Кумита 21 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории экологиро ошкор кард
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, зимни нишасти хабарӣ, иттилоъ дод, ки соли 2025 Кумита фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои барномаҳои стратегӣ, таҳкими назорати давлатӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ босамар ба роҳ монд.
Дар ин давра 7 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шуда, чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардиданд. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони 90 кишвар анҷом ёфта, Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо қабул шуд.
Ҳамчунин, қатъномаи СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул ва резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.
Дар самти назорати давлатӣ беш аз 21 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории экологӣ ошкор ва бо ҷалби 584 ҳазор шаҳрванд аксияҳои ҷумҳуриявии экологӣ баргузор гаштанд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН
Роҳандозии иҷозатномагирӣ аз тариқи khizmat.ehukumat.tj
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони Президент «Дар бораи масъалаҳои пешниҳодҳои хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ» ва қарори Ҳукумати кишвар «Дар бораи Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ» раванди гирифтани иҷозатдиҳиро дар шакли электронӣ таҳия намуда, дар портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ – khizmat.ehukumat.tj аз моҳи январи соли ҷорӣ ба таври омӯзишӣ амалӣ сохт, ки он аз 1-уми феврал мавриди истифодаи доимӣ қарор мегирад.
Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, зимни натиҷагирии фаъолияти ниҳод дар соли сипаришуда ба хабарнигорон маълумот дод.
Ба гуфтаи раис, моҳҳои январ – декабри соли 2025 дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 2 миллиону 127,1 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Зикр гашт, ки мутобиқ ба талаботи муқаррароти Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ дар иншоотҳои кишвар гузаронда шуда, 7 331 камбудӣ ошкор ва барои бартарафсозии онҳо 1 288 амрнома ирсол гашт. Онҳое, ки ба камбудӣ роҳ доданд, ба маблағи 547 350 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Шаҳноз ҚУРБОН
ХАДАМОТИ АЛОҚА
Дар соли 2025 марҳалаи нави рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ оғоз ёфт
Соли 2025 барои Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ соли бобарор гардид, зеро марҳалаи нави роҳандозии тадбирҳои муассир ҷиҳати ташаккули самтҳои муҳими соҳа роҳандозӣ шуд. Дар ин бора Исфандиёр Саъдулло, сардори Хадамот, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли рафта бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти истгоҳҳои асосӣ ва баланд бардоштани сифати дастрасӣ ба Интернет дар маҷмуъ, 1 499 километр хатти нахи нурӣ кашида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 тақрибан 5 маротиба зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазору 30 километр хатти нахи нурӣ насб гардид, тибқи нақша имсол кашидани боз 4 683 километр дар назар аст.
Дар нишаст таъкид гашт, ки куҳна ва фарсуда будани инфрасохтор ва таҷҳизоти коммуникатсионӣ, маҳдудияти хатҳои интиқоли маълумот, шароити мураккаби ҷуғрофии кишвар, сарбории зиёди истгоҳҳои асосӣ, нокифоя будани сармоягузорӣ ва норасоии кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи омилҳои асосии ба вуҷуд омадани мушкилот дар таъмини хидматрасониҳои босифати алоқа маҳсуб меёбанд.
Исфандиёр Саъдулло гуфт, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр шуданд, Хадамоти алоқа тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, таҳияи Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2040 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он барои солҳои 2026 – 2030 анҷом ёфта, дар марҳалаи коркарди ниҳоӣ қарор доранд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ҲАБИБУЛЛО НАЗАРЗОДА:
«Ширкати нави ҳавопаймоии «Шоҳин Эйр» таъсис ёфт»
Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии «Шоҳин Эйр» таъсис ёфт, ки қадами муҳим дар самти рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ба шумор меравад. Дар ин бора Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол «Шоҳин Эйр» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маркази кории худро дорад ва фаъолияташро ба роҳ мондааст. Назарзода таъкид кард, ки «Шоҳин Эйр» ширкати хусусии ҳавопаймоӣ буда, бо равиши муосир ва барномаҳои рушд вориди бозори авиатсия шудааст.
«Шоҳин Эйр», аллакай, дорои чархболҳо мебошад, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қарор доранд. Интизор меравад, ки моҳи август ба таваққуфгоҳи техникии ширкат як ҳавопаймои навъи L – 410 ворид гардад. Ҳамзамон, «Шоҳин Эйр» дар ҳамкорӣ бо Агентии авиатсияи гражданӣ бо ширкатҳои маъруфи байналмилалии «Airbus» ва «Boeing» низ музокирот мебарад. Тибқи нақшаҳо, дар оянда харидории ду ҳавопаймои ширкати «Boeing» пешбинӣ шудааст.
Ба таъкиди директори Агентӣ, фаъолияти «Шоҳин Эйр» метавонад дар рушди соҳаи сайёҳӣ, беҳтар шудани дастрасии парвозҳо ва таҳкими иқтидори авиатсионии кишвар нақши муҳим бозад.
Руҳафзо МУРОДОВА
1083 ҷойи кори нав дар Истаравшан
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки раиси шаҳр Абдусаттор Қодирӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар он намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Абдуазиз Зуҳуров ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Раиси шаҳр зикр намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 1 миллиарду 486 миллиону 17,9 ҳазор сомонӣ расид. Айни ҳол дар шаҳр 108 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дорад. Танҳо соли 2025 нуҳ корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, дар натиҷа 39 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷониби шахсони воқеӣ 1083 ҷойи кори нав, иловагӣ ва барқароршуда муҳайё гардидааст. Сатҳи таъмини аҳолии шаҳр бо оби нӯшиданӣ ба 85 дарсад мерасад.
Сурайё ҲАКИМОВА
ҲАҚҚИ ХИДМАТИ ОБРАСОНӢ ПУРРА ТАВАССУТИ НИЗОМИ БИЛЛИНГӢ ПАРДОХТ МЕГАРДАД
Соли гузашта идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 514 925 гектар бо 60 025 истифодабарандаи об шартномаи тарафайн баста, ба онҳо дар ҳаҷми се миллиарду 770,4 миллион метри мукааб об расонданд, ки арзиши хидмат 181 миллиону 303,9 ҳазор сомониро ташкил кард. Аз тарафи истифодабарандагони об дар ин давра ба маблағи 83 миллиону 713 ҳазор сомонӣ ё ин ки ба андозаи чилу шаш дарсади арзиши оби додашуда ҳаққи хидмати обрасонӣ пардохт шудааст, ки назар ба соли пешӣ бештар мебошад.
Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Агентӣ ба нақша гирифтааст, то охири соли равон ҳаққи хидмати обрасонӣ пурра тавассути системаи биллингӣ пардохт шавад. Ба иттилои ӯ, барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ 383,7 ҳазор гектар (74 дарсад) замин ба системаи биллингӣ ворид шуда, 220,4 ҳазор истифодабаранда бо ID код таъмин гашт. Пардохти ҳаққи хидмати обрасонӣ ба тариқи низоми биллингӣ 63 миллиону 390 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Системаи биллингӣ дар Тоҷикистон, махсусан, дар соҳаи обёрӣ барои ба танзим даровардани пардохти ҳаққи хидматрасонии об, осон кардани ҷамъоварии маблағ аз хоҷагиҳо ва шаффофгардонии кори ассотсиатсияҳо истифода мешавад ва барои беҳтар идора кардани захираҳои обу ҷамъоварии маблағ баҳри нигоҳдории пойгоҳҳои обкашӣ муҳим аст.
Кароматулло АТО