«САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ. СУД БЕШТАР АЗ ЗИЁН БОЯД БОШАД!»
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Шаҳноз Қурбонро дар мавзуи «Сайёҳии экологӣ. Суд бештар аз зиён бояд бошад!», ки 29-уми сентябри соли 2025, №187, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Масъалаҳои дар мақола инъикосшуда, воқеан ҳам, саривақтӣ буда, зина ба зина бартараф намудани онҳо тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 ва дигар нақшаву барномаҳои соҳавӣ роҳандозӣ шудааст.
Имрӯзҳо Кумита бо тамоми ҷонибҳои ҳавасманд, аз ҷумла бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро ҷоннок намуда истодааст.
Самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ барои Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор ба шумор мераванд. Барои рушди ин навъҳои сайёҳӣ, захираҳои бузурги он дар ҷумҳурӣ имконият медиҳад. Қуллаҳои баланд, аз ҷумла қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр аз сатҳи баҳр ва манзараҳои кӯҳистоне, ки дар он ҷо чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар Тоҷикистон мавҷуданд.
Сайёҳии экологӣ яке аз омилҳои муҳими таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ба шумор меравад. Инчунин, рушди соҳаи сайёҳӣ метавонад ба рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт, аз ҷумла хидматрасонии нақлиётӣ, хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар соҳаҳо, мусоидат намояд.
Пурсишҳои иҷтимоӣ миёни сайёҳон дар ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ афзалият ба навъҳои сайёҳии экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ дода мешавад.
Кумита таъкид мекунад, ки ҳар гуна фаъолияти сайёҳӣ дар мавзеъҳои рекреатсионӣ ва экологӣ бояд суди воқеӣ ва ченшаванда дошта бошад. Лоиҳаҳое, ки ба табиат зиён мерасонанд ҳатто агар фоидаи иқтисодии кӯтоҳмуддат пешниҳод намоянд, қобили қабул нестанд. Кумитаи рушди сайёҳӣ зарурати пурзӯр кардани назорат, бозбинӣ намудани иҷозатномаҳо ва дар ҳолати зарурӣ қатъ кардани лоиҳаҳоеро, ки ба талаботи рушди устувор ҷавобгӯ нестанд, таъкид менамояд.
Муҳофизати табиат масъулияти умумӣ ва авлавияти сиёсати давлатӣ мебошад. Муносибат бо сайёҳон масъалаест, ки Кумита ба он таваҷҷуҳи хосса дорад. Ҳамеша ин масъала дар вохӯрӣ бо масъулин матраҳ шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ низ пайваста гузаронда мешаванд.
Аз ҷониби Кумита барои сохтани маҷмуи хидматрасониҳои ба тамоми меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ дар тамоми мавзеъҳои сайёҳии шаҳру навоҳии мамлакат комиссияи махсус ташкил шуда буд. Масъулин ба тамоми шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, ба масъулини мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд. Ҳамчунин, дар ин росто, бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат гурӯҳи кории салоҳиятнок ташкил гардид, ки имрӯзҳо аз вазъи инфрасохтори мавҷуда ва ҳолати хидматрасонии онҳо дидан намуда, вобаста ба чораҷӯйӣ ва бартараф кардани онҳо тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мекунад.
Кумитаи рушди сайёҳӣ тарғибу ташвиқи васеи захираҳои сайёҳии экологии мамлакатро ба таври васеъ ба роҳ монда, хатсайрҳои гуногуни саёҳати экологиро барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои Қаратоғ, Ҳафткӯл, Ховалинг, Сари Хосор, Чилдухтарон, водии Рашт, минтақаҳои гуногуни Бадахшон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил ва роҳандозӣ намудааст.
Хурсандиовар аст, ки умдатарин мушкилоти соҳа то ҳол роҳҳои ҳалли хешро пайдо намуданд ва ё сари онҳо ҷиддан корбарӣ шуда истодааст.
Р. ХОЛМАТИЁН, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон