4-уми феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Дар иҷлосия, аз ҷумла Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Италия «Cassa Depositi е Prestiti» оид ба лоиҳаи «Сохтмони НБО «Роғун»» ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтаркунии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Ёвон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Созишномаи молиявӣ бо Фонди Абу-Забӣ оид ба рушд имзо шуд
Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб маросими баимзорасонии Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Абу-Забӣ оид ба рушд баргузор гардид.
Санадро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Фонди Абу-Забӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф ас-Сувайдӣ имзо карданд.
Маблағи созишномаи мазкур 100 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳадафи асосии он пешбурди корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ дар лоти 2-и лоиҳаи стратегии кишвар – Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.
Тақвияти ҳамкориҳо бо Озарбойҷон дар самти рақамисозии хидматрасониҳои давлатӣ
Масъалаҳои рақамисозии хидматрасониҳои давлатӣ дар мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Файзуллозода бо раиси Агентии давлатии хидматрасониҳои давлатӣ ва инноватсияҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Улвӣ Меҳдиев баррасӣ гардид.
Таваҷҷуҳи махсус ба таҷрибаи пешқадами Озарбойҷон дар самти ташкили хидматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ зоҳир шуд.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти омӯзиши кадрҳо, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, изҳори омодагӣ намуданд.
ИСФАРА
Муовини Сарвазир бо фаъолияти кишоварзон шинос гардид
Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти кишоварзон ва ҳолати заминҳои кишт ва боғҳо дар шаҳри Исфара шинос шуд.
Таъкид гардид, ки дар шаҳри Исфара ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад, зеро иқлими мусоид барои рушди боғпарварӣ ва гирифтани ҳосили фаровон имконияти васеъ фароҳам оварда, боғпарварони маҳаллӣ низ дорои таҷрибаи ғанӣ мебошанд.
Тибқи нақша, соли 2026 дар 600 гектар боғи зардолу, сиёҳолу, себ, чормағз, писта, бодом, шафтолу ва токзор бунёд мегардад. Ба ин мақсад, аз масофаи 2,5 километр бо лӯлаҳои қутрашон 315 мм хати об кашида шудааст.
ДУШАНБЕ
Дар теппаҳо ва шафати роҳҳо 106 ҳазор бех ниҳол шинонда шуд
Дар доираи татбиқи нақшаи амали Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангал дар теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе, шоҳроҳҳои Душанбе – Варзоб, Душанбе – Ваҳдат, Душанбе – Ҳисор ва Душанбе – Бохтар 106 ҳазору 406 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонда шуд. Дар ин хусус Агентии хоҷагии ҷангал хабар дод.
Барои таъмини сабзиши ниҳолҳо дар ин мавзеъҳо мунтазам корҳои нигоҳубин, аз қабили нармкунии бехи ниҳолҳо ва қисман обдиҳӣ, гузаронда мешаванд.
Дар асоси Барномаи мазкур, то соли 2040 беш аз 2 миллиард бех дарахт шинонда шуда, Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои «сабз»-и сайёра табдил дода мешавад.