Баргашт Чоп кардан

ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА. ТАЪСИСИ ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШӢ БА НАФЪИ ТАМОМИ МИНТАҚА АСТ


Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳадафҳои стратегии рушди кишвар бори дигар ба таври дақиқ таҳлил гардида, барои рушди минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуданд. Сарвари давлат татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва маҷмуи васеи тадбирҳои муҳиму самарабахши амалигардида дар ин самтро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.


Натиҷаҳои бадастомада бо такя ба таҳлилҳои амиқи оморӣ ва нишондиҳандаҳои мушаххаси иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ гардида, барномаҳои давлатӣ ва соҳавии дар амал татбиқшуда ба таври муфассал баршумурда шуданд. Ҳамзамон, таъсири мусбати ин иқдомот ба устувории рушди иқтисодӣ, тақвияти иқтидори иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ бо далелҳои мушаххас ва таҳлилҳои илмӣ асоснок карда шуд.
Инчунин, дар Паёми навбатӣ масъалаҳои ҳаётан муҳим барои таъмини ҳаёти шоиста, аз ҷумла ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва мутобиқсозии низоми молиявӣ ба меъёрҳои муосир мавриди таҳлил қарор гирифта, самаранокии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ шуд. Механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекӣ, таъсиси корхонаҳои нав бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геология, бартарафсозии талафоти неруи барқ ва бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ, ҳамчунин таҳияи қонун ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои аграрӣ ва инноватсионӣ барои солҳои 2026-2030 аз вазифаҳои афзалиятнок маънидод гардиданд. Илова бар ин, масъалаҳои бунёд ва таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ, дастгирии илму маориф, гузариш ба низоми сарикасӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ, баланд бардоштани маоши кормандони муассисаҳои гуногун ва муқовимат ба бегонапарастиву хурофот, исрофкориву зиёдаравӣ таҳлил шуда, барои амалӣ гардонидани онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.
Дар Паём муждаи муҳим, бахусус барои кормандони илмии Академияи миллии илмҳо, ин буд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” таъсис дода мешавад. Дар оянда, ин Институт мақсад дорад, ба яке аз муассисаҳои пешқадам дар соҳаи илмҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон табдил ёбад ва ба таҳқиқу омӯзиши пурраи пиряхҳо, криосфера ва равандҳои обшавии яхпӯшҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ равона гардад. Ин марказ аз ҷиҳати илмӣ аҳамияти бузург дошта, дар пешгӯйии тағйирёбии иқлим, баҳисобгирии захираҳои об ва таҳияи стратегияҳои устувори ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ низ нақши калидӣ хоҳад дошт.
Хулоса, Паём ҳамчун як матни роҳнамои давлатӣ бар пояи ягонагии маром, мақом ва низом шакл мегирад. Мароми Паём дар таъини ҳадафҳои стратегии давлат, арзишҳои миллӣ ва ғояи рушди устувор таҷассум ёфта, самти куллии ҳаракати ҷомеаро муайян мекунад. Низоми Паём бошад, дар сохтори мантиқӣ, пайдарҳамии таҳлилӣ, барномарезӣ ва қонунмандии пешниҳодҳо ифода ёфта, бо такя ба ҳадафҳои эъломшуда натиҷаҳои амаливу устуворро таъмин менамояд.


Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН,
доктори илмҳои филология, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик
Б. Искандарови АМИТ