Баргашт Чоп кардан

ҲАҶ. ТУ БЕРУНИ ДАР ЧӢ КАРДӢ?!


Ба тавофи Каъба рафтам, ба ҳарам раҳам надоданд,
Ки буруни дар чӣ кардӣ, ки даруни хона оӣ?
Фахриддини Ироқӣ

Дар яке аз рӯзҳои истироҳат ману хоҳарам ба маркази савдои «Садбарг», воқеъ дар шаҳри Душанбе, рафтем. Пас аз он ки тамоми чизҳои лозимиро харидем, бор вазнин шуд ва маҷбур шудем таксӣ киро кунем. Ҳар ду ба мошин нишастем. Суҳбати гарму самимӣ доштем. Хоҳарам, ки пеш аз ман фаромад, хост роҳкироро диҳад, аммо розӣ нашудам ва гуфтам, ки худам ҳисобӣ мекунам.
Ронандаи таксӣ ба мо бо таваҷҷуҳ нигариста пурсид: – Ин духтар ягон хешатон мешавад? Гуфтам: – Бале, хоҳарам аст.
Ронанда оҳи сабуке кашиду бо эҳсос гуфт: – Бисёр хуб аст, ки миёни шумо то ҳол меҳру муҳаббати хоҳарӣ самимона боқӣ мондааст.
Сипас, ӯ қиссаи худро баён кард: – "Ман як додар дорам. Вақте хостам писарамро хонадор кунам, маблағ барои оростани базм намерасид. Аз додарам, ки бо ҳамсараш бори дувум барои адои ҳаҷ рафтанӣ буданд, хоҳиш кардам, ки маблағи ҷамъкардаашонро ба ман диҳад. Албатта, ҳамчун қарз, ки дертар бармегардондам. Ӯ ба ҷойи он ки маро дуруст фаҳмад ва то қадри имкон дастгирӣ намояд, бо ман қаҳрӣ шуд ва то ҳол аз дарам намедарояд".
Додари ин ронанда ҳатто гуфтааст: “Писари ту худаш ду дасту пойи сиҳат дорад, равад пул кор кунад ва хонадор шавад”.
Ронанда дар анҷоми суҳбати бадардаш афзуд, ки чунин ҳолатҳо, мутаассифона, солҳои охир зиёд мушоҳида мешаванд ва аксаран ба масъалаи адои ҳаҷ ва умра бастагӣ доранд. Масалан, ҷавоне нақл мекард, ки падараш барои бори сеюм ба ҳаҷ рафтан маблағ ҷамъ кардааст, дар ҳоле ки худи ӯ барои идомаи таҳсил ва харидани китобу лавозими донишгоҳӣ ба ёрӣ ниёз дошт. Аммо ҳар бор, ки ин масъаларо ба миён мегузошт, мешунид: «Аввал ҳаҷ, баъд дигар чизҳо».
Ҳолати дигар ба як зани солхӯрда дахл дорад, ки чанд сол боз аз бемории вазнин ранҷ мекашад. Писаронаш имкони табобати модарро доранд, вале яке аз онҳо тасмим гирифтааст, маблағашро барои сафари умра сарф кунад. Модар бо дили пурдард мегуфт: «Ман намехоҳам онҳоро аз ибодат боздорам, вале кош аввал дарди модарро сабук мекарданд».
Инчунин, ҳолатҳое ҳастанд, ки бародарон барои тақсими маблағ, мерос ё қарз гирифтан бо мақсади тӯй ё табобат ба ихтилоф меафтанд, аммо, ҳамзамон, барои сафари умра зуд маблағ пайдо мешавад. Ин гуна муносибатҳо на танҳо пайванди хешутабориро суст мекунанд, балки руҳи аслии таълимоти исломиро низ зери суол мебаранд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки муносибатҳои хешиву пайвандии мардум ҳам тадриҷан коста шуда, эҳсос мешавад, ки рафтуомад ва муоширату меҳрубониҳо сохта аст.
Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш, бахусус дар суханронии худ бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, борҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Суханони Пешвои миллат ба ин мазмун хеле бамавриданд: «Мо бояд як нуктаи муҳимро дар хотир дошта бошем: дар шароите, ки хонаи обод надорем, макони зистамон ба талабот ҷавобгӯ нест, фарзандонамон ба сарулибос, китобу дафтар ва дигар ҷиҳози хониш эҳтиёҷ доранд, ба падару модари худ хидмат накардаем ва аз аҳволи наздиконамон огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд».
Агар ҳаҷ ва ё умра кардан инсонро дар дунёи пас аз марг ба қадри муайян мартаба бахшад, амали хайр кардану дастгири муҳтоҷон шудан дар ҳар ду дунё ба инсон баракат ва ҷойгоҳи баланд медиҳад. Бузургон фармудаанд: “Адабро аз беадаб омӯз!”. Воқеаҳои дар атроф ҷараёндошта бори дигар моро ба он ҳидоят мекунанд, ки меҳру муҳаббат ба бародару хоҳар, ғамхорӣ нисбат ба оила ва масъулияти иҷтимоӣ бояд дар ҷойи аввал қарор гиранд. Бунёди оилаи солим, тарбияи дурусти фарзандон, ба онҳо фароҳам овардани шароити хуби таҳсил ва таъмини хонаи ободу ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар анҷоми корҳои ободонию созандагӣ барои ободии диёри азизамон, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи инсониву шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд, ки нахуст, баҳри амалисозии онҳо кӯшид. Бесабаб шоир нафармуда:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
В-аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст!

Барноз РАҲМОНШОЕВА,
“Ҷумҳурият”