Баргашт Чоп кардан

ВМКБ. “НАБЗИ САЙЁРА” КИШОВАРЗОНРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД


Таҷлили Ҷашни Садаи имсоларо дар ВМКБ ба деҳқонон дастрас намудани техникаи кишоварзӣ, аз ҷумла минитрактор ва мотоблокҳо, хеле пуршукӯҳ гардонд. Қабл аз оғози тантана, раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот калидҳои техникаҳои хурди кишоварзиро ба роҳбарони бонкҳои тухмии ҷомеавӣ супурда, таъкид намуд, ки бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта барои сабук гардондани меҳнати кишоварзон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба кишоварзони вилоят бештар аз 200 техникаи кишоварзӣ дастрас гардид.
Раиси вилоят афзуд, ки соли 2026 соли таърихист ва моро зарур аст, ки барои рӯёндани ҳосили фаровон тамоми захираву имкониятҳоро самаранок истифода барем. Сол ба сол беҳтар шудани вазъи таъминоти хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаву механизмҳои кишоварзӣ ба афзоиши самараи меҳнати кишоварзон мусоидат менамояд.
Тавре коршиноси ташкилоти ҷамъиятии "Набзи сайёра" Аскаршо Зеваршоев иттилоъ дод, ба кишоварзон дастрас намудани техникаҳои хурди кишоварзӣ ягона ташаббуси ин ташкилот нест. Бо ибтикори ин ташкилот дар даҳ деҳаи водиҳои дурдасти Вахони ноҳияи Ишкошим ва Бартанги ноҳияи Рӯшон бонкҳои тухмии ҷомеавӣ, ки ба ҷамъоварӣ ва ҳифзи тухмиҳои нодири маҳаллӣ, махсусан ғалладона, машғуланд, ташкил гардидаанд ва самаранок фаъолият доранд. Ҳамчунин, ташкилот соли гузашта барои 24 нафар ғолиби озмуни биологҳои ҷавон дар заминаи Академияи агробиологӣ мактаби тобистона ташкил намуда буд. Соли равон, ҳамчунин, базаҳои бонки тухмии ҷомеавӣ дар даҳ деҳаи ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошим бо бонкҳои тухмии ҷомеавӣ (контейнерҳо) таъмин карда мешаванд. Ҳамаи ин чораҷӯйиҳо ба амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи гуногунии агробиологӣ дар робита ба тағйирёбии иқлим равона гардидаанд. Ин шаҳодати он аст, ки дастури Президенти мамлакат, ки дар Паёми имсолаашон дар бобати афзун намудани ҳиссаи бахши хусусӣ дода буданд, бемайлон амалӣ шуда истодааст. Ҷаноби Олӣ дастур доданд: "Ҳукумати мамлакат бояд ҷиҳати осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хидматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешанд".
Кишоварзони вилоят аз ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ва ташкилотҳои ҷамъиятии ташаббускор, шахсони алоҳидаи саховатпеша, ки ҳамеша кишоварзонро дастгирӣ мекунанд, миннатпазир буда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, ноҳияҳои вилоят ва дастандаркорони ин иқдоми неку саривақтӣ, яъне дар остонаи мавсими киштукори баҳорӣ, арзи сипос намуданд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”