Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАШАККУЛИ НИЗОМИ БОНКӢ ДАР ТОҶИКИСТОН


Низоми бонкӣ яке аз рукнҳои асосии иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб меёбад. Гардиши маблағҳоро таъмин намуда, рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва устувории молиявиро тақвият мебахшад. Дар Тоҷикистон ташаккули низоми бонкӣ бо марҳалаҳои мураккаби таърихӣ ва иқтисодӣ вобаста буда, аз давраи шуравӣ то замони муосир такмил меёбад.
То соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ фаъолияти мустақили бонкӣ надошт. Пас аз ба даст овардани истиқлол, дар Тоҷикистон низ зарурати ташкили низоми мустақили бонкӣ ба миён омад. Дар ин давра қадамҳои аввалин барои таъсиси бонки марказӣ гузошта шуданд. Ҳамин тавр, соли 1991 Бонки миллии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамчун ниҳоди асосии танзимкунандаи сиёсати пулию қарзии давлат фаъолият менамояд.
Солҳои минбаъда бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонкдорӣ гузошта шуда, сиёсати пулию қарзии мустақил роҳандозӣ гардид. Қабули қонунҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», ба таҳкими истиқлоли молиявии кишвар мусоидат намуд.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми бонкдорӣ як қатор ислоҳоти муҳим, мисли гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисобдорӣ, таҳкими назорати бонкӣ, баланд бардоштани устувории молиявӣ, амалӣ гардид, ки барои пешгирии буҳронҳо, ҳифзи пасандозҳои аҳолӣ ва боло бурдани эътимод ба бонкҳо замина фароҳам овард.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷалби низоми бонкӣ ба рушди иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин замина, маблағгузории соҳаҳои афзалиятнок (саноат, кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна) тақвият ёфт, пешниҳоди қарзҳо барои аҳолӣ ва соҳибкорон васеъ гардид ва лоиҳаҳои бузурги давлатӣ бо ҷалби захираҳои бонкӣ амалӣ шуданд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ташаккули низоми бонкии Тоҷикистон ҷорӣ гардидани пули миллӣ – сомонӣ дар соли 2000-ум мебошад. Ин иқдом ба устувории сиёсати пулию қарзӣ ва таҳкими истиқлоли молиявии кишвар мусоидат намуд.
Солҳои охир низоми бонкии кишвар ба марҳалаи рушд ва мутобиқшавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ворид гардид. Бонкҳо ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, аз ҷумла кортҳои бонкӣ, бонкдории электронӣ ва хидматрасониҳои рақамӣ, оғоз карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 таъкид карданд, ки вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки низоми молиявии кишварро ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем. Аз ҷумла, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои тавсеаи бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва корпоративӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар Паём, инчунин, зикр шуд: “Барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад”.
Хулоса, ташаккули низоми бонкии Тоҷикистон роҳи тулонӣ ва пурпечутобро тай намудааст. Аз низоми мутамаркази шуравӣ то бонкдории муосири дузинагӣ ин соҳа тадриҷан рушд карда, ба талаботи иқтисоди бозорӣ мутобиқ шуд. Дар оянда дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, такмили қонунгузорӣ, рушди технологияҳои молиявӣ ва баланд бардоштани боварии аҳолӣ метавонанд нақши низоми бонкиро дар рушди иқтисодии кишвар боз ҳам қавитар гардонанд.

Беҳрӯз ҶАЛОЛЗОДА,
корманди КВД БА “Амонатбонк”