Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «СУЛҲ»
Дар ин филворд насаби шахсиятҳое, ки бо Ҷоизаи сулҳи Нобел сазовор гаштаанд, ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.


Таҳиягар Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:
238-53-82


Масъули рубрика
Ш. ШОКИР


ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ҶОИЗАИ
НОБЕЛ»
1. Моммзен
2. Бёрнсон 3. Мистрал 4. Сенкевич
5. Киплинг 6. Лагерлёф 7. Тагор 8. Метерлинк 9. Понтоппидан
10. Шпиттелер
11. Гурна 12. Маҳфуз 13. Маркес 14. Неруда
15. Кавабата
16. Шолохов
17. Транстрёмер
18. Манро


ВАҚТЕ МАҲБУС ПРЕЗИДЕНТ ШУД
- «Вақте Президент шудам бо муҳофизонам ба як тарабхона рафтем, то хӯроки нисфирӯзӣ хӯрем. Ғизоро фармоиш додем. Дар ин ҳангом чашмам ба марде афтод, ки дар мизи рӯбарӯйи мо менишаст. Ба муҳофизам гуфтам, ки бирав аз ӯ хоҳиш кун, ки ба мо ҳамроҳ шавад. Муҳофиз назди ӯ рафт ва даъвати маро расонд. Мард омада дар назди мо нишаст. Вале ҳангоми хӯрокхӯрӣ дастонаш меларзид.
Баъд аз тановул дасташро фишурдам, хайрухуш кардам. Муҳофизам дар пасманзари дастони ларзонаш гуфт: «Мумкин ин мард бемор бошад». Ба ӯ гуфтам: «Бемор нест, аз ман тарсид. Ин мард посбони зиндоне буд, ки ман дар он маҳбус будам. Маро шиканҷа мекард, вақте об мепурсидам, ба рӯям шоша мекард. Ҳоло бим дорад, ки ҳамчун Президенти Африқои Ҷанубӣ аз ӯ қасос мегирам, вале табиати ман чунин нест…».


Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ЗАВҚ БОШАД, АГАР…


Рут Флауэрс баъди расидан ба синни нафақа хост, ки идомаи умрро бо шавҳараш дар минтақаи наздибаҳрии Португалия сипарӣ кунад. Аммо тақдир раҳм накард. Шавҳараш вафот намуду вай ба Ватан – Бристол баргашт.
Наберааш ӯро ба ҷашни зодрӯзи худ ба клуби шабона даъват намуд, вале ӯ умед надошт, ки ин даъватро бибии куҳансолаш мепазирад. Бибӣ ғайриинтизор дар шабнишинӣ на танҳо ҳузур дошт, балки то саҳар он ҷо монд. Рут Флауэрс он шаб ба наберааш гуфт, ки мехоҳад дар чунин шабнишиниҳо худро ба сифати Бибӣ – Диҷей санҷад. Набераи дӯстдор бо хушнудию эҳтиром барои бибии 70-солааш продюссереро дарёфт намуд. Продюссер аз неруи зиёд доштаи зани солхӯрда ба ваҷд омада буд. Ҳамин тавр, пиразан дар шабнишиниҳои хосса бо ҳунармандони шинохта ҳунарнамоӣ мекард. Рафта-рафта рӯйхати сафарҳои ҳунариашро тартиб доду дар 80-солагӣ ситораи ҳунар гардид.


Таҳияи Кароматулло АТО


ОРОМИШИ ВОҚЕӢ
Рӯзе ҳокиме дар байни ҳунармандон озмун эълон намуд, то дар як тоблу оромишро наққошӣ кунанд ва дар иваз ҷоизаи хубе пешниҳод намуд. Аз миёни тоблуҳои ҳунармандон ҳоким дутоашро писандид. Аввалӣ наққошии як дарёчаи ором буд. Ҳар касе ин наққоширо медид, ҳатман оромишро дар он дармеёфт. Дар тасвири дуюмӣ, кӯҳҳои ноҳамвор, ки аз канорашон обшоре ба поин мерехт. Дар ин наққошӣ, аслан, оромиш дида намешуд, аммо ҳоким бодиққат нигоҳ карда, аз пушти обшори хурӯшон, лобалои буттае парандаеро дид, ки лона сохта буду бо оромиш менишаст. Ҳоким наққошии дуюмро интихоб кард ва гуфт: «Оромиш ба маънои он нест, ки мушкиле ё кори сахте пеши рӯ набошад. Оромиш, ин аст, ки дар миёни садо, мушкил ва сахтии кор дили ороме вуҷуд дошта бошад.
Таҳияи Кароматулло АТО


ДИДОР БАЪД АЗ 56 СОЛИ ЯК ФОҶИА
Зимистони соли 1969 дар минтақаи Сағирдашт, ҳангоми садамаи тайёраи АН2 Маҳмурод Ашӯрови кӯҳнавард, ки он солҳо ҷавони 22-сола буд, Назурбибии 7-соларо аз дохили тайёра наҷот дод ва ӯро ба беморхона бурд. Баъд аз ин ҳодиса ӯ дигар ин духтаракро надидааст. Тайи чанд сол, ки ӯро меҷуст, ниҳоят бо гузашти 56 сол Назурбибиро пайдо кард ва онҳо ба дидори ҳамдигар расиданд.


Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


ШИКАСТИ ҒУРУР
Ё МАҲАРАҶА БА МОШИНСОЗОН ЧӢ ГУНА ДАРСИ АДАБ ДОД?


Соли 1920 Маҳараҷа Ҷей Сингҳ, шоҳи Ҳиндустон барои иштирок дар намоиши мошинҳои “Rolls-Royce” таклиф шуд ва тасмим гирифт, ки бо либосҳои одӣ аз намоишгоҳ боздид кунад.
Масъулони ширкати мошин-созӣ, ки ният доштанд, бо ҷалби подшоҳ ба намоиш шукӯҳ бахшида, минбаъд бозори мошинфурӯшиашонро гарм нигоҳ доранд, Сарвари мамлакатро нашинохтанд. Ин буд, ки ӯро ба унвони як сокини одӣ, аз бинои намоишгоҳ берун карданд.
Маҳараҷа ба ин гуна муносибат вокуниши фаврӣ нишон надод, балки 6 мошини “Rolls-Royce”-ро харида, ба зодгоҳаш фиристод, то барои рӯбучини кӯчаҳо ва партовкашонӣ истифода шаванд. Ин тасмим зебоӣ ва ҳашамати мошини “Rolls-Royce”-ро ба хок яксон карда, ба фурӯш латма зад.
Дар пайи ин моҷаро ширкати мошинсозӣ аз Маҳараҷа Ҷей Сингҳ узр хоста, ҳамчун туҳфа ба ӯ ҳафт мошини дигар тақдим кард...
Таҳияи Наргис АТОЕВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БРАМС
Яке аз дӯстони оҳангсози машҳури олмонӣ Брамс, ки дар хоксорӣ беҳамто буд, аз ӯ мепурсад:
– Тасаввур кунед, ки баъд аз сари Шумо пушти дарвозаи хонаатон мухлисон чӣ навиштаҷоте хоҳанд хонд.
– Аз афташ мехонанд, ки «хона ба иҷора дода мешавад», – ҳозирҷавобӣ мекунад Брамс.


Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА


ҲИКМАТИ АРАСТУ
Аз Арасту мепурсанд, ки Шумо аз дигарон чӣ фарқияте доред?
– Аксаран барои он зиндагӣ мекунанд, ки хӯранд, ман мехӯрам, ки зиндагӣ кунам, – мегӯяд файласуфи нотакрор.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА


КАПАБЛАНКА


Миёни омма дар бораи хонадоршавии сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот Хосе Раул Капабланка (Куба, 1888 – 1942) бо духтари миллиарддори машҳури вақт Ҳенри Форд овозаҳои беасос чарх мезаданду ҳеч хомӯш намегардиданд.
Аз ин рӯ, боре дар нишасти матбуотӣ яке аз журналистон, ки аз асли гап бехабар буд, аз шоҳмотбози маъруфи олам пурсид:
– Оё шумо дарвоқеъ мехоҳед бо духтари Ҳенри Форд издивоҷ намоед?
– Бале, аммо, мутаассифона, бо ҷурми миллиарддор, ин ғайриимкон аст: ӯ духтар надорад, – оромона бо табассум посух дод Капабланка.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА


ЯК ПАНДИ АФЛОТУН Ё ЧӢ ГУНА ШОД БОЯД ЗИСТ?
Аз Афлотун пурсиданд, ки чаро ҳаргиз ғамнок намешавӣ?
Гуфт: «Ба фишорҳои зиндагӣ тан намедиҳам, ба ҳар чи қобили арзиш нест, дил намебандам. Бидонед, фардои мо як роз аст, нигаронаш набошем. Дирӯз хотирае буд, ки бояд ҳасраташро нахӯрем. Имрӯз як ҳадия аст, лиҳозо қадрашро бидонем ва аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ лаззат барем!».


Таҳияи Файёз ФИРӮЗ


“КАРГАС ВА КӮДАК”
Ё ТАСВИРИ ШУҲРАТБАХШЕ, КИ АКСБАРДОРРО КУШТ
Ин акс 25-уми марти соли 1993 замони ҷанг ва қаҳтӣ дар Судон, аз ҷониби аккоси Африқои Ҷанубӣ – Кевин Картер гирифта шуда, нахуст, дар рӯзномаи «The New York Times» нашр гардидааст.
Нуктаи дардовар дар ин акс тасвири кӯдакест, ки аз гуруснагӣ ба замин афтодааст ва каргасе дар наздаш интизори марги ӯ нишаста, то туъмаи худ созад.
Ҳамин акси ҷонсӯз ба муаллиф шуҳрати ҷаҳонӣ бахшида, соли 1994 Картер бо ҷоизаи Пулитсер сарфароз гардид. Расонаҳо барои акси нодираш бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, маводу барномаҳои вижа таҳия мекарданд. Кевин Картер дар ибтидо аз шуҳрати ногаҳонияш меболид. Баъдан, вақте мавриди мазаммату интиқод қарор гирифт, ки чаро баъд аз аксбардории ин манзара барои наҷоти кӯдак коре накардааст, ба худ омад. Аз хатои худ ошуфта гардид, ба депрессияи шадид гирифтор шуда, ниҳоят 27-уми июли соли 1994 чанд моҳ пас аз дарёфти ҷоиза дар синни 33-солагӣ даст ба худкушӣ зад. Ӯ намедонист, ки баъд аз гирифтани акс имдодгарон кӯдакро наҷот дода буданд.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА


ЯК ҲАҚИҚАТ
Агар шумо аз паша пурсед, ки оё дар атроф ягон гул ҳаст, вай ҷавоб медиҳад: "Ман дар ягон ҷо гул надидаам. Аммо дар он хандақ поруи фаровон аст". Ва паша рӯйхати ҳамаи партовгоҳҳоеро, ки дидааст, ба номбар кардан оғоз мекунад.
Аммо, агар аз занбӯри асал пурсед, ки оё дар ин минтақа ягон партовгоҳ дидааст, ҷавоб медиҳад:
"Партовгоҳ? Не, надидаам. Дар ин атроф ҳамаи гулҳои хушбӯянд!"
Хулоса, яке дар чаманзори шукуфон ҷойи ифлосеро пайдо мекунад ва дар он ҷойгир мешавад, дар ҳоле ки дигаре дар ботлоқ гулҳои рангоранг пайдо мекунад ва нектари онро ҷамъ меорад. Мо танҳо он чизеро, ки меҷӯем, ҳамонро меёбем.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ


ТАМАДДУН ДОШТАН, ЯЪНЕ ЧӢ?
Вақте Закариёи Розӣ спирт таҳия мекард, Аврупо фикр мекард, беморӣ ба хотири нафрин аст, на микроб. Вақте Хоразмӣ аввалин формулаҳои илми алҷабрро менавишт, дар Аврупо ҳанӯз адади сифр надоштанд. Вақте Абурайҳони Берунӣ бо риёзиёт даври Заминро бо диққати боварнакарданӣ ҳисоб кард, дар Аврупо ҳанӯз фикр мекарданд, Замин ҳамвор аст ва бора дорад. Вақте Ҷобир ибни Ҳаёт дастгоҳи тақсими моддаҳоро кашф мекард, дар Аврупо ҳанӯз кимиёгариро ҷоду медонистанд. Вақте Насриддини Тӯсӣ ситораҳоро дар расадхона баррасӣ мекард, дар Аврупо касе, ки аз ситораҳо ҳарф мезад, ба ҷурми ҷодугарӣ сӯзонда мешуд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ


ЗАРА (ZARA)


Муассиси «Zara» Амансио Ортега аввалин мағозаашро соли 1975 дар Испания боз кард. Охири солҳои 80-ум маҳсулоти «Zara» ба бозори байналмилалӣ баромад.
Аввалин мағозаи хориҷии ширкат соли 1988 дар Португалия боз гардид ва то соли 1990 дар дигар шаҳрҳои калон густариш ёфт. Маводи истеҳсоли «Zara» солҳои 1992 ба Мексика, 1993 Юнон, 1992 Белгия ва Шведсия, 1995 Малта, 1996 ба Кипр ворид шуд. Соли 2000-ум бошад, ин ширкат бо ифтитоҳи шаш мағоза ба бозори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳ ёфт.


Таҳияи М. ОДИНАЕВА


ҚОМУСИ БУЗУРГТАРИНИ ДУНЁ
Қомуси “Ту-Шу-Сзи-Чен” дар ҷаҳон ҳаҷман бузургтарин дониста шудааст. Он солҳои 1662-1723 ба теъдоди 5163 ҷилд дар ҳаҷми 853456 саҳифа дар Чин интишор гардидааст.
Таҳияи З. РАҶАБ


ДОНИСТАН ХУБ АСТ
* Бразилия ягона кишварест, ки дар тамоми чемпионатҳои ҷаҳон оид ба футбол иштирок кардааст.
* Калонтарин Фурудгоҳи байналмилалии ҷаҳон дар Ҳонконг ҷойгир шудааст.
* Мексика дар истеҳсоли нуқра дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ


ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ АЗ ҲАМА БЕШТАР ҶОИЗА БА ДАСТ ОВАРДААСТ
8. Кристиано Роналдо (Португалия) – 35 ҷоиза
Кристиано Роналдои машҳур бо бошгоҳи «Манчестер Юнайтед» (солҳои 2003 – 2009) се маротиба чемпиони Примйер Лигаи Англия шуда, як Ҷоми Англия, ду Ҷоми лига, ду Суперҷоми Англияро ба даст оварда, дар Лигаи чемпионҳои Аврупо ва Чемпионати ҷаҳонии клубҳо низ ғолиб омадааст. Зимни бозӣ дар бошгоҳи «Реал Мадрид» (солҳои 2009 – 2018) ду бор чемпиони Испания гардида, инчунин, ду Ҷоми Испания, ду Суперҷоми Испания ва се Суперҷоми УЕФА-ро ба даст оварда, чор маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо, се маротиба ғолиби Чемпионати ҷаҳонии клубҳо шудааст. Бо дастаи «Ювентус»-и Италия дар Серия А ду унвони чемпионӣ, ду Суперҷом ва Ҷоми Италияро ба даст овардааст. Бо тими Португалия соли 2016 чемпиони Аврупо, солҳои 2019 ва 2025 ғолиби Лигаи миллатҳои УЕФА гаштааст.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО


15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
14. МАҒОРАҲОИ ПИРЯХИ ВАТНАЙЁКУЛЛ (Исландия)
Мағораҳои пиряхи Ватнайёкулл яке аз калонтарин ғорҳо дар Аврупо мебошанд. Онҳо бо зебоии худ, ранги кабуд ва пораҳои яхин бинандаро мафтун месозанд. Ин мағораҳоро танҳо дар фасли зимистон, аз моҳи ноябр то март дидан мумкин аст.
Роҳбаладон дар фасли тирамоҳ, пеш аз оғози мавсим барои дарёфти ғорҳои навбунёд, ки барои сайёҳон ҷолиб ва бехатаранд, тадбирҳои заруриро ба роҳ мемонанд. Ба сайёҳон танҳо бо роҳбалад ва бо таҷҳизоти махсус ташриф овардан имконпазир аст. Дар оғози экскурсия ба онҳо шлеми муҳофизатӣ ва крампонҳо дода мешавад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР