Бо вуҷуди сардӣ, сайри Душанбеи сафедқабо имрӯзҳо ҳар нафарро аз хона сӯи кӯчаву хиёбон мекашад. Мебинем, ки сари ҳар қадам ҷавонон шодону хандонанду пирони рӯзгор бо нигаристан ба онҳо гӯё армон мешикананд ва Душанбеи дирӯзро бо имрӯз дар гӯшаи хаёл муқоиса менамоянд.
Субҳи 11 январ ба кор мерафтаму саҳари солеҳон, аллакай, роҳҳо аз барф тоза шуда буданд ва ҳамоно раҳораҳ кормандони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр машғули кор буданд, ҳарчанд барф беист меборид.
Мутасаддиёни роҳ низ давоми рӯз корро идома доданд. Мошинҳои махсус кӯчаҳоро аз барф тоза мекарданду қуму намак мепошиданд. Кормандон ҷодаҳоро тоза мекарданд, то сокинону меҳмонони шаҳр дар рафтуомад мушкил надошта бошанд. Марди ҳузарбе бо чӯб барфи дарахтонро мерезонад. Хуллас, манзараи бисёр диданӣ буд ва барои инъикоси ин ҳама корнамоӣ ба сайри хиёбонҳои Душанбе баромадам.
Хушоянд ин буд, ки бо вуҷуди сардиҳо ҳама бо дили гарм кор мекарданд. Дар кӯчаи Соҳилӣ бо гурӯҳе аз занҳо вохӯрдам, ки барфи канори роҳро тозакунон ҳазлу шӯхӣ мекарданд ва аз таҳи дил механдиданд. Чун дастгоҳи расмгириамро диданд, пай бурданд, ки барои коре наздашон омадаам ва ба суҳбаташон ҳамроҳ шудам.
- Суратгиримон омадӣ? - гуфт холаи Саодат, ки бонуи кушодачеҳраест.
- Бале, омадам то заҳмати шуморо ба мардум нишон диҳам. Чӣ ҳол доред? - пурсидам аз онҳо.
- Ҳоламон хуб аст, писарам. Раиси шаҳр нисбат ба мо хеле ғамхор асту дастгириамон мекунад. Бо либосҳои махсуси корӣ таъминем. Кор бароямон мушкилӣ надорад. Аз соати 5 саҳар дар роҳем ва, аллакай, басти мо тамом мешавад. Ба хонаҳоямон меравем, - гуфтанд онҳо.
Дар дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ, чунин пешвозам гирифтанд.
Бо автобус қариб нисфи шаҳрро сайр кардам. Албатта, заҳмати нақлиёти мусофирбарро дар чунин рӯзҳои сард ба назар нагирифтан аз рӯи инсоф нест. Онҳо аз субҳи содиқ то дили шаб дар хизмати мардуманд. Кори онҳо низ ба низому тартиби шаҳрдорӣ мутобиқ карда шудааст ва дар ҳама хатсайрҳо дар равуоянд...
Ҳамин тавр, то як поси шаб сайр кардам. Қувваи дастгоҳи суратгириам тамом шуд. Бо гурӯҳи дигари коргарон ҳамсуҳбат шудам. Аз онҳо пурсидам, ки оё кор дар ин сардӣ мушкил нест?
- Меҳнати ҳалол куниву ба қадрат бирасанд, ҳеҷ сардиву гармӣ ба чашмат наметобад. Шукр, ки мулк ором асту ободӣ. Шароити кор ҳам хеле хуб, дигар чӣ талаб кунем? - изҳори қаноатмандӣ кард ҳамсуҳбатам.
Ҳаво 14 дараҷа сард. Дар Душанбеи чароғон қадам мезадаму манзараҳои имрӯз пеши назар меомаданд. Ба андеша рафтам: воқеан ҳам, кору фаъолияти идораҳои шаҳр, таҳти роҳбарии раиси он Рустами Эмомалӣ лоиқи таҳсину офаринҳост! Ба туфайли азму талоши роҳбари ҷавони шаҳр Душанбе дар чор фасли сол афсоназеб аст.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»