ТАНЗИМ
Ҳолатҳои қонуншиканӣ коҳиш меёбад
Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода 2-юми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаригашта дар мамлакат бинобар риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба соли 2024-ум 138 ҳолат кам мебошад.
Зикр гашт, ки аз ин шумора вобаста ба 1 268 ҳолат ҷазо таъин гардида, 29 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ шуд. Маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 7 миллиону 28 ҳазору 808 сомонӣ рӯёнда шуд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, шарҳу тавзеҳи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, риояи меъёрҳои муқарраргардидаи Қонун ва таъмини иҷрои якхелаи он дар тамоми ҳудуди мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд. Комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим бо аҳолӣ 11 ҳазору 694 суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ
Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшоӣ таъмин аст
Соли гузашта аз шумораи 10 миллиону 200 ҳазор нафар аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7 миллиону 6 ҳазор нафар (67,3 фоиз) бо оби тозаи нӯшоии мутамарказ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 950 ҳазор нафар зиёд мебошад. Теъдоди аҳолии бо оби нӯшоӣ дастрасгардида дар маркази шаҳру ноҳияҳо 90,7 фоиз ва дар деҳот 57,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки дар ин давра корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, таъмини оби нӯшоиро ба истифодабарандагон ба 831 миллион метри мукааб расонда, хидматрасонии обҳои партовро ба андозаи 25 миллиону 500 метри мукааб иҷро намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 7 миллиону 731 ҳазор метри мукааб зиёд мебошад.
Дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷиҳати сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти соҳа, аз ҷумла обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови шаҳру ноҳияҳо, сармояи институтҳои молиявӣ ҷалб гардида, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
«Tojikfilm.tv» фаъол мешавад
Соли 2026, дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз, платформаи миллии синамоии «Tojikfilm.tv» ба фаъолият шуруъ мекунад, ки дар он барои ҳаводорони синамои ватанӣ филмҳои дар солҳои гуногун банаворгирифтаи “Тоҷикфилм” ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки ҳадафи асосии таъсиси платформа, пеш аз ҳама, дастраси шаҳрвандон намудани филмҳои миллӣ буда, ҳамчунин, филмсозон ва ширкатҳои истеҳсолкунанда метавонанд бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон филмҳояшонро барои намоиш дар ин платформа пешниҳод намоянд. Арзиши истифодаи платформа дар як моҳ 10 сомонӣ буда, бо ин маблағ дӯстдорони синамои тоҷик метавонанд ҳамаи филмҳои миллиро тамошо кунанд.
– Таъсиси платформаи «Tojikfilm.tv» ба муаррифии синамои миллӣ нигаронда шуда, нусхабардорӣ ва паҳн намудани филмҳои дар платформа ҷойгиршуда тибқи қонунгузорӣ манъ мебошад. Платформа бо назардошти стандартҳои байналмилалии рақамӣ таҳия шуда, сифати баланди намоиши филмҳоро таъмин менамояд. Тавассути ин платформа сокинони кишварҳои гуногун метавонанд ба осонӣ ба филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намуда, филмҳои миллиро бо сифати баланд тамошо кунанд, – гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Муҳаммад АМИН
ТОҶИКСТАНДАРТ
Авлавият ба таъмини амнияти ғизоӣ
– Соли гузашта аз ҷониби мутахассисони мо ба миқдори 1 миллиону 228 ҳазору 546 килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, ба қайд гирифта шуд, – гуфт Раҳмоншо Мирзоён, муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, зимни нишасти матбуотӣ.
Дар озмоишгоҳҳои Агентӣ дар ин давра 18 896 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 104 258 кг равғани рустанӣ, 6 769 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 12 305 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 3 159 кг маҳсулоти қаннодӣ, 1 939 кг консерв, 166 470 кг намак, 4 323 кг меваи хушк, 6 405 кг чой, какао, 51 915 кг орд, 255 153 кг маҳсулоти ғалладонагӣ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуда, аз муомилот гирифта шуданд.
Зикр гашт, ки аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост 585 ҳазору 635 килограмм маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолашон гузашта буд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ супурда шуд.
– Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2025 дар бораи эълон намудани мораторий ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ» аз 11-уми феврали соли 2025, ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ манъ гардид. Дар робита ба ин, зимни вохӯрӣ ва машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон тақвият дода шуданд. Ин аст, ки аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолашон гузашта дархост ворид гардид, – изҳор дошт Раҳмоншо Мирзоён.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ЗАФАР САМАД:
"315 килограмм маводи нашъаовари мусодирашуда сӯзонда шуд"
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025-ум 138 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор карда, фаъолияти 44 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 88 нафар ошкор ва қатъ намуд. Дар ин бора Зафар Самад, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Мувофиқи маълумот, дар соли 2025 аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тоннаву 280 кг маводи нашъаовар, 253 кг моддаҳои психотропӣ мусодира шуданд.
Дар бухории Агентӣ дар ҳузури комиссияи махсус ва намояндагони воситаҳои ахбори омма 315 килою 988 грамм маводи нашъаовари мусодирашуда сӯзонда, нобуд карда шуд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
КОНСЕРВАТОРИЯ
Шумораи донишҷӯёни хориҷӣ меафзояд
Шумораи донишҷӯёни Консерватория 432 нафар мебошад. Аз шумораи мазкур дар муассиса 65 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 63 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, як нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва як донишҷӯ аз Олмон таҳсил менамояд.
Ин нуктаро Баҳодур Давлатзода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ӯ афзуд, ки теъдоди донишҷӯён дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 54 нафар, яъне 15 дарсад зиёд шуд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ДДФСТ
105 хатмкунанда бо ҷойи кор таъмин гардид
Маҳмуд Назарзода, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар соли 2025 ду шурои диссертатсионӣ бо фарогирии 4 ихтисос фаъол гардид. Шуро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисос бо ихтисосҳои “Хидмати иҷтимоӣ-фарҳангӣ”, “Кори китобдорӣ” ва “Санъатшиносӣ ва таҳсилоти мусиқӣ” амал мекунад.
Ӯ зикр кард, ки ба ҷойи кор роҳхат додани хатмкунандагон яке аз вазифаҳои афзалиятноки муассиса ба ҳисоб меравад. Дар ин замина аз 358 нафаре, ки соли гузашта муассисаро хатм намуд, 105 нафар ба ҷойи кор дар муассисаҳои фарҳангию таълимии ҷумҳурӣ роҳхат гирифт.
Ректор баён дошт, ки то имрӯз Донишкада бо мақсади густариш бахшидани ҳамкориҳо бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам 60 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст.
Имсол ба Донишкада дар бахшҳои рӯзона, фосилавӣ, ғоибона, зинаи магистратура ва доктор аз рӯйи ихтисос PhD 700 донишҷӯ қабул шуд. Ин ба 70 фоизи нақша баробар буда, нисбат ба соли 2025-ум 22,7 фоиз зиёд мебошад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
Боргоҳи тарбияи парчамбардорони миллат
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов бо 36 донишгоҳи хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта,ҷиҳати татбиқи барномаҳои таълимӣ-табодулии академии донишҷӯён, идомаи таҳсил, гузарондани корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону донишҷӯён чорабиниҳои муштарак ба роҳ мондааст. Тавре ректори Донишкада Амир Иброҳимзода 2-юми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ҳоло дар ин муассиса 21 нафар шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамояд.
Дастпарварони Донишкада имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ Парчами давлатии Тоҷикистони азизро боло бардошта истодаанд. Аз ҷумла, Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Темур Раҳимов, Анвар Юнусов, Мурод Тӯйчиев, Асомуддин Сангов, Умед Бобокалонов, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Акмалиддин Каримов ва дигар варзишгарони парчамбардори миллат маҳз дар ин боргоҳи паҳлавонпарвар тарбият гирифтаанд.
– Соли сипаригардида донишҷӯёни Донишкада дар 135 мусобиқа, аз ҷумла 48 чемпионат ва мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, дар маҷмуъ, 446 медал ба даст оварданд. Аз ин миқдор 65 медал ба мусобиқаҳои байналмилалӣ рост меояд, ки мавқеи муассисаро дар арсаи варзиши ҷаҳонӣ тақвият мебахшад, – иброз намуд Амир Иброҳимзода. – Донишҷӯ Муҳиддин Асадуллоев соли 2025 дар риштаи ҷудо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ду медали тилло ва як медали нуқра ба даст оварда, ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонда шуд.
Донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳо ғалаба ба даст меоранд, бо мукофотпулӣ аз 1000 то 5000 сомонӣ қадр мешаванд.
Сайфиддин СУННАТӢ
БОБОҶОН САТТОРЗОДА:
“29 ихтисоси нав таъсис ёфт”
Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Бобоҷон Сатторзода, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли гузашта 29 ихтисоси нави ба бозори меҳнат ҷавобгӯй, аз ҷумла 15 ихтисоси бакалаври шакли таҳсили рӯзона, 7 ихтисоси таҳсилоти фосилавӣ, 5 ихтисоси магистратура ва 2 ихтисоси доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, таъсис дода шуд.
– Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи барномаи мубодилаи донишҷӯён, 18 донишҷӯ ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус ва Қазоқистон барои таҳсил фиристода шуд, – гуфт Бобоҷон Сатторзода.
Зикр гашт, ки бо мақсади аз курси такмили ихтисос гузарондани омӯзгорон ва кормандон дар хориҷ, бо як қатор ташкилот ва хазинаҳои байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаанд ва 15 нафар дар форум, семинар ва курсҳои такмили ихтисоси сатҳи байналмилалӣ иштирок кард.
Бобоҷон Сатторзода иброз дошт, ки соли 2025 дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шурои диссертатсионии 6D.КОА-108 таъсис дода шуд. Ректор шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD) – доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D050607 – иқтисодиёти нақлиёт ва 6D050612 – “иқтисоди сабз” ва истифодаи захираҳои табииро қадами муҳим дар рушди илми миллӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, баён гардид, ки корҳо дар самти муносибатҳои байналмилалӣ хуб буда, айни ҳол дар Донишгоҳ 140 донишҷӯйи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия ва Олмон дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
ДБССТ беҳтарин «Донишгоҳи сабз» дар кишвар
Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки Донишгоҳ бо иштироки фаъол дар рейтинги ҷаҳонии «Донишгоҳи сабз» ба қатори донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон шомил гардида, дар кишвар мавқеи аввалро соҳиб шуд.
Ректор иброз дошт, ки дар партави татбиқи муқаррароти стратегияи рушди муассиса, таъмини рушди устувор ва табдил додани Донишгоҳ ба донишгоҳҳои рақамӣ, «сабз» ва ҳушманд яке аз афзалиятҳои стратегии Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Иттилоъ дода шуд, ки ин радабандӣ соли 15-ум (аз 2010) аст, ки аз ҷониби Донишгоҳи Индонезия гузаронда мешавад ва ҳадафи асосии он таъмини рушди устувори донишгоҳҳо мебошад.
Радабандӣ аз рӯйи 6 нишондиҳандаи асосӣ, аз ҷумла инфрасохтор, энергетика, партовҳо, об, нақлиёт ва илму таҳсилот арзёбӣ мешавад.
Соли гузашта дар ин рейтинг дар қатори 1 845 донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштироки фаъол доштанд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳои пешрафти илм, навиштани мақолаҳои илмӣ, инфрасохтори рақамӣ ва гузариш ба автомобилҳои барқӣ зинаҳои болоро касб намуд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ, яке аз рӯйдодҳои муҳим мебошад, ки он 17-уми декабри соли 2025 аз ҷониби Пешвои миллат имзо гардида, тибқи тартиб мавриди амал қарор гирифт.
Шаҳноз ҚУРБОН
ПРОКУРАТУРАИ ВМКБ
Қариб 100 миллион сомонӣ маблағи зарар рӯёнда шуд
– Дар давоми соли 2025 дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ оид ба иҷрои қонунгузории ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, идораҳо, ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 278 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуд, – зикр кард прокурори вилоят Амир Зайниддинзода дар нишасти матбуотӣ.
Прокуратураи вилоят барои бекор кардани қарору санадҳои ғайриқонунии роҳбарон 218 эътироз овардааст, ки дар натиҷа нисбат ба 5507 нафар парвандаҳои истеҳсолотии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ ва нисбат ба 189 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд, ки аз ин ҳисоб 98,2 млн сомонӣ ба буҷет ворид гардид.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Амир Зайниддинзода ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб дода, ҳамзамон ба муовинони прокурор, сардорони шуъбаҳо ва ёрдамчиёни прокурори вилоят ҷиҳати пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки дари прокуратураи вилоят ба рӯйи ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла рӯзноманигорон ҳамеша боз аст.
Раҳмони ГУЛЗОР
ФАРҲОД РАҲИМӢ:
“Таваҷҷуҳи ҷавонон ва наврасон ба касбомӯзӣ меафзояд”
Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият намуда, дар литсейҳои касбӣ зиёда аз 28 ҳазор хонанда таҳсил мекунад. Ин нишондиҳанда, дар муқоиса ба солҳои гузашта, афзоиши назаррас дошта, аз болоравии таваҷҷуҳи ҷавонон ва наврасон ба касбомӯзӣ ва ихтисосҳои амалӣ шаҳодат медиҳад. Дар ин бора 2-юми феврали соли равон раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
– Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбии кишвар норасоии адабиёти таълимӣ яке аз мушкилиҳои асосии соҳа ба ҳисоб меравад. Имрӯз норасоии китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ ба мушоҳида мерасад, барои рафъи ин мушкил 30 номгӯйи китобҳои дарсии зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ барои чоп омода гардида, 15 номгӯ бо теъдоди 6010 нусха чоп ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас шуд. Мо мекӯшем, ки дар яку ним соли оянда тамоми китобҳои тахассусиро таҳия ва дастраси донишомӯзон намоем, – гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Ҳамчунин, иброз шуд, ки аз 534 хатмкунанда 304 нафар тибқи роҳхат ба ҷойи кори муайянгардида ҳозир шуд. Бо мақсади ҳалли мушкилоти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ Ҳукумати мамлакат 28-уми августи соли 2025 Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026-2030-ро қабул кард.
Сайфиддин СУННАТӢ
СИРОҶИДДИН ҶӮРАХОНЗОДА:
“Ҳамкориҳои хориҷӣ бештар мегарданд”
Сироҷиддин Ҷӯрахонзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Донишкада айни замон бо 25 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва беш аз 50 ташкилоти дохилӣ бо мақсади гузарондани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин кардан бо ҷойи кор ҳамкорӣ дорад.
– Танҳо соли 2025 Донишкада бо Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Ҷамъияти саҳомии “Гамма Торговый Дом”, Донишгоҳи Кокшета ба номи Абай Мирзахметов (Қазоқистон) ва Академияи миллии санъати Қазоқистон ба номи Темирбек Жургенов созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд. Гуфта шуд, ки дар доираи созишномаҳои мазкур, соли гузашта 10 донишҷӯ ва 2 омӯзгор дар озмунҳо, фестивалҳо ва намоишномаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, муассисаро муаррифӣ карданд, – гуфт ректор.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки ҳоло дар Донишкада 10 донишҷӯйи хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
АЗ ФАЪОЛИЯТ НАКАРДАНИ 8 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТО ЁРӢ БА НИЁЗМАНДОН
Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Руслан Қодирзода, зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки соли рафта нақшаи буҷети маҳаллӣ 121,8 дарсад ва қисми хараҷоти он 100 дарсад иҷро шуд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 344,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки назар ба соли қаблӣ 272,3 дарсад зиёд мебошад.
Ба маълумоти раиси ноҳия, аз 102 корхонаи саноатӣ 58 корхона ҳаҷми истеҳсолотро зиёд, 36 адад кам кард. 8 корхона аз кор монд, ки самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, қаннодӣ, полиграфия ва коркарди санги хоро вобаста аст.
Таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойи нави кор зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, оид ба ин масъала пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Соли сипаришуда дар ноҳия 8 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 703 ҷойи нави кор ташкил гардид.
– Соли рафта бо ташаббуси мақомот аз тарафи соҳибкорон, эҳсонкорон, хидматчиёни давлатӣ ва имомхатибони масҷидҳо дар арафаи идҳои миллии Наврӯз, Рамазон, Қурбон, Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва ғайра ба 5 915 ниёзманд ёрӣ расонда шуд, – гуфт Руслан Қодирзода.
Кароматулло АТО