Баргашт Чоп кардан

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – 2025

СИЁСАТИ ДОХИЛӢ
Соли 2025 миллати тамаддунофари тоҷик 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда таҷлил намуд.
Мардуми шарафманди кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонӣ аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҳишу талошҳои созанда Ватани худро ба як сарзамини пешрафта ва аз ҳар ҷиҳат рушдёфта табдил доданд.
Аз ҷумла, тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳиму самарабахш амалӣ карда шуданд.
Тибқи иттилои расмӣ, соли 2025, сарфи назар аз мушкилоти мураккаби ҷаҳони имрӯз ва таъсири манфии онҳо ба иқтисоди кишвар, барои мардуми Тоҷикистон соли бобарор ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд.
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,4 фоиз таъмин карда шуд. Соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 28,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 23 фоиз зиёд аст.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо роҳи пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд.
Дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 59,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024 35 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2025 бо як қатор тадбирҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои шаҳрвандони кишвар соли бобарор, таърихӣ, хотирмон ва пур аз рӯйдодҳои фараҳбахш буд.
Дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2025 яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсии соли 2025 ба ҳисоб меравад.
Ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи миёни ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ рӯйдоди дигари таърихӣ аст. Ҳамчунин, 31-уми марти соли 2025 сарварони се давлати ҳамсоя - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Садир Жапаров шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро ба имзо расонданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гарм истиқбол ёфт.
Дар соли 2025 бо ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар як қатор ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ доир шуд, ки боиси болоравии нуфуз ва муаррифии тозаи кишвар дар арсаи олам гардид. Аз ҷумла, 30-юми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, вобаста ба ташаббуси Тоҷикистон бо иштироки беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд баргузор гардид.
Мавриди зикри хос аст, ки 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ” қабул карда шуд. Инчунин, 12-уми декабр бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ қабул гардид.
Бо ташаббуси дигари кишвари мо соли 2025 қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” пазируфта шуд.
Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали Қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад.
Соли 2025 боз аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса 700-солагии бузургдошти шоири номвари классики тоҷик - Ҳофизи Шерозӣ бо барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ таҷлил гардид.
Зимни ироаи Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28-уми декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
Ҳукумати кишвар дар соли 2025 бо роҳандозии сиёсати бунёдкорона дар амалисозии стратегияҳои миллӣ, барномаҳои давлатии соҳавӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани қонунҳои қабулгардида, ба комёбиҳои арзанда ноил шуд.
Соли 2025 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ 12 маротиба маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа муҳокима гардиданд.
Давоми соли 2025 аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 маротиба дар соҳаҳои гуногун, вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, сарҳадот ва ғайра таъиноти кадрӣ гузаронда шуда, кадрҳои ҷавону корозмуда ва донандагони забонҳои хориҷӣ ба вазифаҳои пурмасъул таъин гардиданд.
Соли 2025 бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, иштирок дар тантанаҳои идҳои миллӣ ва ҷашнҳои давлатӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо шаҳрвандони кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 маротиба ба вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 маротиба, вилояти Суғд 3, вилояти Хатлон 8 ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 маротиба сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни ин сафарҳо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳо суҳбату вохӯриҳои самимию созанда доир намуданд.
Дар доираи сиёсати хирадмандона ва башардӯстона бо хислатҳои наку ва ҳамидаи инсонпарварӣ дар соли 2025 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 маротиба бо ятимон мулоқот намуда, ба беш аз 800 ятим ва кӯдакони ниёзманд кумакҳои моддӣ расонданд.


САНОАТ
Эълон намудани солҳои 2022 - 2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат барои амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор гузошт.
Соли 2025 дар Тоҷикистон дар маҷмуъ, 400 корхонаи нави саноатӣ бо 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1 фоиз афзоиш ёфт.
Дар доираи солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди кишвар корхонаҳои саноатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мошинсозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон ва коркарди маъдан ба истифода дода шуданд.
Аксари корхонаҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳёфта бо таҷҳизоти муосир ва каммасраф ҷиҳозонда шуда, фаъолияти пурсамари истеҳсолӣ доранд. Аз ҷумла, давоми соли 2025 бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе корхонаву коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ ифтитоҳ гардида, ба бунёди 4 корхонаи калони саноатӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Данғара, Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров барои наздики 1800 ҷойи корӣ санги асос гузошта шуд.
Корхонаҳои калонтарини аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ифтитоҳёфта, инҳо мебошанд: - 3 корхонаи калони саноатии ҶСП "Сантайлс (Suntiles)" бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ ва марҳалаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон" бо 600 ҷойи корӣ дар шаҳри Душанбе, 3 корхонаи саноатии ҶДММ "Талант", ҶДММ "Зинат Гач" ва корхонаи "Роял Бебӣ Тоҷикистон" бо 165 ҷойи корӣ дар шаҳри Ваҳдат, корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Алюминийи аввалин" бо 160 ҷойи корӣ, марҳалаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Алюмин Проф" бо зиёда аз 80 ҷойи корӣ дар шаҳри Турсунзода, корхонаи истеҳсоли асфалту бетон бо 100 ҷойи корӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, корхонаи хишти Данғара бо 60 ҷойи корӣ, корхонаи орд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо 150 ҷойи корӣ дар ду баст, Парки саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ бо 50 ҷойи корӣ ва корхонаҳои муштараки истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ "Афранг Пластик" бо 150 ҷойи корӣ ва корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ДороАртФуд" бо 80 ҷойи корӣ дар шаҳри Хуҷанд, корхонаи истеҳсоли газоблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти муосири аълосифат” дар шаҳри Бӯстон бо 60 ҷойи корӣ, корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Донаи алмос" дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" бо 80 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли обҳои шифобахши "Хаватаг" бо 20 ҷойи корӣ ва корхонаи мебели Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Асри обод" бо 8 коргоҳи истеҳсолӣ ва зиёда аз 50 ҷойи корӣ дар шаҳри Истаравшан.
15-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри” ташриф оварда, баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона 30 электробуси замонавиро бо тамғаи “Акиа неру” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. То ба имрӯз корхона зиёда аз 500 автобус, электробус ва электротролейбуси гуногуншакл ва гуногунҳаҷм истеҳсол намудааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои кишварамон ба мусофирон хидмат мерасонанд.


ЭНЕРГЕТИКА
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва татбиқи ҳадафи стратегии расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ соли 2025 аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои созанда амалӣ гардиданд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои амалисозии ҳадафи стратегии кишвар ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ то соли 2025 дар соҳаи энергетика 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 миллиард доллар амалӣ карда шуда, ҳоло 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,6 миллиард доллари ИМА дар марҳалаи амалисозӣ қарор доранд.
Соли 2025 барои бахши энергетика низ яке аз солҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро Тоҷикистон дар ин давра ба як қатор дастовардҳои назаррас ва натиҷаҳои муҳими стратегӣ ноил гардид. Аз ҷумла, корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср - Неругоҳи барқи обии "Роғун" қариб 60 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шуд. Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар Неругоҳ соли 2025 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шуд. Сарбанди Неругоҳ ба нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 145 метр баробар шуд. Дар ин замина, ду агрегати Неругоҳи барқи обии "Роғун" аз ибтидои фаъолият беш аз 10 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол кардааст.
31-уми марти соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров хатти интиқоли барқи 500 кВ-и Датка-Суғд дар доираи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми июни соли 2025 дар арафаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Неругоҳи обии "Себзор" бо тавоноии 11 МВт, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Ҷангал, неругоҳҳои офтобии "Аличур" (2,8 МВт), "Гулзор" (0,45 МВт) ва чор неругоҳи хурди обиро ба кор дароварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми ноябри соли 2025 се агрегати охири Неругоҳи барқи обии "Қайроққум"-ро пас аз таҷдид ба кор андохтанд.
Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми ноябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба корҳои сохтмонӣ дар неругоҳҳои офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо иқтидори умумии 500 МВт оғоз бахшида шуд.
Тавре мудом таъкид мегардад, яке аз масъалаҳои ташвишовар талафоти неруи барқ дар кишвар мебошад. Аз рӯи маълумоти оморӣ, талафоти барқ дар кишвар дар 11 моҳи соли 2025 3 миллиард киловатт-соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион киловатт-соат кам шудааст. Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои пурра аз байн бурдани ин мушкил чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Қобили зикри хос аст, ки дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 талафоти барқ ба 13 фоиз баробар шуда, нисбат ба соли 2024 7 фоиз кам гардид. Бояд гуфт, ки баъди гузариш ба низоми биллингӣ беш аз 6 ҳазор муштарии нав ба қайд гирифта шуд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда соли 2025 13 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 14,9 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2024 7 фоиз зиёд гардида, ба 24 млрд кВт. соат расонда шуд.
Дар соли 2025 Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 қабул гардид.


РОҲҲО
Бунёди роҳ аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар заминаи устувор мегузорад.
Татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11,7 миллиард сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли 2025 тавассути ҳама гуна нақлиёт 155 миллион тонна бор ва 1,1 миллиард мусофир кашонда шуд, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 15,2 ва 11 фоиз зиёд мебошад.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз самтҳои асосии стратегии кишвар ба шумор меравад. Барои беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2025 дар доираи лоиҳаҳои номбурда ба маблағи умумии зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёт мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба истифода дода шуданд.
Давоми соли 2025 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар як қатор иншооти соҳаи нақлиёт шинос шуда, баъди бунёд як қисми роҳҳоро мавриди истифода қарор доданд.
3-юми июн Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳалаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дидан намуданд.
Масофаи умумии роҳи мошингард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дар маҷмуъ, 9,2 километрро ташкил дода, ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Паҳноии роҳ 50 метрро ташкил дода, аз 8 хатти ҳаракат дар ду самт иборат аст.
25-уми июн Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз роҳи мошингарди қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ то дарвозаи Рӯшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дарозии 2 нақби мошингузар дар ин масир 5200 метр буда, бо баландии 6 метру 90 см ва паҳноии 8 метр бунёд шудааст.
Ин қитъаи шоҳроҳ, ки ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷро убур мекунад, 109 километрро ташкил намуда, бунёди ду нақби мошингузар масофаи қаблиро 16,5 км кам намуд.
Роҳи мазкур пойтахти кишвар - шаҳри Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Тоҷикистонро бо кишвари Чин пайваст мекунад.
25-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода доданд. Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хидматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хатти ҳаракат иборат мебошад ва дар маҷмуъ, 16 километрро ташкил медиҳад.
27-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузарро бо дарозии 82 метр дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ буда, ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма ба ҳисоб меравад. Он Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути гузаргоҳи сарҳадии Кулма мепайвандад.
26-уми август сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба дарозии 920 метр ва 3 пули дигари мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мавриди зикри хос аст, ки тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорони ҳимматбаланд ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.
26-уми август Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод ба фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт - роҳи Оби Гарм - Нуробод оғоз бахшиданд. Дарозии роҳ 75 км буда, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил мешавад ва паҳноии стандартии он 12 метр аст. Бо мақсади бартараф намудани монеаҳои табиӣ дар доираи лоиҳа се нақби мошингузар сохта шудааст. Нақбҳои "35-солагии Истиқлолият" бо дарозии 2605 метр, "Ваҳдат" 1700 метр ва "Ориёно" 1600 метр масофаи роҳро 24 км кӯтоҳ намуда, масрафи вақт ва сӯзишвориро коҳиш медиҳанд.
Барои пешгирӣ аз хатари ҳодисаҳои табиӣ дар як қатор минтақаҳои ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод 14 пули мошингузар сохта шудааст. Дарозии пулҳо наздик ба 1150 метр буда, интиқоли молу маҳсулот ва рафтуои мардумро бидуни танаффус таъмин мекунанд.
11-уми сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор бо дарозии 54,1 км шинос шуданд.
20-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров- Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин қитъаҳои роҳ дар масофаи 52 км бо арзиши 56 миллион доллар бунёд гардидааст. Дар роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом 11 пули мошингузар ва 17 истгоҳ бунёд ёфтаанд.


КИШОВАРЗӢ
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи пурраи он бо роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ амалӣ мегардад.
Соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 84,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2024 9,5 фоиз таъмин гардид. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо дар соли 2025 барои пешрафти ин бахши муҳими иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намуд.
Давоми сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бо вазъи зироаткорӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ, парвариши занбӯри асал, чорводорӣ ва парандапарварӣ дар як қатор хоҷагиҳои кишоварзӣ шинос шуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳо таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба масъалаи обёрии заминҳо, аз ҷумла бунёду ба истифода додани хатҳои нави интиқоли об, аҳамияти кишти такрорӣ, рушди пахтакорӣ ва дигар зироат ҷалб намуданд. Аз ҷумла, 29-уми март Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи интенсивии филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ниҳоли дарахти мевадиҳанда шинонданд. Боғи интенсивӣ дар маҷмуъ, 20 гектарро ташкил дода, асосан дар ҷойи боғоти куҳнаи зардолу, ки бо гузашти бештар аз 30 сол аз самар монда буд, бунёд карда шуд.
30-юми март Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии комплекси агросаноатии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Саховат"-ро ифтитоҳ карданд.
Иқтидори корхонаи мазкур парвариши 80 ҳазор сар мурғи тухмдеҳ буда, дар як шабонарӯз дар он 65 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Дар ин фабрикаи парандапарварӣ 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудааст.
17-уми май Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва фаъолони кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи воқеии соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Таъкид шуд, ки танҳо бо саъю талоши ҳар як фард ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои худӣ мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил гардем.
Дастуру супоришҳои дигар вобаста ба пурра ба анҷом расондани кишти баҳории зироатҳо, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил аз як замин, таъмин намудани хоҷагиҳо бо тухмии аълосифати картошкаву сабзавот ва дигар намуди зироатҳо, инчунин нуриҳои маъданӣ, дода шуданд.
Фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, зотпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва растанипарварӣ аз масъалаҳои дигари ташвишовар номида шуд, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ таъсири бевосита дорад.
16-уми май Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии "Сомонҷон" ва хоҷагии деҳқонии "Эмоми Аъзам" шинос шуданд.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар парвариш ва нигоҳубини боғҳо таҷрибаи ғанӣ андӯхта, то пурра ба ҳосил даромадани ниҳолҳо миёни қаторҳои онҳоро самаранок истифода мебаранд. Дар баробари пешниҳод ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ, ҳамзамон, ба миқдори зиёд дар сардхона низ маҳсулот захира мекунанд.
20-уми июн муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии "Донаҳои Умед" боздид намуданд.
Гармхона дар масоҳати 1,5 гектар замин бунёд гардида, таҷҳизоту дастгоҳҳо барои парвариши сабзавот тибқи таҷрибаи нав аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо натиҷаҳои заҳмати сабзавотпарварон ва намоиши маҳсулот аз гармхонаи Кооперативи тиҷоратии "Донаҳои Умед" бо кормандон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои гуногуни сабзавот, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳала ба марҳала васеъ намудани масоҳати гармхона, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифат дастуру тавсияҳои муфид доданд.
Ҳамчунин, давоми сол Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дигар шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти хоҷагидорону боғпарварон шинос шуда, барои рушди ин соҳаҳо ва истифодаи самараноки заминҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, 25-уми июн дар ноҳияи Дарвоз хоҷагии моҳипарварии "Тоҷ-Корея" ифтитоҳ гардид. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мардум дар хоҷагии моҳипарварӣ бори аввал дар кишвар парвариш ва истеҳсоли моҳии нодир бо номи “Озодмоҳӣ” ба роҳ монда шуд.
Дар ноҳияи Дарвоз, ҳамчунин, Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ, аз ҷумла бузи ширдеҳ, харгӯшпарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ, 26-уми июн дар ноҳияи Рӯшон корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ ва нону маҳсулоти нонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ганҷи Рӯшон", 11-уми июл бо фаъолияти гармхонаи "Моғиён-Агро" дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуда, 12-уми июл дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич хатти оби полизиро бо се чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
20-уми июл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, бо истифодаи мақсадноки замин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТОҶ АГРО" шинос шуданд.
Ҳадафи боздид аз хоҷагӣ шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат бобати рушди соҳаи боғу токпарварӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷ мебошад.
6-уми август Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода аз заминҳои шолӣ, боғоти хоҷагии деҳқонии "Ангури Сомон" ва хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Неъмат боздид намуданд.
30-юми сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод аз боғи хоҷагии деҳқонии "Солеҳҷон" дидан намуданд.
Майдони умумии хоҷагии деҳқонии "Солеҳҷон" 1 гектар буда, дар шафати он 23 гектар замини чунин боғҳои серҳосил мавҷуд аст. Ҳосили пурбори себҳои "Зарринтоб", "Ситораи кӯҳсор" ва ноки "Нозанин", ки навъҳои асосии меваҳои боғро дар ин минтақа ташкил медиҳанд, натиҷаи заҳмати садоқатмандонаи боғдорон арзёбӣ гардид.
24-уми октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Парандаи Пушинг"-ро ифтитоҳ намуданд.
Барои парвариш ва нигоҳдории мурғ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, иқтидори умумии парандапарварӣ 40 ҳазор сар чӯҷаро дар бар мегирад. Дар маҷмуъ, дар корхонаи "Парандаи Пушинг" 15 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занони хонашин, бо кори доимӣ ва музди хуб таъмин шудаанд.
24-уми октябр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар деҳоти Пушинг чор гармхонаи наву муосири хоҷагии деҳқонии "Восеъ"-ро мавриди истифода қарор доданд.
18-уми ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 1 хатти тақсимоти оби нӯшоӣ ва 2 хатти оби полизӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Гуфта шуд, ки хатти тақсимоти оби нӯшоӣ дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои таъмини 1500 сокини маҳаллӣ бунёд карда шудааст. Баробари ба кор даромадани ин хатти муҳими тақсимоти об ҳазорон кас ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ татбиқи як лоиҳаи муҳими соҳаи обёрӣ ва беҳдошти заминҳоро иҷро намуд. Дар доираи ин амал 300 гектар заминҳои беоб ва бекорхобида пурра шодоб шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид.
Дар баробари рушду пешрафти соҳа, соли 2025 сокинони кишвар ба дастовардҳои арзандаи кишоварзӣ дар арсаи ҷаҳон низ ноил гардиданд.
8-уми июли соли рафта дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия дар ҷаласаи гурӯҳи илмиву машваратии FAO дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) расман ба феҳристи “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ” ворид карда шуданд. Ин рӯйдоди таърихӣ барои кишвари мо шарафи бузург буда, Тоҷикистонро ба қатори давлатҳое шомил намуд, ки дорои низомҳои нодири аграрӣ бо арзиши ҷаҳонӣ мебошанд.
Ҳоло беҳтарин рамаҳои гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии кишвар, аз ҷумла корхонаҳои зотпарварии "Ҳисор"-и ноҳияи Фархор, "Зотпарвар"-и шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав, кооперативҳои истеҳсолии "Сомонҷон" ва "Раҳмонҷон"-и Данғара, "Дилшод-Б"-и ноҳияи Варзоб ва дигар хоҷагиҳо нигоҳдорӣ ва афзоиш дода мешаванд. Ин муассисаҳо дар ҳифз ва такмили зоти зебои гӯсфанди ҳисорӣ нақши калидӣ доранд.
Ҳамаи дастовардҳои соли 2025 дар соҳаи кишоварзӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот ва содироти бештари маҳсулот ба хориҷ равона гардидаанд.


МАОРИФ
Маориф бахши муҳими пешбарандаи ҷомеа буда, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду пешрафти ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Афзоиши ҳаҷми маблағгузории соҳа, бунёди даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, макотиби олӣ, муассисаҳои томактабӣ дар сартосари кишвар, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷудо намудани квотаҳо барои духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдаст баҳри идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз тадбирҳои мушаххаси дар ин самт амалишуда мебошанд.
Зимни сафарҳои кории Сарвари давлат дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои томактабӣ, коллеҷҳо, гимназияҳо, мактабҳо ва биноҳои иловагии таълимии донишгоҳу донишкадаҳо ба истифода дода шуда, ба хотири шиносоӣ бо вазъи соҳа, шароити таҳсили хонандагон ва фаъолияти омӯзгорон мулоқоту вохӯриҳои судманди Пешвои миллат бо аҳли маорифи кишвар баргузор гардиданд.
Давоми соли равон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наздики 140 иншооти соҳаи маориф тариқи ҳузурию маҷозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Калонтарини ин иншоот, ки аз ҷониби Сарвари давлат ифтитоҳ гардид, Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (20.06.2025), Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (21.08.2025), Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хидматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (30.08.2025) ва ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара (23.10.2025) мебошанд.
Ба ҳолати соли 2025 шумораи муассисаҳои томактабӣ дар кишвар ба 795 адад расид, ки нисбат ба соли 2024 38-то зиёд мебошад. Дар маҷмуъ, фарогирии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ ба 312 703 кас расидааст, 30,3 фоизи онҳоро ташкил медиҳад. Вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 ҳазору 154 маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 182,7 ҳазор кӯдак таъсис дода шудааст.
Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло дар кишвар 4 ҳазору 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ иштирок карда, дар бораи сиёсати сулҳовар ва маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ мекунанд. Ин навбат чунин мулоқот 30-юми августи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи устодону донишҷӯёни пойтахт ва аҳли маорифи кишварро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин ба муносибати ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хидматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хобгоҳу ошхонаи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.


ТАНДУРУСТӢ
Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар мебошад.
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2025 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 24,1 фоиз зиёд мебошад. Агар маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он то соли 2025 ба беш аз 4,2 баробар зиёд гардида, дар даҳ соли охир 26 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар ин давра 113 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 301 муассиса таъмиру навсозӣ карда шуд. Солимӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад.
Соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳа, дастрасӣ ва баланд бардоштани сатҳи хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иншооти муҳими ин бахшро, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва саҳми соҳибкорони боҳиммат бунёд шуда буданд, мавриди истифода қарор доданд.
Аз ҷумла, 10-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии "Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ"-ро бо 20 ҷойи корӣ, 21-уми август бинои нави беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро мавриди истифода қарор доданд.
Рӯзҳои 26 ва 27-уми июн Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои беморхонаи сироятӣ ва дар маркази ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат бинои нави беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кор ва хидматрасонӣ дар он шинос шуданд.
11-уми июл Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ беморхонаи минтақавиро барои хидматрасонӣ ба аҳолии иборат аз 25 ҳазор кас мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
26-уми сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина”-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кору хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
2-юми октябр Роҳбари давлат ба таври фосилавӣ шуъбаҳои таваллуд, бачагона, эҳё ва ҷарроҳии Маркази саломатии ноҳияи Темурмаликро баъди навсозӣ ифтитоҳ намуданд.
22-юми октябр дар ноҳияи Восеъ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази ташхисии "Тибби Ҳулбук" бо 20 ҷои кор, 23-юми октябр дар ноҳияи Данғара бинои Маркази саломатии деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез барои хизматрасонӣ ба 7 ҳазор аҳолӣ, дар деҳаи Корез Маркази нави саломатӣ ва ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Биноҳои таълимии рақамҳои 2 ва 3 барои 2600 донишҷӯ бо тарҳу услуби зебои меъморӣ бунёд ёфтааст.
18-уми ноябр аснои сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Беморхонаи клиникии рақами 1 бо 200 ҷои кор, Маркази клиникавии эндокринологии вилоятӣ бо 200 кат, Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо 200 кат ва 60 ҷои кор, 19-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардио ва эндоҷарроҳии Луқмони Ҳаким бо 60 ҷои кор, дар шаҳри Истаравшан Маркази ташхисию табобатии хусусии "Салоҳиддин", Маркази офиятбахшӣ ва солимгардонии "Хушвахт", 20-уми ноябр бинои Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Гулистон бо 116 ҳуҷра баъди навсозӣ ифтитоҳ ёфтанд.
25-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсионӣ ва Маркази ташхису табобати "Шифобахши Аср"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бунёди марказҳои муосири тандурустӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дастрасии таҷҳизоти муосири соҳа дар соли 2025 барои рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ дар кишвар ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ боис гардид.
Ҳаминро хулоса кардан мумкин аст, ки дастгирию таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин соҳаи иҷтимоӣ имкон додааст, то дар муассисаҳои тандурустии кишвар мутобиқ ба талабот барои ташхису табобат шароит фароҳам оварда шавад ва беморон дар сатҳи зарурӣ муолиҷа гиранд.


ФАРҲАНГ
Роҳбарияти давлат ҳанӯз аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа: ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Давоми соли 2025 бо амрҳои махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азиз ман” гузаронида шуд.
Барои ғолибон аз ҷониби Роҳбари фарҳангпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 маблағҳои зарурӣ ҷудо шуд, аз ҷумла 6 миллиону 670 ҳазор сомонӣ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, 7,6 миллион сомонӣ барои озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва 9,2 миллион сомонӣ барои озмуни “Илм – фурӯғи маърифат”.
Падидаи дигари фарҳангӣ чоп ва ба мардуми кишвар дастрас намудани шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ "Шоҳнома" дар ду ҷилд бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха мебошад.
Ҳамчунин, бо амри дигари Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонӣ" миёни аҳолӣ эълон гардид. Бояд гуфт, ки барои баргузории он ва ҳавасманд кардани ғолибон аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.
Ҳадафи асосии баргузории озмунҳо ва тақдими "Шоҳнома" ба ҳар як оилаи кишвар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа мебошад.
Соли 2025 бо иштироки Сарвари давлат дар якчанд шаҳру ноҳияҳо дар доираи сафарҳои корӣ даҳҳо иншооти фарҳангӣ, аз қабили боғҳои фарҳангию фароғатӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, майдони Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бо гулгашту хиёбонҳои зебо, ба истифода дода шуд.
Боғи фарҳангию фароғатии Шохдара дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ (26.06.2025), дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Қалъаи Балҷувон (09.2025), бинои Қасри фарҳанг дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара (10.2025), Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев” дар шаҳри Душанбе (3.12.2025), аз ҷумлаи онҳоанд.
Ҳамчунин, давоми соли 2025 дар як қатор шаҳру ноҳияҳо даҳҳо иншооти муосири соҳаи фарҳанг бунёд ёфта, даҳҳои дигар аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллӣ бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд гардида истодааст, ки туҳфаи Ҳукумати кишвар ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Соли 2025 бо саъю талошҳои Ҳукумати кишвар 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд.
Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ” ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ” (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.
4-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими ҷоизасупории ғолибони 22-юмин Озмуни байналмилалии “Санъати китоб” миёни давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” дар номинатсияи “Гуфтугӯи фарҳангҳо” сазовори ҷойи якум гардид, ки бозгӯи баҳои баланди ҷомеаи байналмилалӣ ба андешаҳои инсонгароёна ва тамаддунофари Сарвари давлат мебошад.
Соли 2025 дар саросари кишвар ва хориҷ аз он идҳои миллию давлатӣ – Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Сада, Меҳргон, Тиргон, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Конститутсия ва ғайра дар сатҳи баланди тадорукотӣ ташкил ва баргузор шуданд.
Таҷлили бошукӯҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд, Фестивали пиряхҳо дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар шаҳри Душанбе, бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ва шоми “Шашмақом” дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса аз руйдодҳои муҳими фарҳангии Тоҷикистон дар соли 2025 мебошад.
Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва муносибати накуи инсон бо табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, аз ҷумлаи асосҳои ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд.
Зимни ироаи Паём Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми волои навбатӣ нишон дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки барои дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз чораандешӣ намоянд. Бешак, татбиқи ин иқдоми Пешвои фарҳангпарвари миллат ба таҳкиму тақвияти ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи тоҷикон ва форсизабонону ориётаборони олам нақши мондагор хоҳад гузошт.


МЕҲНАТ
Соли 2025 дар самтҳои шуғл ва таълими касбӣ корҳои назаррас анҷом ёфт. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сол 65 ҳазор шаҳрванд дар курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ бо касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, малака ва донишҳои зарурӣ аз худ намуданд.
Барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва соҳибкасб намудани бонувон ва ҷавонон грантҳои президентӣ ҷудо шудааст, ки имкониятҳои нав барои рушди малака ва дарёфти шуғл мебошанд. Давоми соли 2025 20 ҳунарманд ба дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ мушарраф гардид.
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марказҳои нави рушди малакаҳо ва касбомӯзиро мавриди истифода қарор доданд. Марказҳои нави рушди малакаҳо бо таҷҳизоти муосир, коргоҳҳои таҷрибавӣ ва синфхонаҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Ҳоло дар кишвар 52 филиали маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир фаъолият дорад.
Соли 2025 тавассути ярмаркаи ҷойҳои холии кор 8 ҳазор шаҳрванди дар бозори меҳнат осебпазир бо ҷойи кор таъмин шуд.
Тавассути барномаи давлатии “Рушди касбомӯзӣ ва дастгирии соҳибкорӣ” бошад, 1590 кас аз ҷавонону бонувон соҳиби касбу ҳунар шуданд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ба ҳисоб меравад.
Бо дарназардошти имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардад.
Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) шаванд.


ЗАНОН
Ҳукумати кишвар дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
7-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад", аз ҷумла нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бузургии модар, мақому манзалати занон дар ҷомеа ва дигар хислатҳои нодири ин олиҳаи зиндагӣ андешаронӣ карда, нақши модари тоҷикро дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату соҳибҳунар, рушди маънавии оила ва ҷомеа, инчунин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ободиву пешрафти давлати тоҷикон бисёр арзишманд унвон намуданд.
Барномаи консертии хотирнишин, ки ба ифтихори Рӯзи Модар баргузор гардид, саршор аз васфу тараннуми истиқлолу озодӣ, Ватану ватандорӣ ва мақому манзалати зан-модар буд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нақши бонувону духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа қадр мекунанд.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 бону аъзои Ҳукумат, 5 кас ба ҳайси роҳбарони мақомоти марказии назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 тан аз онҳо дар вазифаи раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.
Зимни ироаи паёми имсола Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми бонувону духтарон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани лаёқатмандони онҳо дар маркази диққати Ҳукумати кишвар қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем.
Дар ҷумҳурӣ 116 доктори илм ва 1124 номзади илм аз ҳисоби занон мебошанд. Аз ин шумора 15 доктор ва 133 номзади илмҳои дақиқ ҳастанд.
70 фоизи кормандони соҳаи маориф аз ҳисоби занон ва қариб 40 фоизи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар кишвар Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва нақшаи амали он, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 – 2025” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2028” ва нақшаи он амал мекунад.


ҶАВОНОН
Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.
Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар қарор доранд.
Ҳукумати кишвар ба хотири таъмини шароити созгор барои таҳсилу зиндагӣ ва кори ҷавонон Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026 ва Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027ро қабул намуда, амалӣ месозад.
Давоми моҳи майи соли 2025 дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус дар пойтахти кишвар, чорабиниҳои мухталифи идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор шуд.
22-юми майи соли 2025 дар арафаи иди ҷавонон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ҷавонони кишварро бо Рӯзи ҷавонон табрик намуданд. Дар Паёми Роҳбари давлат омадааст: “Ҷавонони мо имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа: илму маориф, тандурустиву фарҳанг, омӯхтан ва истифодаи техникаву технологияҳои пешрафта, соҳибкориву саноат, кишоварзиву энергетика ва хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас доранд”.


ВАРЗИШ
Соҳаи варзиш ба таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ равона гардидааст.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти муҳим будани рушди инфрасохтори соҳа бунёду навсозии даҳҳо иншооти варзишӣ амалӣ гардид.
Соли 2025 низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти муҳими варзиширо мавриди истифода қарор доданд.
Аз ҷумла, 3-юми июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмон дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Иншооти муҳташами варзишӣ дар майдони 9,5 гектар таҳррезӣ гардида, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бунёди калонтарин иншооти варзишии Тоҷикистон дар идомаи тадбирҳо ба фароҳамсозии инфрасохтори кору хизматрасонии сатҳи баланд дар пойтахти кишвар равона гардидааст.
25-уми июн Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ як толори варзиш ифтитоҳ намуданд, ки дар он инфрасохтор барои ба машқу тамрин фаро гирифтани дӯстдорони варзиш муҳайё гардидааст.
22-юми октябр Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро бо 21 ҳазор ҷойи нишаст ва дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод бинои Маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Варзишгоҳи марказӣ барои тамрин ва бозии дастаҳои футболи ноҳия, баргузории мусобиқаҳо, тарғиби варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон ба футбол бунёд ёфтааст.
Мавриди зикри хос аст, ки ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншооти дигар идома дорад, ки барои амалисозии ҳадафҳои ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба тарғиби футбол замина мегузорад.
Дар соли 2025 варзишгарони тоҷик тавонистанд ба як қатор дастовардҳое ноил шаванд, ки дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бесобиқа мебошанд. Аз ҷумла, бори нахуст дар радабандии кишварҳои иштирокдор дар Мусобиқаи бонуфузи байналмилалии Гранд-слами Душанбе – 2025, ки бо иштироки 226 варзишгар аз 27 давлати ҷаҳон баргузор гардид, варзишгарони тоҷик бо ба даст овардани 11 медал, аз ҷумла 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ, дар зинаи якум қарор гирифтанд. 3 варзишгари тоҷик, аз ҷумла Нуралӣ Эмомалӣ, Темур Раҳимов ва Обид Ҷебов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо иштирок намуда, се медал ба хазинаи варзишии кишвар ворид намуданд; 2 варзишгари тоҷик Хусравхон Раҳимов ва Акмал Убайдов аз риштаи бокс дар Чемпионати ҷаҳон иштирок карда, ду медал ба хазинаи варзишии кишвар ворид намуданд ва нахустин маротиба варзишгардухтари тоҷик Мадина Қурбонзода дар Чемпионати осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон, Гранд- слами Душанбе иштирок карда, ба хазинаи варзишии кишвар якуякбора 3 медал, аз ҷумла 1 тилло ва 2 биринҷиро ворид намуд.
Ҳамчунин, бори нахуст варзишгарони дорои имконияташон маҳдуд аз рӯи намуди вазнбардорӣ ва дастхобонӣ дар Бозиҳои осиёӣ дар шаҳри Дубайи АМА миёни наврасон иштирок карда, сазовори 4 медал, аз ҷумла 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, гардиданд. Ҳамзамон, бо ин ғалаба варзишгари тоҷик Фатҳиддин Аҳмадӣ дар вазнбардории 63 кг рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт.
10-уми феврали соли 2025 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо ба имзо расид, ки тибқи он барои қадршиносии 46 ғолибу ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо 1 787 500 (як миллиону ҳафтсаду ҳаштоду ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Ин иқдом идомаи қадршиносиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди варзиш ва ҳавасмандгардонии варзишгарони баору номуси Тоҷикистон буда, бори дигар собит менамояд, ки рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамеша дар мадди назари Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.


САЙЁҲӢ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди бахши сайёҳӣ дар кишвар заминаҳои мусоиди моддӣ фароҳам овардааст.
Давоми соли 2025 беш аз 1,8 миллион сайёҳ ба кишвар, аз ҷумла 1,1 миллион кас ё 61 фоизи онҳо ба шаҳри Душанбе, ташриф оварда, аз хизматрасониҳои пойтахт баҳра бурдаанд.
Соли 2025 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор шаҳру ноҳияҳо иншооти соҳаи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид.
Аз ҷумла, 25-уми июн дар ноҳияи Дарвоз комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” бо деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С”, 27-уми июн дар маркази шаҳри Хоруғ чойхонаи Хатлон ва меҳмонхонаи он бо 25 ҷои хоб ва 15 ҷои кор, 13-уми июл дар ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" маҷмааи навбунёди меҳмонхонаи панҷошёнаи Кайҳон бо 90 ҳуҷра барои 190 меҳмон, 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5-ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” барои 150 мизоҷ бо 150 ҷои корӣ ва 23-юми октябр дар ноҳияи Данғара Маркази хизматрасонии сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо ташаббуси мақомоти шаҳрдорӣ соли 2025 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дуюмин Намоишгоҳи "Душанбе интернешнл туризм эксибишн" 2025 (Dushande International Tourism Exhibition 2025) баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 ширкати хизматрасонии сайёҳӣ аз хориҷи дуру наздик иштирок намуд.


СОХТОРҲОИ НИЗОМӢ ВА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ТАРТИБОТ
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар, таъминоти моддию техникӣ ва кадрии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон муҷаҳҳаз бо техникаҳои муосири низомӣ ва кадрҳои ботаҷрибаю соҳибкасби ҳарбӣ ба як ниҳоди пурқувват ва сипари боэътимоди Ватан мубаддал гардидааст.
Таҷлили хотирмони 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руйдодҳои муҳими соли 2025 буд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили ин санаҳои таърихӣ иштирок намуда, як қатор иншооти нав, аз ҷумла биноҳои маъмурии сохторҳои низомӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни низомиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
22-юми феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи кишвари биҳиштосо андешаҳои худро баён доштанд.
Баъди суханронии Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ паради ҳарбӣ бо иштироки 10 ҳазор хизматчии низомӣ баргузор шуд.
5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни таърихии 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Баъди суханронии Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки дар он 5 ҳазор хизматчии низомӣ иштирок намуданд.
Дар майдони сафороӣ дар баробари ҳайати шахсӣ шумораи зиёди техникаи гуногуни зиреҳпӯши ҷангӣ ва навъҳои мухталифи мошинҳои ҷангию хизматӣ гузошта шуда буд. Парвози тайёраҳои ҷангӣ аз болои маҳалли баргузории чорабинӣ, иҷрои бомаҳорати амалҳои мухталифи сарнишин ва ғурриши муҳаррики тайёра дар осмон ба паради низомӣ шукӯҳи дигар бахшид.
13-уми июл бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ ёфт.
19-уми август Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия – "Шоҳин"-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳамон рӯз ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони литсеи "Дурахшандагон"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 640 хонанда бо хобгоҳи муосир барои 260 кас муаррифӣ гардид.
10-уми ноябр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Сино ва дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ, маркази инноватсионӣ бо маҷмуи бинову иншооти хизматиро ифтитоҳ намуданд.
Ҳамчунин, ба таври фосилавӣ биноҳои нави истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ва ду бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфт.
24-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 31 соли фаъолияти худ Қӯшунҳои сарҳадӣ мукаммалу пуриқтидор гардида, рӯз то рӯз шароити хизматию маишии афсарону сарбозони он хубтару беҳтар мешавад. Ин раванд, бахусус давоми 2 – 3 соли охир, хеле авҷ гирифта, дар ин муҳлати кӯтоҳ, аллакай, 80 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд ёфт ва бо техникаю таҷҳизот ва ҳама лавозимоти ҳарбӣ ва хизматию маишӣ таъмин гардид.
25-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳи қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро мавриди истифода қарор доданд.
26-уми июн Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бинои замонавии прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат аз кормандони прокуратура талаб намуданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардуми кишвар анҷом диҳанд.
11-уми июл Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ба таври фосилавӣ бинои раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар деҳоти Саразм ифтитоҳ намуданд. Давоми сол, ҳамчунин, шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Балҷувон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби биноҳои наву муҷаҳҳаз шуданд.
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави прокуратураи шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуданд.
Бинои хизматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори Ҷашни бузургу пуршукуҳи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардид.
9-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд.
Бинои мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони Агентӣ бунёд шудааст.


ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Солҳои истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушду пешрафти пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.
Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохтору хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина, таъсис додани ҷойҳои нави кор, инчунин, дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо чорабиниҳои судбахш амалӣ менамояд.
Соли 2025 бо комёбию дастовардҳои назаррасаш барои сокинони пойтахт соли фаромушнопазир аст. Агар ба рақамҳои оморӣ назар созем, ин пешравиҳо бармало мушоҳида мегарданд.
Соли 2025 аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар ва дар ин замина, баланд бардоштани некуаҳволии сокинони пойтахт, инчунин, ба марҳалаи нави рушд ворид намудани шаҳри Душанбе як қатор иқдомоти созанда татбиқ гардида, 46 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфт.
Рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе бо нишондиҳандаҳои устувор таъмин шуда, суръати афзоиши маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 8,3 фоизро ташкил дод ва буҷети шаҳр 22,2 фоиз барзиёд иҷро гардид.
Дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, раванди бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ин давра вусъати тоза касб намуда, 62 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд ва суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 26 фоиз таъмин гардид.
Дар баробари ин, суръати рушди маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба соли 2024 31 фоиз зиёд гардида, ба масоҳати 713 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба истифода супорида шуд.
Аз ҷумла, дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе 6 муассисаи таълимӣ барои 19 ҳазор хонанда ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 тарбиягиранда ба истифода дода шуд.
Дар шаҳр сохтмони 39 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 70 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 97 муассисаи томактабӣ барои 24 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад.
Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳр дар маҷмуъ, 60 километр роҳ ба маблағи 406 миллион сомонӣ навсозӣ ва асфалтпӯш гардид.
Зимни сафари расмии Роҳбари давлат ба Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин дар маросими ботантана ба Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омузиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе ба таври фосилавӣ санги асос гузоштанд, ки дар он раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Давоми соли 2025 аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири рушду пешрафти пойтахт шумораи зиёди иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ гардид.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 30 электробус дар ҶДММ “Акиа Авесто автоматив индастри” ва ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсоли кошин, серанит, хишти сабук ва оҳаки корхонаҳои "Сантайлс" бо 650 ҷои кор, ҶДММ "Гардӣ" оид ба истеҳсоли сарулибоси мардонаву занона ва кӯдакона бо 210 ҷои корӣ, ҶДММ "Кока-Кола" бо 100 ҷои корӣ, ҶДММ “Покиза М” оид ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ бо 80 ҷои кор ва корхонаи заргарии ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" дар шаҳри Душанбе барои истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ бо 60 ҷои кор, бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Фирдавсӣ, бинои КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо 200 ҷои кор, муассисаи таҳсилоти томактабии “Дурахшон” барои 300 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Марям" барои 200 кӯдак, марҳалаи дуюми муассисаи таълимии хусусии “Ҳоризон” барои ба таҳсил фаро гирифтани 820 хонанда дар як баст, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ барои 3400 хонанда дар ду баст, бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансур барои 2900 хонанда дар ду баст, кӯдакистони №59 дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои 450 кӯдак, меҳмонхонаи 5-ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” (Crowne Plaza Dushanbe) дар ноҳияи Сино, бинои нави маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Сино, маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ, Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Ватанпарвар" дар ноҳияи Шоҳмансур барои 12 гурӯҳ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии кӯдакистони байналмилалии инноватсионии "Басбӣ" барои 600 кӯдак, муассисаи таҳсилоти томактабии "Гулистон" дар ноҳияи Сино, бинои нави муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе ва Муассисаи давлатии "Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе" аз ҷумлаи натиҷаҳои фаъолияти созандагию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 мебошад.
Давоми соли 2025 раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур, бинои шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро ва Муассисаи таҳсилоти томактабии "Афрӯза" барои 120 ҷой дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд.
Амалинамоии тадбирҳои судманди роҳбарияти шаҳрдорӣ барои бунёди “Душанбе – шаҳри сабз” натиҷаи мусбат нишон дода, шинохт ва мавқеи пойтахтро дар минтақа ва ҷаҳон бамаротиб боло бардошт, ки ин дастовард Душанберо ҳамчун пешоҳанг дар минтақа эътироф намуд.
Яке аз руйдодҳои муҳим эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун “Пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026” мебошад, ки қарор дар ин бора аз ҷониби Шурои иҷроияи фарҳангии Осиё 28-уми ноябри соли 2025 қабул гардид.


СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Соли 2025 Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки дар меҳвари онҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон қарор дорад.
Воқеаи басо фараҳбахши ин сол ҳал шудани масъалаҳои сарҳадӣ миёни кишвари мо бо Ҷумҳурии Қирғизистон ба шумор меравад, ки тайи беш аз сад соли охир баҳсталаб буд.
Баимзорасии шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз дигар падидаҳои неки сол ба шумор мераванд, ки барои дӯстии ҷовидонаи кишварҳои минтақа муҳри тасдиқ заданд.
Ҳамчунин, Тоҷикистон барои амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси кишвари мо қабул шуда буд, нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Дар он намояндагони кишварҳои зиёд ва бонуфузтарин созмонҳо меҳмони Ватани азизи мо буданд.
Тавассути қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси дигари кишвари мо – «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид, ки барои ба технологияҳои навин пайвастани минтақа қадами устувор аст.
Қабул гардидани ташаббуси нави Тоҷикистон зери унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», агар барои ҳифзи ҳаёт дар рӯи Замин нигаронда шуда бошад, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи Тоҷикистон ҳамчун яке аз гаҳвораҳои фарҳангу тамаддун аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Гузашта аз ин, моҳи декабр бо иқдоми кишвари мо аз ҷониби СММ соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон шуд, ки ин ташаббус низ барои тақвияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тамоми сокинони рӯи Замин нигаронида шудааст. Ин чанд далел ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон ва ҳамзамон, дар фикри беҳбуди ҳаёти башар будани сарзамини мост.
Дар ин баробар, сафарҳо ва иштироку суханрониҳои Пешвои миллат дар конфронсу ҳамоишҳои сатҳи баланд барои шиносоии шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва боло бурдани нуфузу эътибори он ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвари ҷаҳон нақши бориз гузоштанд.
Сафарҳои роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва баргузории ҳамоишу конфронсҳои сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе бошад, ҳамоно Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амну осоишта ва пешрафтаву мутараққӣ муаррифӣ менамояд.
Дар маҷмуъ, соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 11 кишвари дунё 20 сафари пурмаҳсули давлативу расмӣ ва корӣ анҷом доданд.


ТАНТАНАИ НАВРӮЗ
Ё саҳми боризи Пешвои миллат дар тақвияти дӯстӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ
Тавре дар боло зикр кардем, муҳимтарин дастоварди сиёсати хориҷии кишвар дар соли 2025 ин имзои Шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар шаҳри Хуҷанд буд, ки дар айёми Наврӯз мужда аз ҳамдилии миллатҳо дод. Ба ин муносибат, 31-уми март сарварони давлатҳои Қирғизистону Ӯзбекистон муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ барои мулоқоту музокироти сеҷониба, иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Билохира, Тоҷикистон бо хиради волои Сарвари ботадбираш ба баҳси 100-солаи марзӣ бо ҳамсояи наздикаш Қирғизистон на танҳо нуқта гузошт, балки Аҳдномаи дӯстии ҳамешагиро бо ин кишвар ва ҳамсояи дигарамон Ӯзбекистон ба имзо расонд, ки саҳифаи тозаву ибратомӯзи китоби сулҳи дунёст.
Зимни мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони кишварҳои дӯсту бародар вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо таваҷҷуҳ ба афзун намудани ҳаҷми гардиши мол ба манфиати тарафҳо донистанд.
Дар мулоқоти сеҷонибаи сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро рӯйдоди басо муҳим унвон намуданд. Изҳори итминон гардид, ки бо имзо шудани ин санади таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон бо Қирғизистону Ӯзбекистон марҳалаи сифатан нави рушд оғоз меёбад.
Ифтитоҳи фосилавии сутуни рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон, ки дар доираи мулоқоти сеҷониба доир гашт, ифодагари дӯстии ҷовидонаи мо бо ҳамсоягон аст.
Ғайр аз ин, яке аз воқеаҳои фараҳбахши дигар, ки зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба кишвари мо рух дод, дар фазои тантанавӣ ба истифода додани қитъаи Датка – Суғди хатти 500 кВ-и интиқоли барқи CASA – 1000 буд.
Имзои Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ, ки баъди мулоқоти хоса дар фазои мутантан сурат гирифт, аз сатҳи нави ҳамкорӣ бо ин кишвари дӯсту бародар дарак медиҳад.
Ҳамин аст, ки тантанаи Наврӯзи байналмилалӣ беш аз ҳар вақти дигар ғулғула андохт ва аз қалби Тоҷикистон то ба гӯши аҳли олам расиду номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар саросари дунё чун раҳбари сулҳҷӯву сулҳхоҳ вирди забонҳо гашт. Чеҳраҳои саршиноси олами сиёсату фарҳанги ҷаҳон аз таҷрибаи сулҳоварии Сарвари давлати мо ва ҳусни ҳамсоягии се кишвари Осиёи Марказӣ ибрози андеша карданду аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, то соири кишварҳо шодбош гуфтанд.
Бояд таъкид сохт, ки ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мусоидат намуд.
Ин буд, ки, аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2025 ба президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой дода шуд. 21-уми декабр Ҷоиза дар Консерваторияи давлатии Сант-Петербург дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарони ин кишварҳо барои саҳми бузургашон дар таҳкими сулҳу амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ тақдим карда шуд.


ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Имкониятҳои нав барои рушди устувор ва шукуфоӣ
Соли 2025 кишварҳои Осиёи Марказӣ ба марҳалаи нави рушд ворид шуданд. Дар минтақа фазои эътимод, ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобила заминаи пешрафти муштаракро фароҳам овард, ки ин раванд дар натиҷаи фаъолияти мақсаднок ва идораи дурусти сиёсии роҳбарони давлатҳо ба даст омадааст.
Ин нукта моҳи ноябри соли 2025 дар пойтахти Ӯзбекистон - шаҳри Тошкент дар вохӯрии ҳафтуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд, махсусан таъкид гардид. Бояд гуфт, ки вохӯрии навбатӣ аз ҳамоишҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошт. Яке аз афзалиятҳои асосии вохӯрӣ ҳамчун узви комилҳуқуқ ба ҷаласаҳои машваратӣ ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Озарбойҷон маҳсуб меёбад. Дар он сарварони кишварҳои аъзо созишномаҳои ҳамкориро дар бахшҳои гуногун ба имзо расонданд, ки рушди минбаъдаи кишварҳои Осиёи Марказиро дар оянда муайян мекунанд. Ҳамчунин, дар ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.
Бояд махсус таъкид кард, ки баъд аз ҳалли пурраи масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ва имзои Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ таваҷҷуҳи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба Осиёи Марказӣ бештар гардида, ҳамоишу вохӯриҳо бо кишварҳои минтақа дар қолабҳои нав рӯйи кор омаданд, ки формати “Осиёи Марказӣ плюс” аз ҷумлаи онҳост. Ғайр аз ин, мавқеи ҷуғрофӣ, захираҳои энергетикӣ ва сарватҳои табиию зеҳнии кишварҳои минтақа уфуқҳои навро барои густариши ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо кишварҳои олам мекушояд.
Соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сарварони кишварҳои аъзои қолабҳои “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”, “Осиёи Марказӣ - Италия”, “Осиёи Марказӣ - Чин”, “Осиёи Марказӣ - Русия”, “Осиёи Марказӣ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” ва “Осиёи Марказӣ - Ҷопон” иштирок намуданд.
Аз ҷумла, 3-юми апрел дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамоиши “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо” доир гашт.
Зимни суханронӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупоро дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида, таъкид карданд, ки густариши ҳамкорӣ ба тақвияти бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ мусоидат менамояд.
Дар мулоқотҳо бо президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Антониу Кошта, президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен ва президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассо, ки дар доираи ин ҳамоиш баргузор гардид, масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, Сарвари давлати мо дар ҳошияи ин ҳамоиш бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот карда, дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ” иштирок намуданд.
Ҳолати кунунӣ, густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ 30-юми май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия”, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он иштирок намуданд, матраҳ гардид. Таъкид шуд, ки натиҷаҳои ин нишаст барои тақвияти робитаҳои Осиёи Марказӣ ва Италия такон хоҳанд бахшид.
Зимни мулоқоти хоса бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш, маориф, ҷудо кардани бурсияҳои донишҷӯӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, кушодани филиалҳои мактабҳои таҳсилоти олии Италия дар кишвари мо аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Ҷаласаи дигари дар ин қолаб баргузоршуда Ҳамоиши дуюми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ - Чин” буд, ки ба ин муносибат 16-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.
Нахуст, 17-уми июн дар шаҳри Остона Сарвари кишвар бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардида, як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиши имрӯза метавонад дар расидан ба тамоми ҳадафҳои созандаи мо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир гузорад. Дар навбати худ, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва алоқамандии кишварашро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Чин мебошад.
Ҳамоиши "Осиёи Марказӣ - Русия", ки 9-уми октябр кишвари мо онро мизбонӣ кард, дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ширкат варзида, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар ин баробар, ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин, саъю кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини субот ва амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Аз рӯйи натиҷаи кори ҳамоиш Эъломияи ҷамъбастии ҳамоиши "Осиёи Марказӣ - Русия" ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025 - 2027 қабул гардид.
Баргузории ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) аз рӯйдодҳои дигари муҳими соли 2025 ба шумор меравад.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш 5-уми ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп ба шаҳри Вашингтон сафар намуданд.
Сарвари давлати мо бо Президенти Амрико муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуда, масоили вобаста ба таҳким ва густариши робитаҳои ду кишварро баррасӣ намуданд.
Дар зиёфати кории ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамият ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд.
Зимнан, ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ҳошияи ин дар шаҳри Вашингтон мизи мудаввари сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико баргузор гардид, ки дар он роҳбарони як қатор вазорату идораҳои Тоҷикистон ва доираҳои соҳибкорӣ, аз ҷониби Амрико бошад, намояндагони Конгресс ва Вазорати тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, инчунин, сардорони ширкатҳои маъруфи байналмилалӣ ширкат намуданд. Мизи мудаввар минбари муҳим барои тақвияти ҳамкории иқтисодии ду кишвар номида шуда, дар он имкониятҳои нави ҷалби сармоя, густариши савдо ва татбиқи навгониҳо миёни давлатҳо баррасӣ гардиданд. Аз рӯйи натиҷаи кори мизи мудаввар байни ширкатҳои амрикоӣ ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Амрико як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, сармоягузорӣ, мубодилаи технологияҳо ва дигар бахшҳои иқтисод, аз ҷумла байни ширкати ватании «Сомон Эйр» ва ширкати амрикоии «Боинг», шартномаи дарозмуҳлат оид ба хариди 14 ҳавопаймои муосир ба имзо расид.
Охирин ҷаласаи ин қолаб дар соли 2025 ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар он 18-уми декабр ба кишвари Ҷопон сафар намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио дар Ҳамоиши муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" иштирок ва суханронӣ намуда, дар Форуми тиҷоратии "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" низ иштирок карданд.
Дар ҳамоиши муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамзамон, дар Форуми тиҷоратии "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории он таҳкими минбаъдаи муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, хусусан бо таваҷҷуҳ ба самтҳои "рушди сабз" ва устуворӣ, рақамикунонӣ, молия, зарфияти инсонӣ ва рушди низоми иҷтимоӣ барои тиҷорат мебошад.


АЗ ДУШАНБЕ ТО НИТСА
Аз эътирофи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат то ҳамгироии миллатҳо
Рӯзҳои 29-31-уми май Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси аввали байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо буд. Зиёда аз 2500 кас аз 80 кишвари олам дар ин ҳамоиши муҳими сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуд. Зимни 8 форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канории дар доираи Конфронс роҳандозишуда паҳлуҳои муҳими масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд гуфт, ки барои инъикоси Конфронс беш аз 450 хабарнигори васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ, аз ҷумла 150 рӯзноманигор аз расонаҳои хориҷӣ, номнавис шуда буд.
30-юми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо тайи даҳсолаи охир, бесобиқа будани ин равандро дар таърихи инсоният таъкид намуданд ва иттилоъ доданд, ки тибқи арзёбии коршиносон соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пирях ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид. Ғайр аз ин, тағйирёбии иқлим, аллакай, тақрибан сеяки пиряхҳои кӯҳиро дар саросари ҷаҳон аз байн бурд. Яъне, ин танҳо мушкилоти экологӣ нест, балки ба бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният алоқамандии зич дорад. Аз ин рӯ, ҳифзи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор замина мегузорад.
Баъди суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ва як қатор масъулону коршиносони сатҳи баланд, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сухан гуфта, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти пиряхҳо ва ҳифзи онҳо баҳои баланд доданд. Аз рӯйи натиҷаи кори нахустин Конфронс Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо ва Даъвати Душанбе қабул гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳошияи Конфронс Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор намояндагони воломақоми кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқот намуданд. Аз ҷумла, бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоу, муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенга, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, муовини раиси Шурои машваратии сиёсии Ҷумҳурии Мардумии Чин, раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэ, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло, ноиби президенти Бонки осиёии рушд Ингминг Янг, директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел, муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад, муовини Дабири кулли СММ, котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсиаҳ Алишаҳбана, директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Молик ва директори иҷроияи Фонди иқлимии сабз Мафалда Дуарте вохӯриҳои Сарвари давлат доир гардид.
Воқеан, ҳоло ҷомеаи башарӣ дар ҳалли масоили обу иқлим ба ваҳдати сартосарӣ ниёз дорад, то фардои ҳаёт дар рӯйи замин ҳифз шавад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бошад, тайи беш аз 20 сол аст, ки ба масъалаи мазкур нигаронда шудааст ва Сарвари давлат аз меҳмонҳои ифтихории чорабиниҳои дар ин самт баргузоршаванда дар саросари ҷаҳон мебошанд.
Ҳамин аст, ки баъди Конфронси аввали байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Пешвои миллат барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ, солҳои 2025 - 2034 ва Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус (UNOC-3) ба шаҳри Нитсаи Фаронса сафар намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025 - 2034 аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса қабул шудааст.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025 - 2034 иштирок ва дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус суханронӣ намуданд. Дар кори Конфронс 15 ҳазор иштирокдор аз 120 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 70 созмони байналмилалию минтақавӣ, сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои 50 кишвар ширкат варзиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ва Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Ҳун Манет мулоқот анҷом доданд. Дар вохӯриҳо масоили густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо ин кишварҳо баррасӣ гардиданд. Ғайр аз ин, Роҳбари давлат бо як қатор иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.
Иштирок дар ин чорабиниҳои муҳим бори дигар нишон дод, ки Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо яке аз шахсиятҳои калидии минтақа мебошанд, балки дар кулли ҷомеаи башарӣ эътибори хос доранд. Бахусус, ба хотири талошҳои пайваста ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар роҳи тарғиби сулҳу субот ва пешбурди босамари дипломатияи глобалии обу иқлим, ки бо номҳои “Раванди зиддитеррористии Душанбе” ва “Раванди оби Душанбе” аз минбарҳои ҷаҳонӣ зикр мегарданд.
Ин аст, ки ҳамакнун ҷомеаи байналмилалӣ ба ҳарфи Тоҷикистон гӯш медиҳад, пешниҳодҳояшро қабул менамояд ва мутобиқи он барномарезиҳои ҷаҳонӣ сурат мегирад.


ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ
Раёсати босамари Тоҷикистон дар соли 2025
Моҳи октябр шаҳри Душанбе мизбони ду ҳамоиши байналмилалӣ - ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамоиши "Осиёи Марказӣ - Русия" буд. Ба ин муносибат сарварони кишварҳои иштирокдори ИДМ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар Душанбе, ҳамчунин, сафари давлатӣ дошт. Дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ ба имзо расид.
Дар ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, ҳамчунин, таъмини суботи энергетикӣ ва пешбурди фаъолонаи ҳамкории башардӯстона равона гардид. Ҳамзамон, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аҳамияти хоса дода шуд. Пас аз суханронии сарварони давлатҳо ва гузориши Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санадҳои дахлдор қабул шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи ин ҳамоиш бо қарори раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои иштирокдори ИДМ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона сарфароз гардонда шуданд.
Сарвари давлати мо ин ҷоизаро эътирофи баланди саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар доираи ИДМ маънӣ доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин рӯзҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом доданд.
Мулоқоти дуюми роҳбарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар вохӯрии ғайрирасмӣ дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид, ки дар он маҷмуи масоили ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию башарӣ баррасӣ шуданд.
Раёсати босамари Тоҷикистон дар Иттиҳод дар соли 2025 махсусан таъкид гардид. Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ беш аз сад чорабинӣ баргузор гашт.
Ҳамчунин, дар ҳошияи нишаст мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардида, ҷанбаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуданд.
Сарварони давлатҳо куштори бераҳмонаи шаҳрванди 10-солаи Тоҷикистон Қобилҷон Алиевро шадидан маҳкум карда, зарурати тафтиши беғаразонаи ин ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи гунаҳкоронро таъкид намуданд.
Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва наздикону пайвандони Қобилҷон Алиеви фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, таъкид дошт, ки чунин амалкардҳои террористӣ, бахусус нисбати кӯдакон, аз доираи фаҳмиши инсонӣ берун аст. Сарварони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ба мақомоти дахлдори ҳар ду ҷониб дастур диҳанд, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо чунин амалҳои зӯроваронаро тақвият диҳанд ва дар ин самт чораҳои фаврӣ андешида шаванд.


АЗ ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОНИ ВОЛОМАҚОМ ТО ҲАМОИШҲОИ САТҲИ БАЛАНД
Мавриди зикр аст, ки соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор сарварони давлатҳо ва меҳмонони воломақоми хориҷиро, ки бо сафарҳои давлатӣ ва расмиву корӣ ба кишвари мо ташриф оварданд, пазироӣ намуданд. Дар ин мулоқоту вохӯриҳо масоили мутақобилан судманди тарафҳо матраҳ гардида, ба ин васила ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мусоидати фаъол сурат гирифт.
Дар соли 2025 нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён 15-уми январ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар сурат гирифта, муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама самтҳо баррасӣ гардиданд. Атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ табодули афкор сурат гирифт. Зимни музокирот вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорию гардишгарӣ, амният, илму фарҳанг, тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.
Аз рӯйи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин сафар дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарварони ҳар ду давлат ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар баргузор гардид, ки аз рӯйи натиҷаҳои он 13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Эрон ба маблағи зиёда аз 450 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳими моҳи июл буд.
8-уми июл дар вохӯрии ҳайатҳои ду давлат дар Қасри миллат доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, баррасӣ гардиданд.
Рушди робитаҳои парлумонӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ, сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои логистика, энергетика ва тандурустӣ, аз мавзуъҳои дигари музокироти ду кишвар буданд.
Дар рафти ин сафар 13 санади нави ҳамкорӣ имзо шуда, сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии "Тоҷварон" - "Қарамиқ" дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд, ки барои густариши минбаъдаи робитаҳо миёни ду кишвар нақши бориз хоҳад гузошт.
Баргузории Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе аз чорабиниҳои муҳими ин сафар буд, ки роҳбарони давлатҳо дар он ширкат варзиданд.
24-уми июл Президенти Ҷумҳурии Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар мулоқоту музокироти Тоҷикистону Муғулистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва масоили мубрами рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Сарвари давлати мо изҳори бовар намуданд, ки табодули афкори судманди имрӯза ба раванди таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар такони мусбат хоҳад бахшид. Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои кишварҳоро ба сатҳи нав мебардорад.
14-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе Инвест- 2025 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ҳошияи Форум Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчан, вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизода, вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад ас-Сайид ва вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.
Соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони ҳукуматҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба Душанбе ташриф оварда буданд, мулоқот намуданд.
Мулоқотҳои мазкур яке дар моҳи июн ва дигаре дар моҳи ноябр доир гаштанд. Дар вохӯриҳо масоили ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳод ва рӯзномаи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ баррасӣ гардиданд.
Қабули сафирону дигар намояндагони баландпояи хориҷӣ ҷузъи дигари фаъолияти Пешвои миллат дар самти сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Давоми соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъини 27 кишвари хориҷиро қабул намуданд.
Сарвари кишвар дар суханрониии худ аз сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-и Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр карданд, ки кишвари мо бо такя ба Консепсияи сиёсати хориҷӣ бо кишварҳои олам робитаҳои дӯстонаро тақвият медиҳад.
Давоми соли 2025 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои молиявиро низ ба ҳузур пазируфтанд.


АЗ ОСИЁ ТО АМРИКО
Соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздидҳои давлатию расмӣ ва иштирок дар конфронсу ҳамоишҳо ва чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ ба як қатор кишварҳои хориҷ сафар намуданд. Аз ҷумла, 12-уми март Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд, ки ин яке аз се сафари давоми ин сол ба ин кишвари ҳамсоя анҷомдодаи Сарвари давлати мо буд.
Дар музокироти сатҳи олӣ, маҷмуи масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуданд. Дар доираи ин сафар таваҷҷуҳи асосӣ ба бештар намудани равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имкониятҳои ҳар ду кишвар дар ин самт, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ, инчунин, нақлиётии мусофиркаш миёни кишварҳо равона гардид.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, илму маориф, кишоварзӣ, саноат, энергетика, сайёҳӣ, истифодаи самараноки захираҳои об, роҳу нақлиёт аз масъалаҳои муҳими музокироти сатҳи олии ду кишвар буд.
Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарварони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд. Инчунин, 16 санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расид.
Сарварони кишварҳо дар маросими бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиев ва Раиси Девони вазирони кишвар Адилбек Касималиев мулоқот намуданд, ки дар ин вохӯриҳо масоили мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба иҷрои тавофуқоти дар ҷараёни сафари давлатӣ ҳосилшуда, баррасӣ гардиданд.
Дар доираи сафари дуюми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Чолпон-Ота мулоқоти кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ҳамаҷониба муҳокима гардида, натиҷаҳои самараноки сафарҳои давлатии чанде пеши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин замина, сарварони давлатҳо муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои дуҷонибаро таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Боздиди сеюми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ба Ҷумҳурии Қирғизистон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба 26-уми ноябр рост омад.
Дар ин нишаст ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи СААД мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар низоми амнияти минтақавӣ нақши муҳим бозида, кафили амну субот ва тақвияти имкониятҳои мудофиавии кишварҳои минтақа мебошад.
Дар рафти сафар, ҳамчунин, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гашт, ки масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар меҳвари суҳбат қарор гирифт.
16-уми март Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.
Масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хоссаи сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ва дар вохӯрии васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар матраҳ гардиданд. Ҷонибҳо рушди босуръати ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро дар солҳои охир таъкид карда, ба масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, фарҳанг ва маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо барои таҳияи нақшаи чорабиниҳои байниҳукуматӣ то соли 2030 ҷиҳати афзун кардани ҳаҷми савдои мутақобила ба мувофиқа расиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин сафар дар толори Қасри Кремл ба бунёди ду иншооти муҳим – Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе ба таври маҷозӣ оғоз бахшида шуд, ки аз маҳали сохтмон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ гузориш доданд.
Бо розигии сарварони давлатҳо барои бунёди иншооти болозикр аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони масъули ду ҷониб санги асос гузошта шуд.
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия бо имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия ба анҷом расид.
9-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Маскав сафар намуданд.
Дар доираи иштирок дар паради ҳарбӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон дидору суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.
Зимни иштирок дар ҷаласаи сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 4-уми июли соли 2025 баргузор гашт, ба густариши ҳамкорӣ дар доираи СҲИ дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ чун шарти муҳими таъмини рушди устувор дар минтақа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар шаҳри Ханкенди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ва бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд.
Соли 2025 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ду сафари корӣ анҷом доданд. Дафъаи аввал 4-уми август Президенти кишвари мо барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ба шаҳри Туркменбошии Туркманистон сафар карданд. Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти ин кишвар Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуда, доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишварро баррасӣ намуданд. Сипас, Роҳбари давлат дар мулоқоти сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳошияи Конфронс баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар нишаст ба масъалаҳои таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Сафари дуюми Президенти кишвар ба Ҷумҳурии Туркманистон ба 11-уми декабр рост омад. Пешвои миллат барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод озими шаҳри Ашхобод шуданд.
Дар доираи ин сафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд, ки тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ аз масоили муҳими суҳбат буданд.
Баъдан, Сарвари кишвар дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар доираи Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, 2025 баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
1-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай ва дар ҷаласаи “Созмони ҳамкории Шанхай-плюс” иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва аҳамияти СҲШ ҳамчун Созмони бонуфузи минтақавӣ ибрози назар карда, густариши минбаъдаи муколамаи сиёсии боэътимодро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда зарур шумурданд. Ҳамчунин, Роҳбари давлати мо аз сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар робита ба дастгирӣ аз қарори Шурои сарварони давлатҳои аъзо барои таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмон дар Душанбе изҳори сипос намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Дар ҷаласаи “Созмони ҳамкории Шанхай - плюс”, ки масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор аз ҳадафҳои асосии он буд, Сарвари давлати мо, аз ҷумла, тақвияти ҳамкории муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро зарур донистанд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони кишварҳо ва созмонҳои минтақавӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. Аз ҷумла, бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ва президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Литсюн суҳбатҳо ҷараён гирифт.
3-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин ҳамроҳ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва дигар роҳбарони давлатҳо дар майдони Тянанмэн дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ ширкат варзиданд.
Дар ҳошияи чорабинии тантанавӣ дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуда, ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории дуҷониба ва мавзуъҳои алоҳидаи минтақавию байналмилалиро баррасӣ карданд.
Сарварони ду давлат, инчунин, доир ба масъалаҳои рушди муносибатҳо дар самтҳои фарҳанг, маориф, илму техника, сайёҳӣ, иқтисоду тиҷорат, рақамикунонӣ, таҷдиду рушди инфрасохтори нақлиётӣ, логистика, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин миёни ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистону Чин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот намуданд.
Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии сарварони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Давҳаи Қатар аз рӯйдодҳои муҳими сол буд, ки 15-уми сентябр Сарвари давлат барои иштирок дар он ба давлати Қатар сафар карданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарварони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.
Тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, истихроҷу коркарди маъдан, кишоварзӣ барои ҳар ду ҷониб судовар номида шуд.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарварони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо рӯйдод ва тамоюлҳои нигаронкунанда дар минтақаи Ховари Миёнаро, ки ба амнияти байналмилалӣ таҳдиди ҷиддӣ доранд, таҳлил намуда, таваҷҷуҳи сарварони давлатҳо ва дигар иштирокдорони ҷаласаро ба дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкилот ҷалб карданд.
Ҳамзамон, дар доираи ин сафар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуда, масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон ва мавзуъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ карданд.
Дафъаи дуюм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3-юми ноябр барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.
Рушди маориф, таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасониҳои тиббӣ, муқовимат бо тағйирёбии иқлим, гузариш ба "иқтисод" ва "энергияи сабз" ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аз мавзуъҳои калидие буданд, ки Пешвои миллат зимни суханрониашон ба онҳо мароқ зоҳир намуданд.
Дар шаҳри Давҳа бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ низ мулоқот сурат гирифт. Дар онҳо як қатор масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳо баррасӣ шуданд.
22-24-уми сентябр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи Созмон - шаҳри Ню-Йорки ИМА иштирок намуданд. Барқарориву нигаҳдошти сулҳу салоҳ дар саросари олам аз нуктаҳои калидии суханронии Сарвари давлат буданд.
24-уми сентябр Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни роҳбарони кишварҳои дунё дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи мазкур сухан гуфта, мавқеи Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ гӯшрас намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз пешниҳоди нави худ дар бораи қабули қатъномаи махсуси Созмони Милал оид ба эълони Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ташаббуси мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба хотири расидан ба сулҳи устувор шароит фароҳам меорад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафар ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Тоҷикистон бо як қатор шахсиятҳои сатҳи олӣ вохӯриҳои судманд анҷом доданд. Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг, Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ва директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде аз ҷумлаи онҳост.
Бояд тазаккур дод, ки дар дидору вохӯриҳои болозикр масоили густариши дӯстию ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, рушди “иқтисоди сабз” ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он аз мавзуъҳои умдаи суҳбатҳо буданд.
Тавре дар боло зикр намудем, 18-уми декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ+Ҷопон» вориди шаҳри Токиои Ҷопон шуданд.
Дар доираи сафари расмӣ Роҳбари давлат бо намояндагони воломақоми ин давлат вохӯриҳо анҷом доданд.
Нуқтаи авҷи ин боздид ва бозгӯи ҳусни ният дар муносибатҳои ду кишвар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито буд, ки зимни он суҳбати дӯстона доир гардид.
Аз бандҳои муҳимтарини сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон, ҳамчунин, мулоқот бо Сарвазири кишвар хонум Санаэ Такаичи буд.
Зимни мулоқот ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими иқтисоди миллии кишвари мо, аз ҷумла барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, маориф ва тандурустӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Мулоқотҳои дуҷониба, ҳамчунин, бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу, муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон ҷаноби Таро Асо, раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя, президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака, президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол (РОТОБО) Масами Ииҷима, директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон (JOGMEC) Ичиро Такаҳара доир гардида, самтҳои гуногуни таҳким ва густариши ҳамкории барои ҳарду кишвар судманд баррасӣ шуданд.
Мулоқоти хотирмон ва судбахши дигар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик анҷом доданд.
Ҷойи зикр аст, ки дар доираи ин сафар аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокирот 20 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон ба имзо расид.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки таҳлили фаъолияти пурсамари Сарвари давлат дар ин самт далели гуфтаҳост. Масоили ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, рушди муносибатҳои кишвар бо шарикони хориҷӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз масоили асосии сафарҳову мулоқотҳои Сарвари давлат буданд.
Сафарҳои хориҷии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамолики хориҷи дуру наздик дар соли 2025 баёнгари обрӯву эътибори давлати мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки сар аз Осиёву Аврупо то Амрико доман густурд. Дар ин сафарҳо муҳимтарин масъалаҳо баррасӣ гардидаву саҳифаҳои нав дар китоби сиёсати хориҷӣ боз шуданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ як бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву сулҳхоҳ истиқбол намуд, ки ҳамеша дар фикри ҳаёти осоишта дар рӯйи замин асту хостгори амнияти сартосарӣ.
Даъвати Пешвои миллат ба маросими ифтитоҳи Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосферӣ, солҳои 2025 - 2034 ва Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус (UNOC-3) дар шаҳри Нитсаи Фаронса ва баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе нишон дод, ки имрӯз ба ҳарфи Сарвари давлати мо ба ҳайси яке аз нафарони калидӣ дар ҳалли масоили обу иқлим гӯш медиҳанд ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар ин самт мешиносанд.
Гузашта аз ин, баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланд дар Душанбе баёнгари ба яке аз марказҳои асосии муколамаҳои байналмилалӣ табдил ёфтани пойтахти кишвар буд. Ба ин восита, аз ҷумла ташаббусу ибтикороти ҷаҳонии Тоҷикистон, гавҳари сулҳсозию сулҳхоҳӣ ва фарҳангсолории тоҷикон, саҳми боризи роҳбарият ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳифзи оромию субот ва муҳити мусоиди зист дар сайёраи Замин ва, ҳамчунин, фазои меҳмоннавозии тоҷикӣ дар бузургтарин расонаҳои дунё интишор ёфт.
Пушти ҳамаи ин корномаҳо шахсияти Президенти маҳбубамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад, ки нидоҳои созандаю пурҳикматашон аз минбарҳои бонуфузи олам садои қалби тоҷикону Тоҷикистон аст.


Заробиддин ҚОСИМӢ,
Самариддин АЙНИДДИН,
Комрон САФАРЗОДА