафҳумҳои «айб» ва «шарм» пайванд дорад. Бо баланд бардоштани маърифати равонӣ ва фароҳам овардани шароити дастрас, метавон ин монеаро тадриҷан аз миён бардошт. Таҷрибаҳои байналмилалӣ собит месозанд, ки терапияи оилавӣ ва машваратҳои системавӣ метавонанд то 30 – 50 фоиз дар коҳиши мушкилоти равонӣ ва ҳолатҳои вобаста ба ҷинояткорӣ муассир бошанд.
Дар маҷмуъ, пешгирии ҷинояткорӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ин раванд аз оила оғоз мешавад, дар ҷомеа ташаккул меёбад ва бо дастгирии касбии равоншиносони оилавӣ тақвият меёбад. Танзими оқилонаи дастрасии наврасон ба интернет, таҳкими масъулияти волидон, эътирофи нақши равоншиносони оилавӣ ва шикастани қолабҳои куҳнаи тафаккур метавонанд заминаи ҷомеаи солимтар ва амнтарро фароҳам оваранд.
Руҳафзо МУРОДОВА, "Ҷумҳурият"