Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Таъмири роҳҳо вусъат мегирад
Қурбонзода Ёқубҷон, сардори Муассисаи давлатии “Идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки таъмиру навсозии ҷории 512,92 километр роҳ анҷом ёфт. 6,71 километр мумфарш ва 38,94 километр роҳ сангфарш шуд. Тармими 9 пули мошингузар ба дарозии 1 890 метр ва чуқурчаҳои роҳ дар ҳаҷми 17 588 метри мураббаъ иҷро гардид. Инчунин, барои танзими ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо 575 аломат гузоштанд. Барои камбудизор намудани шафати роҳҳои автомобилгард дар соли гузашта ба маблағи 368 ҳазору 280 сомонӣ 58 ҳазору 442 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонданд. Аҳолӣ ва соҳибкорони ватандӯст ба таври ҳашар ба 111,53 километр роҳ асфалт хобонданд, ки нисбат ба соли 2024-ум 33,27 километр зиёд аст.
Ҳамзамон, мавсуф даъват ба амал овард, ки намояндагони шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳо ҷиҳати рушди деҳот бо соҳибкорони ватанӣ ҳамкориро пурзӯр намуда, таъмиру барқарорсозӣ ва нигоҳдории пулу роҳҳои маҳаллиро дар доираи имкониятҳо ба роҳ монанд.
Ёқубҷон Қурбонзода гуфт, ки ҷиҳати бе мушкилӣ сипарӣ намудани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025 – 2026 тибқи нақшаи пешбинишудаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи мазкур 82 адад техникаву механизмҳои нигоҳдории роҳҳоро дар ҳолати омодагӣ қарор додааст.


Суннати СОДИҚ


ДЕВАШТИЧ
Ободонии маҳал дар мадди аввал
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Ба намояндагони ВАО иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар ноҳия 580 банди нақшаи чорабиниҳо, ки ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ марбут аст, пурра амалӣ гардид. Барои соли 2026 сохтмон, таъмир ва истифодаи 130 иншооти дигар пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои раиси ноҳия, имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ 16 ҳазору 218 сокини ноҳия қарор дошта, барои пешбурди рӯзгори хеш ва, ҳамзамон, ободонии маҳал нақши назаррас доранд. Афзуд, ки бахше аз корҳои созандагӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда бо саҳми соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба анҷом расидаанд.


Сурайё ҲАКИМОВА


ШАҲРИСТОН
Даҳҳо нафар маблағи ҳаҷро ба ободонӣ равона карданд
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон бо иштироки раиси ноҳия Рабим Ғафурзода ва намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Зикр шуд, ки барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия то соли сипаришуда 118 лоиҳаро ба маблағи 163,3 миллион сомонӣ дар бар гирифта, то имрӯз 116,4 миллион сомонӣ аз худ шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 53,7 миллион сомонӣ расида, айни ҳол 16 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Бо вуҷуди ин, дар соли 2025 фаъолияти 2 корхона муваққатан қатъ гардидааст. Дар ҳамин сол як корхонаи нави истеҳсолии ҶДММ «Оби Баҳор» ба истифода дода шудааст.
– 80 сокини ноҳия маблағҳои барои адои ҳаҷи умра ва фарзӣ ҷамъовардаи худро ба корҳои ободонию созандагӣ ва рушди маҳали зисти худ равона намудааст, ки ин иқдом намунаи баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва худогоҳии миллӣ аст, – гуфт Рабим Ғафурзода.


Сурайёи ҲАСАНСУЛТОН