Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ 64 ДАВЛАТИ ҶАҲОНРО ФАРО МЕГИРАД


Директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли рафта аз Тоҷикистон ба 64 давлати хориҷӣ молу маҳсулоти ватанӣ содирот шуда, Нидерланд, Швейтсария, Чин, Ӯзбекистон ва Туркия дар панҷгонаи аввал қарор доранд.

Содироти молу маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ бе назардошти металлҳои қиматнок 2 149,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 549,4 миллион доллар зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии содирот 96,8 фоизро маҳсулоти саноатӣ ва 3,2 дарсадро маводи кишоварзӣ ташкил кард. 
Маҳсулоти кишоварзӣ асосан меваи хушк (46,5 миллион доллар), мева (20,7 миллион доллар), сабзавот (5,2 миллион доллар) ва дигар намуд (6,8 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад. Содироти меваҳо, аз ҷумла ангур, зардолу, писта, олуболу, гелос, олу, шафтолу, лимӯ, хурмо, чормағз, себ ва ғайра дар ин давра ба 20,7 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли пешӣ 7,6 миллион доллар зиёд аст.
Директори Агентии содирот вобаста ба соҳаи пахтакорӣ иброз дошт, ки ҷудо намудани маблағгузории имтиёзнок барои ҳавасмандгардонии деҳқонон ва коркарди саноатии пахта, ки рушди устувори ин соҳаҳо зери таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат қарор дорад, тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аз ҷумла, ҳамкории зичи Агентии содирот бо Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷоратии Бонки исломии рушд (ITFC) ба роҳ монда шуд.
Аз тарафи КВД «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентӣ бо ҷалби маблағгузории ширкатҳои хориҷӣ ва бе ҷалби маблағҳои давлатӣ ба Эрон, дар маҷмуъ, 19 808 тонна нахи пахта ба маблағи 28 миллиону 805 ҳазор доллар содирот гардид.


Кароматулло АТО