Соли 2025 беш аз 111 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд
Соли 2025 дар ноҳияи Лахш дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасон, дар 5507 гектар картошка кишт намуданд.
Раиси ноҳия Каромиддин Холзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки кишоварзони ноҳия бо мусоид омадани ҳаво, сари вақт бо оби полизӣ таъмин намудану риояи қоидаҳои агротехникӣ 111 ҳазору 023 тонна картошка ҷамъ оварданд.
Иброз гардид, ки соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 586,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024-ум 22,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Асарҳои рассомони тоҷик дар Ҷопон баҳои баланд гирифтанд
Аз 22-юми январ то 1-уми феврал дар Маркази миллии санъати шаҳри Токио (Ҷопон) Намоишгоҳи байналмилалии «Санъат бидуни марз – 2026» баргузор шуд.
Бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон эҷодиёти мактаббачагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуд, ки дар мавзуъҳои Ватан, фарҳанг, табиат ва манзараҳои зебои Тоҷикистон, анъана ва ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз ва Тиргон, офарида шудаанд.
Корҳои пешниҳоднамудаи мактаббачагони Тоҷикистон аз ҷониби ташкилкунандагони Намоишгоҳ баҳои баланд гирифта, бо ифтихорномаҳо қадр гардиданд.
ВМКБ
Конфронси илмӣ ҷиҳати пешгирии ифротгароӣ
Дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони “Роҳ ва усулҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез дар байни ҷавонон” конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фурқати Ҳукумат зимни сухани ифтитоҳӣ зикр намуд, ки баррасии масъалаҳои марбут ба терроризм ва экстремизм амри зарурӣ буда, ба таъмини амнияти миллӣ, суботи ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ иртиботи мустақим дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм, аксаран, аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, таъсири иттилооти беасос тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва суиистифода аз эҳсосоти ҷавонон сарчашма мегиранд. Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи огоҳии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
АМИТ "Ховар"