Баргашт Чоп кардан

ҶУДО


Муҳиддин Асадуллоев дар Париж медал ва ҷоиза гирифт
Паҳлавони ҷавону умедбахши кишвар Муҳиддин Асадуллоев дар аввалин мусобиқаи имсолаи сайри ҷаҳонии ҷудо – “Paris Grand Slam 2026”, ки 7 - 8-уми феврал доир гашт, медали биринҷӣ ба даст овард.
Ӯ дар вазни -73 кило зӯрозмоиро аз даври дуюм оғоз карда, намояндагони Испания ва Фаронсаро мағлуб намуд, вале дар чорякфинал аз Мануел Ломбардои итолиёӣ, ки медали нуқра гирифт, шикаст хӯрд. Муҳиддин дар даври тасаллобахш бар Йессет Куанов аз Қазоқистон ва дар мубориза барои ҷойи сеюм бар Даййан Боулемтафеси фаронсавӣ дастболо шуда, соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Дар ин вазн тоҷикписар Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки феълан Амороти Муттаҳидаи Арабро намояндагӣ мекунад, барандаи медали тилло гардид.
Варзишгари дигари мо Абубакр Шеров дар вазни -81 кг ҷойи ҳафтумро касб кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар “Paris Grand Slam 2026” 488 варзишгар (299 мард ва 189 зан) аз 78 кишвар иштирок карданд. Тоҷикистонро чор варзишгар намояндагӣ намуд. Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) аз медал маҳрум монданд.
Дар доираи Гранд-слами Париж, маросими ҷоизасупории Федератсияи байналмилалии ҷудо ба беҳтаринҳои соли 2025 доир гашт, ки узви дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон Муҳиддин Асадуллоев бо ҷоизаи “Ситораи навзуҳури сол” сарфароз гашт. Муҳиддини 19-сола соли гузашта чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон шуда, дар Гранд-слами Душанбе медали тилло, дар Гранд-слами Абу-Забӣ медали нуқра ба даст овард.
Дар маросим Этери Липартелиани аз Гурҷистон беҳтарин ҷудочӣ миёни бонувон, Тимур Арбузуов аз Россия беҳтарин ҷудочӣ миёни мардҳо эътироф гаштанд.


ФУТБОЛ
Виталий Левченко – сармураббии “Истиқлол”
Виталий Левченко, мутахассиси шинохтаи тоҷик, дигарбора сармуррабии тими “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд. Ҳамчунин, ситоди нави мураббиёни ин даста маълум гардид.
Ба иттилои клуби футболи “Истиқлол”, шартномаи ҳамкорӣ бо Левченко то анҷоми мавсими 2026 ба имзо расидааст. Ба ситоди муррабиёни клуб Андрей Анненков – мураббии калон, Анвар Норқулов – мураббии тайёрии ҷисмонӣ, Фаррух Бердиев – мураббии дарвозабонҳо ва Дониёр Муродов – мураббии таҳлилгар шомил гардиданд.
В. Левченко қаблан низ сармураббии тими “Истиқлол” буд (солҳои 2020-2022) ва бо роҳнамоии ӯ даста чемпиони Тоҷикистон гардида, кишварро дар Лигаи чемпионҳои КФО намояндагӣ кард.
Виталий Левченко соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Дар дастаҳои “Хуҷанд”, “Динамо”, ССКА, “Таврия” (Украина), дастаҳои русиягии “Волгар” (Астрахан), “Спартак” (Кострома), “Динамо” (Ставропол), “Урал” (Екатеринбург), ҳамчунин тими “Чанчун Ятай”-и Чин бозӣ кардааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (1996-2000) дар 10 бозӣ ширкат доштааст.
Ӯ баъдан дастаҳои украинии “Княжа” (Бориспол), “Еднист”, “Десна” (Чернигов)-ро машқ дода, ба ҳайси ёвари сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Украина, ёвари сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) фаъолият намудааст. Ҳамчунин, як муддат сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор, мураббии тими русиягии “Криля Советов” (Самара) ва сармураббии бошгоҳи “Хуҷанд” буд.
Виталий Левченко се мавсими охир дар тими “Нефтчӣ”-и Ӯзбекистон фаъолият дошт ва соли 2025 ҳамроҳ бо ин даста чемпиони Ӯзбекистон шуд.


АРМРЕСТЛИНГ
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон 22 медал ба даст оварданд
Ҳайати паралимпии Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва параармрестлинг, ки дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон доир гашт, 22 медал (4 тилло, 9 нуқра, 9 биринҷӣ) ба даст овард.
Дар мусобиқа, ки тамоми гурӯҳҳои синнусолиро дар бар гирифт, варзишгарони дорои имконияти маҳдуд аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат карданд. Ҳайати паралимпии Тоҷикистон аз 16 варзишгар ва 2 мураббӣ иборат буд.
Варзишгари маъруфи кишвар Акмал Қодиров (+90 кг) дар дастхобонӣ – ҳам дасти чап, ҳам дасти рост – ду медали тилло гирифт. Зиёдулло Баротов (65 кг) ва
Фирӯз Шамсиддинов (90 кг) дар дастхобонӣ бо дасти чап ҷойи аввалро сазовор гаштанд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”