![]()
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз” ва муаррифии китоби “Рамзу рози Сада”-и Ҷонибеки Асрориён баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш академик Кароматулло Олимов, адибони номвар Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, олимон Бобо-Назар Ғаффор, Сайфуллоҳи Муллоҷон, Саъдии Қосимӣ, Саида Зайдуллозода ва директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Абдулфаттоҳ Аминзода иштирок ва суханронӣ доштанд.
– Дар бораи пайдоиши Ҷашни Сада назарҳо гуногунанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро Ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидоии онро ба замони пеш аз ориёиҳо вобаста медонанд. Ба ҳар сурат, пайдоиши Ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввулу ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин Ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расондаанд, – гуфт Ҷумъахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ.
Академик Кароматулло Олимов чопи китоби “Рамзу рози Сада”-ро яке аз дастовардҳои хуби олими номошно Ҷонибеки Асрориён дониста гуфт: “Аз нигоҳи фарҳангшиносӣ, Сада як намунаи равшани мероси ғайримоддӣ маҳсуб мешавад. Ин Ҷашн на танҳо анъана, балки маҷмуи дониш, эътиқод ва таҷрибаи таърихиро дар бар мегирад. Ин унсурҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд. Маҳз ҳамин интиқоли фарҳангӣ пойдории Ҷашнро таъмин намудааст. Аз ин рӯ, омӯзиши Сада барои ҳифзи мероси фарҳанги миллӣ аҳамияти бузург дорад. Дар замони муосир, Ҷашни Сада ҳамчун ҷузъи сиёсати фарҳангии давлат эҳё гардидааст. Ин раванд бо баланд бардоштани худшиносии миллӣ иртибот дорад”.
– Китоби тозанашри муарриху ҷомеашинос Ҷонибеки Асрориён, аз силсилаи “Тоҷнома”-и Маркази “Тоҷикшиносӣ” муҳимтарин масъалаҳо доир ба ин Ҷашни миллиро дар бар гирифта, заминаҳои таърихӣ, сарчашмаҳои бостонӣ, устураҳои шифоҳӣ, вижагиҳои илмӣ ва дигар хусусиятҳои онро бо қалами муҳаббат ва бо тафаккури ҳувият дар бар гирифтааст” – изҳор дошт Абдулҳамид Самад.
Бобо-Назар Ғаффор, Сайфуллоҳи Муллоҷон, Саъдии Қосимӣ ва Саида Зайдуллозода низ доир ба Сада, вижагиҳои ин Ҷашни бостонӣ, бозтоби он дар адабиёту фарҳанг ва ҳамзамон, дар атрофи бурду бохти китоб маърузаҳои ҷолибе доштанд ва муаллифи китоб он ҳамаро пазируфт ва изҳор дошт, ки қайду эродҳо дар оянда барои беҳбуди корҳои пажӯҳишӣ истифода хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки силсилаи китобҳои “Тоҷнома” минбаъд бо номи “Тоҷикон дар масири таърих” чоп мешавад ва ин нахустин китоб аст, ки зери унвони нави ин силсила рӯнамоӣ шуд.
Б.САЛИМ,
“Ҷумҳурият”