Маҷмуаи илмӣ таҳти унвони «Аҳамияти байналмилалии пешниҳоди Пешвои миллат роҷеъ ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ба табъ расид, ки натиҷаи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ маҳсуб меёбад. Ёдовар мешавем, конфронси мазкур бо ташаббуси кафедраи таърихи нав ва навини факултети таърихи ДМТ баргузор гардида буд.
Дар маҷмуа масъалаҳои муҳими сулҳ, амният, ҳамкории байналмилалӣ, пешгирии ифротгароӣ ва терроризм, таҳкими суботи сиёсӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтаанд. Муаллифон ташаббусҳои Пешвои миллатро ҳамчун намунаи сиёсати хирадмандона, инсонмеҳвар ва дорои аҳамияти ҷаҳонӣ арзёбӣ менамоянд.
Мақолаҳо ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла, саҳми Пешвои миллат дар ташаккули фарҳанги сулҳ, нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, масъалаҳои об ва рушди устувор, дипломатияи сулҳ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалиро фаро гирифтаанд.
Маҷмуа барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон, омӯзгорон, муҳаққиқон, инчунин барои ҳамаи шахсоне, ки ба масъалаҳои сулҳ, амният, сиёсати байналмилалӣ ва рушди устувор таваҷҷуҳ доранд, манбаи арзишманд ба шумор меравад. Он метавонад дар раванди таълим, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳияи барномаҳои таҳлилӣ васеъ истифода шавад.
Матлуба ИЗЗАТОВА, номзади илмҳои таърих, дотсенти ДМТ