Баргашт Чоп кардан

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. АЗ ОШКОРИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ТО ПОЁН РАФТАНИ НАРХИ ШАКАР

Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он дар чанд субъектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронд. Дар натиҷа, ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор ва ба буҷети давлат 2,6 миллион сомонӣ интиқол дода шуд.
Хадамот мониторинги бист номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурро, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор доранд, дар бозори берунӣ ва дохилии ҷумҳурӣ гузаронда, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Аксари номгӯ ё ашёи хоме, ки аз хориҷи ҷумҳурӣ ворид мешаванд, сабаби болоравии нархи онҳо дар бозори мамлакат мегарданд. Дар ин хусус сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳайдаралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба маълумоти ӯ, соли сипаришуда аз тарафи Хадамот 242 нархномаи хидматрасонии пулакии муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, аз ҷумла 30 муассисаи тиббӣ ва 102 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва илмӣ, инчунин, 110 нархномаи хидматрасониҳои пулакӣ дар дигар соҳаҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, нархномаҳо мувофиқа карда шуданд.
Зикр гашт, ки 70 муроҷиати шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродкунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Давоми соли рафта ба ҷумҳурӣ 191 ҳазор тонна шакар ба маблағи 117,5 миллион доллари ИМА ворид гардид. Нархи миёнаи як тонна шакари воридот 615 долларро ташкил дода, назар ба соли қаблӣ 34 доллар коҳиш ёфта, ҳаҷми воридот дар муқоиса ба соли пешӣ 9,7 ҳазор тонна ё 4,8 дарсад кам шуд.

Кароматулло АТО


АМИТ
Таъсиси 18 озмоишгоҳ ва марказҳои нави рақамӣ

Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ 18 озмоишгоҳ ва марказҳои нави рақамӣ таъсис дода шуданд. Соли 2025 олимони Академия аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ, таҳқиқотро идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи олимон 7 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 патенти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 2 патенти АвруОсиё барои ихтироъ, 12 нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, 3 шаҳодатнома барои ихтироъ, 7 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, ҳамчунин, 3 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.
Мавсуф зикр кард, ки дар соли сипаригардида бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии хориҷӣ АМИТ беш аз 30 санади меъёрии ҳуқуқӣ бо 10 давлати хориҷӣ ба имзо расонд.
– Дар соли ҳисоботӣ 568 олиму муҳаққиқ ва коршиносони хориҷӣ ба АМИТ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, гузарондани таҳқиқоти муштарак ва таҳсил даъват шуданд, 313 корманд барои коромӯзӣ, иштирок дар конфронсҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва, ҳамчунин, гузарондани таҳқиқоти муштараки илмӣ ба сафарҳои хидматӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристода шуданд, – зикр кард Қобилҷон Хушвахтзода.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА