Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАВАҶҶУҲИ БЕСОБИҚАИ РАСОНАҲОИ БОНУФУЗИ ХОРИҶӢ БА ФАЪОЛИЯТИ СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНӢ ДАР ЯК СОЛИ ОХИР


Соли 2025 шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори башардӯст дар фазои иттилоотии ҷаҳон бештар аз пештар расонаӣ шуд. Серхонандатарин васоити ахбори оммаи хориҷӣ, ба монанди “Ассошиэйтед Пресс”, ТАСС, BBC, «Анадолу» ва “Ал-Аҳром” суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамоишҳои сатҳи баланд ба таври хеле фарогир бозтоб намуданд, ки мо ба муҳимтарин нукоти он назар андохтем.
Тайи 20 сол аст, ки кишвари моро ҳамчун пешбарандаи фаъоли рӯзномаи обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд. Аз ибтикороти Тоҷикистон дар ин самт истиқбол мекунанд ва ба ташаббусҳои кишвари мо арҷ мегузоранд. Дар робита ба ин, дар сомонаи шабакаи телевизионии "Euronews" доир ба Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид, хабару гузоришҳо пахш шуданд. Аз ҷумла, зери унвони “Президенти Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи пиряхҳо талош намоянд” гузорише нашр гардид, ки номи кишвари моро дар фазои иттилоотии Аврупо паҳн кард.
"Euronews" дар инъикоси нахустин Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ҳамвора аз ташаббусу ибтикорот ва ғамхориҳои Пешвои миллат барои аҳли башар ёд кардааст.
Моҳи августи соли ҷорӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дере нагузашта ин ташаббуси Тоҷикистон номи кишвари моро дигарбора ба сархати расонаҳои хориҷӣ бурд. Бахусус, дар ин бора сомона ва расонаҳои бонуфузи кишварҳои араб, аз ҷумла “Ал-Аҳром” гузориши муфассал нашр кард.
“Ал-Аҳром” зери унвони “Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи таърихиеро таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, якдилона қабул кард” маводе ба нашр расонд, ки дар он иқдоми навбатии Пешвои миллат тавсиф мешавад. Нашрия таъкидан менависад, ки ташаббуси мазкур, аслан, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
“Ал-Аҳром” дар ин матлаб чунин хулоса мекунад: “Бешубҳа, қабули қатъномаи Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Сомонаи туркмании: “Туркменистан золотой век” аввалин шуда, аз рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон гузориши муфассал таҳия намуд. Сипас, дар доираи кори Конфронс матолиби зиёде ба нашр расонд, ки номи Пешвои миллат ҳам батакрор зикр шудааст. Сомона менависад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони Конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд.
“Туркменистан золотой век” бо такя ба суханронии Пешвои миллати мо таъкид кардааст, ки Тоҷикистон бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.
Аз 31-уми август то 3-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай плюс ва чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар милитаризми Ҷопон ва анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонии зиддифашистӣ ба шаҳрҳои Тянҷин ва Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ анҷом доданд. Ин сафар дар сомонаҳо ва расонаҳои бонуфузи Амрико, аз ҷумла Агентии иттилоотии “Ассошиэйтед Пресс”, бозтоби иттилоотии густурдаеро касб кард.
Шихуан Чен, хабарнигори минтақавии "Ассошиэйтед Пресс", дар матлабе зери унвони “Нигоҳе ба раҳбарони ҷаҳон, ки дар нишасти сарварони Созмони ҳамкории Шанхай ва паради низомии Чин ширкат мекунанд” менависад: “Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки аз замони таъсисёбии Созмони мазкур узви баробарҳуқуқи он мебошад ва ҳамвора дар баррасиву ҳалли масоили ҷойдошта саҳм мегузорад”.
Манбаъ, махсусан зикр мекунад, ки аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори ҳамоиш иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 23-юми сентябри соли 2025 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Дере нагузашта расонаҳои хориҷӣ ба мулоҳизаву пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат, ки на танҳо барои мардуми тоҷик, балки ба хотири оромиши сокинони сайёра ироа гардиданд, таваҷҷуҳи хосса намуданд.
Аввалин шуда сомонаи СММ доир ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабару гузоришҳоро ба тариқи чандрасонаӣ бо истифода аз навору аксҳо пахш намуд. Ҳамагӣ пас аз чанд лаҳзаи ҳузури Пешвои миллат дар толори қароргоҳи СММ гузорише бо сарлавҳаи “Президенти Тоҷикистон дар СММ: ҳифзи пиряхҳо, ислоҳоти низоми молиявӣ ва зеҳни сунъӣ” дар фазои иттилоотӣ давр зад. Манбаъҳо навиштанд: “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид хостори талошҳои муштарак барои таҳкими сулҳи байналмилалӣ ва рушди устувор шуд. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон имрӯз бо чолишҳои бесобиқа – аз буҳронҳои геополитикӣ то тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст”.
Моҳи октябри соли ҷорӣ дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Пас аз имзои санадҳо Пешвои миллати мо бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона” сарфароз шуданд.
Вобаста ба ин, ТАСС дар гузорише менависад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи мероси таърихӣ иқдомоти васеъ амалӣ намуда, дар барномаҳои башардӯстона ва лоиҳаҳои байналмилалӣ, ки барои ба ҳам овардани мардум роҳандозӣ шудаанд, фаъолона иштирок менамояд.
Ҳамин тавр, таваҷҷуҳи бесобиқаи расонаҳои хориҷӣ ба суханронӣ ва ташаббусҳои Пешвои миллати тоҷик далели он аст, ки Сарвари давлати мо дар нишасту конфронсҳои сатҳи баланд ҳамеша умдатарин мушкилоти глобалиро матраҳ намуда, ҳарфи дили мардуми сайёраро ба забон меоранд.


Шодмон АБДУРАҲИМ, «Ҷумҳурият»