Баргашт Чоп кардан

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ: “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН СУЛТОНИ ҚАЛБИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН”


Зуҳури шахсиятҳои барҷаста, ходимони илму адаби сатҳи ҷаҳонӣ, арбобони сиёсию давлатие, ки корномаҳои бузургашон дархӯри ниёзҳои ҷомеаи башарист дар ҳар давру замон боиси ифтихору сарафрозии миллати хеш ҳастанд. Агар дар гузаштаи дури таърих миллати тамаддунофари тоҷик бо номи шоҳони одилу раиятпарвар ва нобиғаҳои баркамоли илмиаш ифтихор дошт, имрӯз чунин ифтихорот ва ғурури миллиро Роҳбари хирадманду сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои тамоми тоҷикони олам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо мебахшанд.
Ҳоло агар эътирофи шинохтатарин чеҳраҳои сиёсии ҷаҳони муосир, олимону равшанфикрони фаромиллиро дар мавриди шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як сӯ гузошта, муҳаббати ин чеҳраи тобноки таърихро дар дили мардуми ом ҷӯё шавем, меҳрномаҳои зиёде ба дастамон мерасад.
Муруре ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар як соли охир нишон медиҳад, ки дар баробари бозтоби васеи симои Пешвои муаззами миллат ва пайкори сиёсиашон дар расонаҳои муътабари ҷаҳон, ҳамчунин, таваҷҷуҳи фаъолони ҷомеа ва блогерони зиёди хориҷӣ ба шахсияти Сарвари давлати мо боло рафтааст. Маълум аст, ки чунин рӯйкард дар заминаи холӣ ба вуҷуд намеояд, балки дар иртибот ба корномаҳоест, ки саодати рӯзгори миллионҳо нафарро рақам мезанад.
Масалан, Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш, фаъоли ҷомеаи мадании Афғонистон, дар саҳифаи фесбукии худ чунин менависад: “Ҳамчун як шаҳрванди Афғонистон хуб медонам, ки Сарвари давлати Тоҷикистон дар қалби так-таки тоҷикони Афғонистон ва ҷаҳон султонӣ доранд. Бояд 100 миллион тоҷикони ҷаҳон бо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ифтихор кунанд».
Баррасии вижагиҳои роҳбарии Пешвои миллати тоҷикон дар як навори пурбинандаи дигар аз ҷониби ютуб-канали “Balkh media” (Расонаи балхӣ) ба риштаи таҳлил кашида мешавад. Муҷрии барнома мегӯяд, ки ман дар миёни роҳбарони ҷаҳон аз чанд дидгоҳ ба Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром дорам: «Аввалан, ӯ тавониста, ки Тоҷикистонро аз як кишвари ҷангзадаву харобазор ба гулистон табдил диҳад. Ҳоло, ки ба унвони Роҳбари тоҷикони ҷаҳон маъруф аст. Ӯро тоҷикони Афғонистон, Покистону Ӯзбекистон дӯст медоранд ва муҳтарам медонанд».
– Бояд мо аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ кунем ва ӯро улгӯи худ қарор диҳем, зеро роҳбари тавонмандест, ки мероси бузурги фарҳангӣ ва тамаддуни моро пуштибонӣ мекунад. Маҳбубияти хоси ин шахсияти таърих дар он аст, ки миёни тоҷику эрониву афғон фарқ намегузорад, балки ҳамаро дӯст медорад, эҳтиром мекунад.
Ин матлабро дар ютуб-канали машҳури “SUNXO” (Саниксо), ки аз ҷониби блогерони эронӣ гардонандагӣ мешавад, дидан мумкин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ бинандаҳои зиёдро ба худ ҷалб кардааст.
Ба ин монанд, дигар блогерону фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ берун аз марзҳои Тоҷикистон ба корномаҳои Пешвои миллати мо мароқ зоҳир намуда, чунин шеваи роҳбарӣ ва эҳёгариро намунаи ибрат арзёбӣ мекунанд, ки барҳақ ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.


Фирӯз ҶУМЪАЗОДА, «Ҷумҳурият»