Баргашт Чоп кардан

ХОВАЛИНГ. ҶАШНИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ МОНДАГОР ХОҲАД БУД


Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7-уми январи соли 2022 дар ноҳияи Ховалинг 200 иншооти таъиноташон гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. То кунун 190 иншоот ба истифода дода шудааст. Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ховалинг бунёду навсозии иншооти нақшавӣ хуб ҷараён дошта, барои пешрафту тараққиёти кишвар, дар маҷмуъ, мардум ҳисса хоҳанд гузошт.
Бо мақсади бештар инъикос кардани раванди ободкориҳо суҳбате доштем бо раиси ноҳияи Ховалинг Саймумин Рауфзода Тоҷиддин.
– Лутфан, мегуфтед, ки соли гузашта буҷети маҳаллӣ дар кадом вазъ қарор дошт?
– Соли гузашта нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози ғайрибуҷетӣ 145,7 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 65 миллиону 250 ҳазору 800 сомонӣ ба буҷет 94 миллиону 717 ҳазору 300 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 29 миллиону 691 ҳазор сомонӣ бештар аст. Ҳамзамон, нақшаи андозҳои маҳаллӣ ба ҷойи 54 миллиону 354 ҳазор сомонӣ, ҳудуди 77 миллиону 823 ҳазор сомонӣ ҷамъовари гардид, ки 23 миллиону 427 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 143 фисадро дар бар мегирад.
– Вобаста ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат ва эълон гардидани солҳои 2022- 2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат чӣ тадбирҳо андешида шуданд?
– Барои таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои нав бо соҳибкорон вохӯриҳои судманд гузарондем. Ҳадаф аз вохӯриҳо дастгирии соҳибкорон, бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар самти саноаткунонӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноативу ва ҷойҳои корӣ мебошад. Дар ҳудуди ноҳия 32 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, 25 корхона дар ҷамоати деҳоти Шугнов ва 7 сеху коргоҳ дар маркази ноҳия фаъолият менамояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли гузашта ба 653 миллиону 588 ҳазор сомонӣ расид, ки 138,2 дарсади нақшаро дар бар мегирад. Ҳамзамон, ба ноҳия дар соли гузашта 127,9 миллион кВт соат қувваи барқ интиқол гардида, талафот дар ҳамин самт 24,4 фисадро ташкил медиҳад, ки нисбат ба порсол 5,3 фисад кам гардидааст.
– Муҳтарам раис, хуб мебуд, доир ба рушди кишоварзӣ каме суҳбат мекардед...
– Натиҷаҳо дар соҳаи кишоварзӣ дар қиёс ба солҳои қаблӣ назаррас аст. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 436 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2024 39 миллион сомонӣ афзудааст. Дар ноҳия 2232 гектар замини обӣ ба ҳисоб рафта, бо 4 сарбанди обгирӣ, 4 истгоҳи пуриқтидори обкаш, 29 чоҳи амудӣ ва 277 километр новаҳои обгирию қубурҳои зеризаминӣ обрасонӣ мешаванд.
– Лутфан, мегуфтед, ки соҳаи маорифи ноҳия дар кадом вазъ қарор дорад?
– Дар ноҳия 58 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, 13 ҳазору 900 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Айни замон дар муассисаҳои томактабӣ 340 ва дар назди 53 маркази инкишофи кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ 2600 кӯдаки то 6 - сола таълим мегиранд. Вазъи зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, таъминоти ангишту ҳезум ва лавозимоти лозима ба таври хуб роҳандозӣ шудааст.
– Ноҳияи Ховалинг имкониятҳои хуби сайёҳӣ ва маконҳои тамошобоб дорад. Масъулон барои ҷалби сайёҳон чӣ тадбирҳо андешидаанд?
– Ташвиқу тарғиби имкониятҳои ин соҳаро ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳия хуб ба роҳ мондаем. Айни замон дар ноҳия 2 ширкати сайёҳӣ, 8 меҳмонхона, 4 мавзеъи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 6 осорхона, 12 чойхона, 1 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 2 харитаи сайёҳӣ, 60 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст. Соли сипаришуда 73 ҳазору 90 сайёҳи дохилию хориҷӣ аз мавзеъҳои тамошоии ноҳия дидан намуданд, ки 5 ҳазору 46 каси онро гардишгарони хориҷӣ ташкил мекунад.

Суннати СОДИҚ,
“Ҷумҳурият”