Баргашт Чоп кардан

100 САТР АЗ СОЗАНДАГӢ


ХАТЛОН. 300 РӮЗИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ЭЪЛОН ШУД
Дар ҳошияи эълони соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар вилояти Хатлон 300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан эълон шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзнома Рустамшо Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, иттилоъ дод. Ба маълумоти ӯ, 300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ бо ибтикори раиси вилоят Давлаталӣ Саид роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он таҷлили шоистаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Раиси вилоят зимни эълони 300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан таъкид кард, ки имсол барои мардуми Тоҷикистон соли таърихӣ аст ва ҳар як шаҳрванд бояд дар ободонӣ, тозагӣ ва беҳсозии муҳити зисти худ – аз хона то маҳалла саҳми фаъол гузорад.
Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилояти Хатлон бо нишондиҳандаи 106 дарсад иҷро гардида, ба ҷойи 6 260 иншооти пешбинишуда 6 640 иншоот сохта, мавриди истифода қарор гирифт.

ҶАББОР РАСУЛОВ. МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ НОҲИЯ
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон бунёди як қатор иншооти муҳими саноатӣ ва хидматрасонӣ бомаром идома дошта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

 
Аз ҷумла, дар деҳоти Гулхона бо саҳми сокинон сохтмони кӯдакистони дуошёна барои 120 кӯдак идома дошта, дар назди он бунёди майдончаи бозии кӯдакон ва инфрасохтори ёрирасон пешбинӣ гардидааст. Инчунин, дар деҳоти мазкур сохтмони коргоҳи истеҳсоли хишти ҶДММ «Хишти Ганҷ» оғоз гардид. Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим бошад, сохтмони қасри варзишии «Паҳлавонони Суғд» ба нақша гирифта шудааст.
Ба маълумоти дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар доираи корҳои созандагӣ таъмири шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия анҷом ёфта, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гаштанд. Илова бар ин, дар шаҳраки Меҳробод сохтмони маркази ташхисиву табобатии «Луқмони Ҳаким», тарабхона ва маркази хидматрасонӣ, коргоҳи истеҳсоли хӯроки чорво идома дорад.

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. СТАНСИЯИ ЗАМОНАВИИ ЗИДДИ ЖОЛА БУНЁД МЕШАВАД
Бо мақсади пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолӣ, таъсири бориши жола ва ҳифзи соҳаи боғу токпарварӣ, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташаббуси раёсати Хадамоти зидди жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зидди жола идома дорад.


Сохтмони стансияи зидди жола бо маблағгузории Бонки осиёии рушд амалӣ шуда, дар ҳифзи майдонҳои боғу токзор, бахусус дар давраи гулкунӣ ва ҳосилбандӣ, нақши муҳим мебозад. Стансия имконият дорад, ки майдонҳои васеи боғу токзорро дар масофаи беш аз сад километр аз таъсири манфии боришоти жола муҳофизат намояд. Иншооти ҷашнӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир бунёд гардида, боғу токзори шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, Конибодом, Ҷаббор Расулов, инчунин, ноҳияи Спитаменро аз таъсири жола ҳифз мекунад.
Тавре дафтари матбуоти раиси вилоят иттилоъ медиҳад, ба таъкиди масъулони соҳа, бунёди чунин стансияи замонавии зидди жола дар водии Зарафшон низ дар назар аст.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»