Баргашт Чоп кардан

БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

ДАР ҲИФЗИ КАРОН ДАРВОЗ МАСЪУЛ АСТ!
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷавоб ба матлаби «Дарвоз. Оё Карон дубора хокбарсар мешавад?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар таърихи 22-юми августи соли 2025 ба нашр расидааст, маълум менамояд, ки вазъи ногувори шаҳраки бостонии Карон ҳамчун ёдгории нодири таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ, воқеан, яке аз мушкилоти муҳими соҳаи ҳифзи мероси фарҳангист. Карон дорои арзиши баланди илмӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ буда, қаблан бо ташаббуси Ҳукумат ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои барқарорсозӣ ва муаррифии он анҷом дода шуда буданд.
Бо вуҷуди ин, қатъ гардидани ковишҳои бостоншиносӣ, набудани низоми назорат ва суст гардидани чораҳои нигоҳдорӣ боиси ба миён омадани хатари харобшавии ин ёдгории нодир гардид. Ин раванд метавонад на танҳо аз даст рафтани як объекти муҳими таърихӣ, балки ба коҳиши имкониятҳои рушди илмӣ ва сайёҳии минтақа низ оварда расонад.
Дар ин замина, идомаи корҳои бостоншиносӣ дар шаҳраки Карон аз ҷониби шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш зери роҳбарии академик Юсуфшоҳ Яъқубов, ки кашшофи ёдгории мазкур мебошад, ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» масъулияти мустақими ҳифз, нигоҳдорӣ ва таъмини амнияти чунин объектҳо ба уҳдаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Институти мо дар самти ҳифз ва нигаҳдории он масъул нест.
Дар робита ба ин, зарур аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз барои таъмини ҳифзи доимии ёдгории Карон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, назорати мунтазамро роҳандозӣ намояд.

Ю. ЯҚУБОВ, С. АСОМУДДИНЗОДА,
кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ