Дар озмуни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраки деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2025» барои дастовардҳои соҳаи кишоварзию ободонии маҳали зист, рушди соҳибкорӣ ноҳияи Деваштич дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» сазовори ҷойи аввал гардид.
Рости гап, соли рафта барои мардуми меҳнатқарину тифоқи ноҳияи баландкӯҳи Деваштич соли бобарор омад, зеро дар ин сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хангоми сафари корӣ ба вилояти Суғд ба ин ноҳия низ қадами муборак гузоштанду ба кори деҳқонон, аз ҷумла картошкапарварон, баҳои баланд дода, чандин иншооти таъиноташон гуногунро ба истифода супурданд.
Картошкапарварони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 8638 гектар картошка кишт карданд, ки ин нисбат ба соли 2024-ум 463 гектар зиёд аст. Картошкакорон хуб меҳнат карданд ва бештар аз 280 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданд, ки ин нисбат ба соли 2024 қариб 30 ҳазор тонна зиёд аст. Ҳарчанд ҳосилнокӣ, дар маҷмуъ, аз ҳар гектар бештар аз 300 сентнер аст, аммо дар хоҷагиҳои деҳқонии «Шоҳон», «Хӯчаҳо», «Овчӣ-Ғончӣ», «Басманда», «Қалъаи Ҳоҷӣ» аз ҳар гектар то панҷсад сентнер картошка ҷамъоварӣ намуданд. Алҳол дар таҳхонаҳои хоҷагиҳо бештар аз сад ҳазор тонна картошка захира шудааст, ки як қисми он барои тухмӣ ва боқимонда барои истеъмол то ҳосили нав мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ноҳия ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ идома доранд. Шахсони ватандӯсту соҳибмаърифат, ки ободии зодгоҳро шиори худ қарор додаанд, дар бунёди муассисаҳои табобатию таълимӣ, таъмири роҳу пулҳо, ташкили ҷойҳои кор саҳми босазо мегузоранд. Дар ин ҷода ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва он ашхосе, ки барои зиёрати ҳаҷ маблағ пасандоз кардаанд, барои ободию бунёдкорӣ ҳиссаи худро мегузоранд. Масалан, дар деҳаи Қалъаи Дӯст маркази саломатии дуошёна, мактаби чорошёна, маркази фарҳангӣ, толори варзиш дар деҳаи Муҷун, 6 кӯдакистон бо ҳамин иқдоми ватандӯстона мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин, соли рафта дар шаҳраки Ғончӣ, деҳаҳои Зарнисору Ғазантарак, Меҳрободу Нуробод, Росровуту Метк, Хуҷаҳою Далён, Қалъаи Мирзобою Қалъаи Дӯст 65 км роҳ асфалтпӯш ва 151 км роҳ таъмиру шағалпӯш гаштанд, ки маблағи умумии амалҳои нек 32 миллиону 776 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷа, 580 банди корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташкили наздик ба 6 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ пурра иҷро шуд. Соли равон дар нақша аст, ки дар 130 банд корҳои созандагӣ амалӣ гарданд. Алҳол аз ҷониби соҳибкор Дилшод Насруллоев нахустин бинои нуҳошёна дар ноҳия бунёд мешавад. Бар замми ин, барои бинои сеошёнаи маркази ҷавонон дар ҳамин рӯзҳо санги асос гузошта шуд, ки орзуи чандинсолаи ҷавонон буд. То моҳи май ба кор андохтани марҳалаи аввали шабакаи обёрии «Даҳкатсой – Даҳанасой» бо иқдоми МИМҲД ва дастгирии мардуми ноҳия дар нақша аст, ки бо амалишавии он дар деҳоти Муҷуну Ваҳдат ва Росровут боз қариб 1000 гектар замин бо оби полизӣ таъмин мегардад. Баробари ин, дар фасли тирамоҳу зимистон оби мазкур бевосита дар обанбори Даҳанасой захира мешавад, ки ояндаи наздик мушкилоти об дар қисми поёнии ноҳия то қадри имкон ҳалли худро хоҳад ёфт.
Ҳангоми мулоқот бо рӯзноманигорон раиси ноҳия А. Ҷалилзода таъкид намуд, ки унвони «Ноҳияи беҳтарин» ба меҳнати босамару амалҳои ватандӯстонаи мардуми меҳнатқарин дода шудааст. Бовар аст, ки сокинони ноҳия дар соли равон низ дилгармона кору фаъолият карда, 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.
Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ, рӯзноманигор