Баргашт Чоп кардан

СИПОС БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ


Ситоишу овозаҳои сохтмони шоҳроҳи Роғун – Оби Гарм - Нуробод ва бунёди нақбу пулҳоро борҳо шунида будам, вале шунидан кай бувад монанди дидан, гуфтаанд. Ба наздикӣ бо нияти тақдими 450 нусха китобҳои бадеӣ, илмӣ, публитсистӣ, дастурӣ-методӣ ба китобхонаи Донишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рашт озими ин водӣ гаштаму аз шоҳроҳ ва нақбу пулҳо гузаштам, корнамоиҳоеро дидам, ки аз ин таърифу хушгӯиҳо бамаротиб афзунтар будааст.
Мани ҳаштодсола аз солҳои 50-уми асри ХХ бо ин роҳ ба маркази ҷумҳурӣ рафтуомад дорам, аммо ҳеҷ вақт бе эҳсоси хавфу хатар сафар накарда будам. Шоҳидон медонанд: аз шаҳраки Оби Гарм то ба Сарипули Нуробод, ҷое, ки дарёи Сурхобу Хингоб ба ҳам мепайванданд, мусофирон қад-қади дарёи Сурхобу Вахш сафар мекарданд, аз мавзеи бас пурхатар ба ҳисоб мерафт: баҳор санг ҷар мешуд, ярч меканд, зимистон тарма мефуромад. Ин роҳ боиси талафоти ҳангуфте мешуд. Аҳли Бадахшон низ аз ин роҳ мегузаштанд. Сангҳои ҷаршуда нақлиёти мусофирбару боркашро ба дарёи Вахш сарозер мекард. Дар бораи вартаи ҳалокат – Кабудҷар ҷойи гап ҳам набуд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо қиссае таҳти унвони “Шабе дар Кабудҷар” навиштаву ба нашр расонда буд. Худи ман шоҳиди чанд воқеа дар ин ҷо будам. Дар пеши чашми мо – раҳгузарҳо, тракторронро бо ёвараш, ки аз деҳаи Сичароғ ба деҳаи Алигалабон каҳ меоварданд, сели санг ба коми дарё бурд. Котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) Истамтош Тошмуҳаммадовро дар нимаи дуюми соли 1960 тарма пахш кард. Аз роҳбарони ноҳияҳо то ба сарварони ҳукумати вақт касе дар атрофи ин мушкилоти мардуми кӯҳистон фикр ҳам намекард, агарчи дар матбуот ин масъала ба миён гузошта мешуд. Зери унвони “Дар мавриди вартаи ҳалокат” дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (“Ҷумҳурият”) мақола ба табъ расондам бо пешниҳоди хуб, аммо бе натиҷа.
Ба далели шуруи корҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун”, дамидани оби ҳавзи он ва бо бими таги об мондан роҳро ба болои ағбаи Кабудҷар соз карданд, аммо аз ин роҳ ҳам бо мошин бароҳат намегузаштӣ.
Имрӯз ҳол тамоман дигар аст. Бо азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи Душанбе – Рашт мисли каф ҳамвор гаштааст. Забон дар тавсифи шоҳроҳи нав бо нақбу пулҳо, ки бо иқдом, ҷидду ҷаҳди пайгиронаи Пешвои муаззами миллат бунёд гардид, кундӣ мекунад, яъне васфи он дар сухан намегунҷад.
Ҷаноби Олӣ, мо хуб медонем, ки Шумо дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон сохтмони роҳҳо ва кандани нақбҳоро дар ҷойи аввал гузоштаед. Суханҳои Шуморо дар мавриди нақби “Анзоб” нағз дар ёд дорам: “Мо ин нақбро бо нохунҳоямон меканем ва мекушоем”, - гуфта будед...
Воқеан, чунин суханҳоро фарди бо дилу гурдаи бузург гуфта метавонад, оне, ки аз ҳикмати саршор аз маонии илқогари корҳои бузург бархурдор аст, фикр мекунам, чунин андарзи шоири классики тоҷик Ҷомӣ маншаи илҳоми Шумо шудаанд:
Ба дандон рахна дар фӯлод кардан,
Ба нохун роҳ дар хоро буридан...
Ин шоҳроҳ аз байни деҳаҳое убур мекунад, ки дар иҳотаи боғу роғҳо наметобанд, болову поён дарахтзор. Аксари мардум бори аввал номи деҳаҳои Сангиғарак, Ҷавчӣ, Лайрон, Саризакоб, Сияҳгулак, Чепак, Пита, Саридашт, Деҳиҳоҷӣ, Улфатобод, Кабутиён, Шербегиён, Себунокро фаҳмид.
Эҳсос мешавад, ки масъулони сохтмони роҳҳои кишвар дар бунёди нақбҳо, ба монанди “Истиқлол”, “Ваҳдат”, “Ориёно” таҷриба андӯхтаанд, ки бо фарохӣ, муҷаҳҳазӣ ва фурӯзонӣ аз нақбҳои дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фарқ намекунанд. Чанд ҷое, ки истодаму бо сокинон суҳбат оростам, аз забони онҳо дуои давлати Шуморо шунидам. Ман ҳам бо онҳо ҳамовоз мешавам ва бо сухани устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Шумо сано мехонам:
Дар амал то дерёзию дарозӣ мумкин аст,
Чун амал бодо туро умри дарозу дерёз!
Ва бо як самимият ҳамдиёронро даъват менамоям, ки ба қадри ин заҳматҳову ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасанд, тозагии шоҳроҳро ҳатман дар мадди назар бигиранд, дар сабзу хуррамсозии ду тарафи шоҳроҳ ҳиммат гуморанд ва онҳоро аз газанд эмин доранд.


Сулаймон АНВАРӢ,
профессори ДМТ, узви Иттифоқи нависандагон
ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон