Баргашт Чоп кардан

Таҷлили Сада дар шаҳри Турсунзода...


Сокинони шаҳри Турсунзода, дар баробари дигар бошандагони кишвар, Ҷашни таърихии Садаро бо баргузории чорабинии бошукӯҳи идона истиқбол гирифтанд.
Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода изҳор дошт, ки Ҷашни Сада яке аз рамзҳои муҳими фарҳанги миллӣ буда, муждарасони гармӣ, рӯшноӣ ва наздикшавии фасли баҳор ба шумор меравад. Таҷлили чунин ҷашнҳои миллӣ гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва суннату оинҳои нодиру фарқкунанда мебошад.
Дар чорабинӣ намоиши техникаҳои кишоварзӣ, фурӯш ва намоиши ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ, тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва анъанаҳои миллӣ доир шуд.


НОРАК
Ҳамдилии мардум сари хони идона
Дар шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳр Насиба Фароғатзода бахшида ба Ҷашни миллии Сада чорабинии идона баргузор шуд.
Зикр гардид, ки Ҷашни Сада яке аз оинҳои бостонии мардуми тоҷик буда, рамзи рӯшноӣ, гармӣ, заҳмати созанда ва пайванди инсон бо табиат мебошад. Эҳё ва таҷлили ҷашнҳои миллӣ маҳз ба шарофати хидматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, имрӯз онҳо дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳ таҷлил мешаванд.
Таъкид шуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллӣ заминаи устувор фароҳам оварда, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар ҷомеа боз ҳам тақвият мебахшад.


Мулоқоти намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо афсарону сарбозон
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва руҳияи масъулияти шаҳрвандӣ, мулоқоти намояндагони Кумита бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбии “Н”-и Вазорати мудофиа баргузор гардид.
Намояндагони Кумита оид ба нақши ҷавонон дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, саҳми онҳо дар таъмини амнияти миллӣ, аҳамияти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ як қатор афсарону сарбозони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.


ВАҲДАТ
Намояндагони прокуратура бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мулоқот намуданд
Зери чунин унвон дар шаҳри Ваҳдат вохӯрии намояндаи прокуратураи шаҳр бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кӯдакистонҳо баргузор гардид.
Вохӯрӣ ба мавзуи муҳим ва мубрами рӯз: хатари терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирӣ ва оқибатҳои ногувори он бахшида шуд. Таъкид гашт, ки ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд, бахусус роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, мебошад.
Тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва зиракии сиёсӣ миёни онҳо аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад.


Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷамъбаст намудани Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026), таҷлили сазовори Ҷашни муқаддаси миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин истиқболи шоистаи Иди байналмилалии Наврӯз ва баланд бардоштани ҳисси миллию ватандӯстии сокинон, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ тақвият дода мешаванд.
Дар ин замина, бо роҳбарии раиси ноҳия Маҳмуд Амирзода машварати корӣ баргузор шуд. Таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд бо усули таъсирбахш ва бо назардошти манфиатҳои мардум роҳандозӣ шаванд.