Баргашт Чоп кардан

«ХОМАИ СОЗАНДА-2025». ХАБАРНИГОРИ «ҶУМҲУРИЯТ» ҒОЛИБИ ОЗМУН ГАРДИД


Сурайё Ҳакимова, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд, ғолиби озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2025» гардида, бо дипломи дараҷаи 1 ва туҳфаи молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ шуд.
Диплом ва мукофоти пулиро ба ҳамкори мо Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар маросими қадршиносии ғолибони озмун, ки 3-юми феврал дар Кохи фарҳангии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, тақдим намуд.
Сурайё Ҳакимова дар иртибот ба нашри матолиби гуногунранг тавассути «Ҷумҳурият» дар номинатсияи «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни бунёдкориҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ» (бахши матбуот) барандаи озмун шуд.
Озмун бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дастгирии журналистон, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинонаву асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоӣ, ҳамзамон, ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб миёни журналистон эълон гардида буд.


Ф. ҶУМЪАЗОДА, «Ҷумҳурият»