Баргашт Чоп кардан

ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. НАҚШИ ЯК ИҚДОМ ДАР РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР


Агар ба мақом ва моҳияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз дидгоҳи маърифати ватандорӣ ва худшиносии миллӣ назар афканем, он барномаи мукаммалест, ки саодати зиндагии мардум ва рушди устувори кишварро таъмин месозад. Бо назардошти таҳлилҳо, вазифагузориҳо ва нуктаҳои муҳим Паёми навбатиро метавон як навъ ҳуҷҷати таърихӣ низ унвон кард, зеро он дар моварои Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ садо дода, тарҳи нақшаҳои мушаххаси рушди минбаъдаи кишварро матраҳ намуд.
Барои мо аҳли илму маориф нуктаи масарратбахш ин аст, ки Пешвои муаззами миллат зимни ҳар Паём ва суханрониҳои хеш ба ин соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт дастуру ҳидоятҳои муҳимро дар миён мегузоранд.
Дар Паёми навбатӣ низ муҳтарам Пешвои миллат нақши калидии илму маорифро ҳамчун заминагузори навовариҳо ва муҳаррики рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки маҳз дониш, пажӯҳишу қобилияти эҷодии инсонӣ омили асосии пешрафт ва рақобатпазирӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин робита, Сарвари давлат ба рушди сармояи инсонӣ, мутобиқ сохтани ҷомеа ба суръати пешрафти технологияҳои рақамӣ ва корбасти имкониятҳои васеи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд: «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд».
Пешвои миллат барои дар амал татбиқ намудани ин ҳадаф Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамиро вазифадор карданд, ки якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мо ҳайати олимону устодони факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин дастури Президенти мамлакатро марбут ба фаъолияти хеш дониста, иҷрои онро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додем. Ҳоло ин боргоҳи таълимӣ, ки дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия сол ба сол иқтидори бештари илмию омӯзиширо ба даст меорад, дар омодасозии мутахассисони ояндаи бахши иқтисоди рақамӣ ҷойгоҳи намоён дорад. Аз сӯйи дигар бо тақозои замон афзудани талабот ба кадрҳои баландихтисоси соҳа моро вазифадор месозад, ки усулҳои нави таълиму тадрисро дар фаъолияти худ ҷорӣ намуда, ба тарбияи кадрҳои ҳирфаӣ даст ёбем. Дар айни замон, бо дастгирии Ҳукумат, Вазорати маориф ва илм, роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имкони мусоидеро дар ихтиёр дорем, ки хостаҳои Роҳбари давлатро дар амал бароварда созем.
Таҷрибаи чанд соли охир дар самти гузаштан ба иқтисоди рақамӣ нишон медиҳад, ки кишвари мо дар ин самт пешрафтҳои қобили мулоҳиза ва рушди бемайлонро касб менамояд. Ҳамон тавре Сарвари давлат дар Паём ба ин масъала ишора карданд: “То имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкориҳои фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025» як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Дар умум, боиси сарфарозист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат ба рушди устувори иқтисодӣ даст ёфтааст. Далели ин гуфтаҳо ба 173 миллирад сомонӣ расидани маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2025 ва 8,4 фоизро ташкил додани сураъати рушди воқеии он аст. Ин омор, ки дар Паёми саршор аз ғояву андешаҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ зикр шуд, дастоварди неку умедбахшест, ки моро ба ояндаи боз ҳам дурахшонтар хушбин месозад.


Насимҷон АБДУЛМУМИНЗОДА,
декани факултети ба ҳисобгирӣ
ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ