Баргашт Чоп кардан

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АБАРМАРДЕ, КИ НАГЗОШТ КАЁНИ ОРИЁӢ БАРБОД РАВАД


Ба сифати як филмсози мустақил бо ҳазинаи шахсӣ дар пайи сохтани филме аз фолклор дар Тоҷикистон аз масирҳо гузаштаам. Аз Душанбе то Хуҷанду Панҷакенту Турсунзодаву Кӯлоб ва Даштиҷум, ҳатто, то поёни ноҳияи Айнӣ кӯҳ ба кӯҳ, ҷода ба ҷода, кӯча ба кӯча, гаҳ савора, гаҳ пиёда. Рафтаам ба хонаи мардумони ҳар қишр: бузургу кӯчак, сангину гилӣ ва аз миёнаи шаҳр то таҳи русто даромадаам. Бар сари даҳҳо суфраи ишон меҳмон шудаам, даҳҳо бор нонашонро бо ман қисмат кардаанд ва намакшонро чашидаам. Бо ин аҳвол, ман бар он шудам, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон бинависам ва бахше аз он чи ки ба гиреҳҳои фикрӣ ва зеҳнии ман боз мегардад, ба риштаи таҳрир дароварам.
Беш аз се даҳаи тоқатфарсо аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, ки яке аз ду қутби бузурги ҷаҳон башумор мерафт, гузашт. Аз он даврон то кунун дунё рӯйи дигаре ба худ гирифт ва ҳар чи замон моро бо худ мебарад, зиндагӣ барои башарият дар ҳама ҷо, агарчи модернтар шуда, аммо душвортар ва вазинтар шудааст, ки Осиёи Марказӣ (Варорӯд) аз ин қолаб мустасно нест.
Дар ин миён ва дар канори сарзаминҳои пошидашуда аз шуравии собиқ ҳузури касе монанди Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳон, ҳамзамон, кишваре мустақил бо унвони Тоҷикистон барои ҳамагон мусаллам аст. Кишваре бо чаҳорчӯб ва қоидаи мушаххас барои қавми решадори тоҷик!
Эмомалӣ Раҳмон ва ёронаш кӯшидаанд, бо бориз нигоҳ доштани нишонҳо ва арзишҳои миллӣ дар зиндагии тоҷикон беҳсозии дарунмарзӣ ва таомулҳои бурунмарзиро барои кишвари Тоҷикистон дар авлавият қарор диҳанд ва ин гуна аст, ки мешавад, ӯро меъмори кишвари Тоҷикистон дар байни дигар милал номид.
Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамфикронаш дар ростои вопаснамондагии мардумони сарзаминаш улгуҳои қобили пазириш ва пешрафтаи ҷаҳониро дар ҳадди тавоноӣ аз ҳар ҷиҳат вом гирифта, бо ҳифзи каёну пойдории фарҳанги тоҷикон талош мекунанд. Агарчи Эмомалӣ Раҳмон, бисёр ёрон ва андешаварзони ҳамсон бо худро ядак мекашад, аммо кам нестанд аз аҳолии фикру сухан, ки ба ҳангоми мувоҷиҳа бо хостгоҳаш дар таоруз бо ӯ сайр мекунанд: аз мардумони камхондаи суннатҷӯ гирифта, то нухбагони зиёдахондаи таҳлилбоз. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама зӯрҳо ва ҷӯрҳои пеши рӯяш аз бовар ва масири баргузидааш ҳеҷ гоҳ по пас накашида...
Беш аз се даҳаи пеш, ки камтар аз ним қарн аз умр дошт, пайи бунёдгузории таҳкурсӣ ва пайи сохтмони Тоҷикистони истиқлолёфта ва сутунҳояш шуда буд ва ҳам медонист навсозӣ дар ҳар бистаре, ки бошад, чи сиёсӣ, маданӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ фарояндест, ки аз ранҷҳо ва сахтиҳо ва талхиҳо ва туҳматҳо ва дашномҳо иҷтинобнопазир аст. Қавомёфтагии як кишвари тозатаъсис шохисаҳое дорад, ки онҳоро на сари ҳар бозор метавон харид ва на сари ҳар бозор метавон фурӯхт ва Эмомалӣ Раҳмон аз паси касби он барои миллаташ то ба имрӯз баромадааст, ки чакидаи онро метавон, инчунин, хулоса кард.
Аввалан, паноҳи як миллат дар зери сақфи замон, дувумин, пешравӣ дар ҳадде, ки ҳар рӯзаш беҳтар аз дирӯзаш бошад ва севумин ҷаҳоншумул кардани кишваре ба номи Тоҷикистон барои тоҷикон.
Эмомалӣ Раҳмон бо зарфиятҳои воқеии сарзаминаш ва, албатта, на аз сари воҳима ё хушбоварӣ, ки билфеъл огоҳ аст, ӯ аз миёнаи ошӯбу хун ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷон ба дар бурда ва хокрезиҳои зиёдеро як-як пушти сар гузоштааст. Ӯ сарзамине аз сангу кӯҳи хушк, бидуни марзи обӣ ва бештар ноҳамворро ихтиёран бар дӯш гузошта, роҳи пур аз хори муғелонро паймудааст, ба ин бовар, ки:
Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махӯр.
Ин ки ӯ сақфи на ҳарчанд шоҳона ва баланд, аммо дар ҳадди худ амон бар сари ин миллат қарор додааст. Ин ки ба тамомии ҳамаи афроди миллаташ суфраҳои ҳафтранг ва ҳафтодранг паҳн намешавад, аммо мардумаш нони беташвиш бар дастархонашон мегузоранд ба ин маъност, ки дар миёни роҳбарони аз навъи худ Эмомалӣ Раҳмон нумраи қабулиро гирифтааст ва сад, албатта, (бо стандарте, ки иқлими Тоҷикистонро дар бар мегирад ва шомил мешавад) шохиси ибтидоии ҳамаи кишварҳои тозаистиқлол ва баъд тавсеаёфтаи ҷаҳон дар ҳамаи адвори таърих ҳамин буда ва ҳаст ва баъзеҳошон аз ҳамин масир гузаштаанд.
Ин ки сохтори сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони имрӯза бо лоиҳаҳои зерин фазои зеҳнии ман дар ҳар параметраш ҷудогона то чи ҳад созгор аст ё нест, монеъ аз он намешавад, ки ба унвони як журналист ба мизони муносиб тарафдорони Эмомалӣ Раҳмонро дар расонаҳои миллӣ ва мухолифонашро дар дунёи маҷозӣ думбол накунам. Беш аз 5 сол, беш аз 100 соат барномаи ҷиҳатдор ва беҷиҳат дар таъйид ва радди амалкарди Эмомалӣ Раҳмон ва ёронашро дидаам ва шунидаам ва думбол кардаам. Касоне, ки таърихи муосир ва инқилобҳои сарзаминҳои ҳамҷавор ё ҳаммаслак, ё ҳамвазн ва ҳамравиш бо Тоҷикистонро мисли Афғонистон ва Туркия, Эрон ва Ироқу Сурия, ҳатто Мисрро мӯшикофона нахондаанд ва сарнавишташонро амиқан ва бо решаёбӣ ҷустуҷӯ накардаанд ва бидуни ишора ба вазъияти дохилии Тоҷикистон ва шароити перомунии ин сарзамин дар як аср ва бе он ки беғараз таҳлил кунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар чи шароите омад ва дар чи шароите истод ва дар чи шароите инонро ба даст гирифт. Воқеан, кори ӯ дар баробари ҳамаи сапеду сиёҳ азхудгузаштагӣ буд.
Ва намехоҳанд бипазиранд, ки таърихи фардоҳои дури бемо, қазоваташ бар асоси садои карнайи имрӯзи онҳо нест, балки аз даҳаи охири қарни ХХ ба майманати саодати расона ва дастрас будани сабти садою тасвир, авҳоми қисса шудаю ривоят шуда дар тули таърихи ариз ва тавили башарият ба содагӣ такрор нахоҳад шуд ва оянда ва ояндагон қилу қоли имрӯзи ин ва онро (ки дар оинаи муҳаддабшон ва муқаарашон бузургнамоӣ ё кӯчакнамоӣ мекунанд), милоки қазовати хеш намегирад.
Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи маҳкам ва такя бар арзишҳои фардии худ кӯшид дар замонаи аз ҳам гусехтагиҳо ба нафъи сарзаминаш ҳамчун сарбоз нақши муносибе ифо кунад ва аз он ҷо ба баъд ҳамроҳ бо сарнавишт ба ҷойгоҳи феълӣ расидааст. Воқеан, иқдомоти ӯ нуқтаи атфе дар таърихи ин сарзамин ба ҳисоб меояд. Хислатҳое, ки ӯро аз бисёре раҳбарони сиёсии дуру наздик мумтоз мекунанд, равшан будани ишқи вофир ба Меҳан ва тоҷикдӯстии ӯст, ки бо қудрати ҳидоят кардан ва мудирияти қотеъ ва таваҷҷуҳ ба асли ҳифзи фарҳанг ва парвариши он омезиш шудааст.
Дар намоишгоҳи акси Тоҷикистон дар Донишгоҳи Кувайт фурсате пеш омад бо ӯ салом кунам, даст дароз намудам ва дастфишорӣ кардем. Барои ман – журналисти фаромарзӣ, дастфишорӣ бо мансабдорон ҳаракати нодир нест, вале дастони Эмомалӣ Раҳмон мисли бисёре аз ҳамқаторонаш нарм набуд ва хатти пинаи резеро мешуд миёни он ламс кард ва ҳанӯз осори корварзии 40 соли пешро бар кафи ӯ мешуд ҳис кард... Ӯ фарзанди тоҷу тахт набуда, балки заҳматкаш буда ва аз табори мардумонаш буда ва мекӯшад аз табори мардум боқӣ бимонад.
Таҷрибаи ҳирфавӣ ва муоширатам бо бозигарон ва бозигардонҳои расонавӣ мегӯяд, ки ӯ аз ин ки нақш бозӣ кунад ва ё пушти сафаҳоти пропаганда чеҳра пинҳон кунад ва ё популистӣ ва авомфиребона амал кунад, аз ҳамаи инҳо убур кардааст ва эҳтиёҷе ба онҳо надорад. Ӯ интихоб карда ба ҷойи ин ки мисли хеле аз ҳамтоёни худ дар кохи раёсатҷумҳурӣ ҷой хуш кунад ва аризаҳои ирсолиро дастчиншуда дарёфт кунад, то ҷое, ки замон дошта бошад ва битавонад ва бигузорандаш рӯбарӯйи хеле аз ҷамъият менишинанд, бо кӯдак аз сари завқ кӯдакона ва бо навҷавон аз сари шавқ бепарда ва бо пир аз сари тавозую фурӯтанӣ меҳрубонона гуфтугӯ мекунад, агар битавонад гиреҳҳое боз кунад, дареғ намекунад ва агар натавонад, умедро аз тарафи муқобилаш намегирад. Ҳанӯз кӯдакӣ дарунаш ба шиддат саломат ва зиндааст, ки бо дидани тимсоли модар ашк мерезад ва фориғ аз мансабу мақом бо либосҳои одӣ ба ҷамъи ҳамсоягони маҳаллаи қадимияш сар мезанад ва ҷӯёи аҳволашон мешавад. Ӯ то ҷое пеш меравад, ки ғурури шахсии худро пойи ғурур ва осоишу фараҳи миллаташ мешиканад, дар шодиҳояшон бо онҳо пойкӯбӣ мекунад ва он ҷо, ки зарурат аст, барои ҳусни ният дар пайи суниятҳои тулонии ҳамсоягони марзӣ ва барои оғози дубора пешқадам мешавад.
Ҳатто, шона ба зери тобути касоне медиҳад, ки ӯро солҳо озурда буданд ва аз ин ки дасти дӯстӣ ба сӯйи мухолифонаш (дарунӣ ва берунӣ) дароз кунад, наметарсад, намегурезад. Эмомалӣ Раҳмон як пиёла чой ҳам дасти ман надодааст, аммо ман ҳар он чи ки беш аз 3000 километр дар кишвари Тоҷикистон ҷо ба ҷо шудаам ва бедилвопасӣ ва ҳеҷ ташвише зери ҳар сақфи амне аз ҳар даст чой гирифтаю нӯшида бошам, вомдори ҳузури ӯст, ки нагзошта каёни Тоҷикистон, тоҷи ориёӣ барбод биравад!

Муҳсин РАҲИМӢ,
коргардон аз давлати Кувайт, рӯзноманигор,
масъули иҷроияи бахши форсии радиои Кувайт


ЁДДОШТ: Муҳсин Раҳимӣ чанде пеш бори дигар меҳмони Тоҷикистон буд ва дар кӯтоҳтарин фурсат суҳбати ӯро бо кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар студияи “Фонус – минбари андеша” зери ин суроға тамошо хоҳед кард:
https://www.youtube.com/@ruznomaijumhuriyat