Баргашт Чоп кардан

ФАРҲАНГ. НАҚШИ ОСОРХОНАҲО ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ


Дар шароите, ки фарҳанг ба яке аз абзорҳои муҳими рақобати тамаддунҳо табдил ёфтааст, осорхонаҳо дигар танҳо муассисаи нигоҳдорӣ нестанд, балки субъекти фаъол ва таъсиргузори сиёсати фарҳангии давлат маҳсуб меёбанд. Осорхона имрӯз минбари худшиносии миллӣ, мактаби маърифати таърихӣ ва василаи муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ (16-уми декабри соли 2025) зикр намуданд, ки «мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад». Ин таъкид баёнгари он аст, ки фарҳанг дар сиёсати давлатӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Эътирофи байналмилалии ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла ворид гардидани ёдгориҳои Хутали Қадим ба Феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва эълон шудани шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» нишонаи равшани ҷойгоҳи фарҳанги тоҷик дар тамаддуни башарӣ мебошад.
Дар партави ин сиёсати фарҳангпарварона, Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент” соли 2025 фаъолияти худро на танҳо ҳамчун нигаҳдорандаи мерос, балки ҳамчун институти таъсиргузори сиёсати фарҳангӣ ба роҳ монд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолият навсозии экспозитсияҳо буд. Толорҳои намоиш бо ашёи нодир ғанӣ гардида, дар толори давраи Сомониён «Харитаи таърихӣ ва таълимии давлати Сомониён», гӯшаҳои «Хонаи миллӣ» ва «Тоҷикистон – дар роҳи рушд ва бунёдкорӣ» бо маводи нав мураттаб шуданд. Толори «Истиқлол» бо витринаҳои муосир муҷаҳҳаз гардида, намоишҳои истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои миллӣ ҷолибтар пешниҳод шуданд. Ин навсозӣ пайванди бинанда бо таърих ва дастовардҳои давлати муосирро таъмин намуд.
Фаъолияти Осорхона танҳо ба намоиш маҳдуд нашуд. Он ҳамчун маркази илмӣ-маърифатӣ низ фаъолият бурд. Конфронсҳои илмӣ, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бахшида ба гиромидошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи Артиши миллӣ собит сохтанд, ки Осорхона дар тарбияи худшиносии миллӣ ва таҳкими маърифати шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.
Дар Паём Пешвои миллат фарҳанг ва донишро пояи давлатдории муосир унвон намуда, таъкид сохтанд, ки «истиқлол ва сулҳи миллӣ, илм ва фарҳанг пояи давлатдории муосир мебошанд». Ин дидгоҳ осорхонаҳоро ба ҳайси сипари амнияти маънавӣ ва мактаби худшиносӣ муаррифӣ мекунад.
Бо такя ба таҷрибаи мавҷуда, барои тақвияти нақши осорхонаҳо пешниҳод мегардад:
. муосирсозӣ ва рақамигардонии фондҳо, ҷорӣ намудани сайри маҷозӣ;
. густариши барномаҳои таълимӣ барои ҷавонон ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ;
.тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар заминаи осорхонаҳо;
. рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули намоишгоҳҳо;
. ҷалби фаъолонаи ВАО ва ҷомеа ба муаррифии фаъолияти осорхонаҳо.
Таҷрибаи Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ равшан нишон медиҳад, ки осорхона метавонад аз муассисаи нигоҳдорӣ ба маркази воқеии таъсиргузории фарҳангӣ табдил ёбад. Бо татбиқи сиёсати фарҳангии давлат ва дастгирии Вазорати фарҳанг, осорхонаҳо метавонанд дар таҳкими худшиносии миллӣ, муаррифии таърихи тоҷикон ва тарбияи насли оянда нақши калидӣ бозанд.
Фарҳанг, чунонки Пешвои миллат таъкид менамоянд, шиносномаи миллат аст. Аз ин рӯ, рушди осорхонаҳо рушди давлатдорӣ, амнияти маънавӣ ва эътимод ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад.


Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори МД «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент»