Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва равандҳои рақамисозӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст, масъалаи гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав диққати махсус зоҳир намуда, онро омили муҳими рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар арзёбӣ менамоянд.
Тавре дар Паёми навбатӣ низ таъкид гардид, иқтисоди рақамӣ на танҳо истифодаи технологияҳои муосир, балки тағйир додани усулҳои анъанавии фаъолияти иқтисодӣ, хидматрасонӣ ва истеҳсолотро низ дар назар дорад. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ метавонад шаффофияти равандҳои иқтисодиро таъмин намуда, сатҳи коррупсияро коҳиш диҳад ва шароити мусоиди сармоягузориро фароҳам оварад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаи тақвияти ҳукумати электронӣ аҳамияти хосса медиҳанд. Ҳукумати электронӣ яке аз унсурҳои муҳими рақамисозии идоракунии давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи он сода гардондани хидматрасониҳои давлатӣ, кам кардани бюрократия ва баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хидматрасониҳо мебошад. Дар Паём таъкид мегардад, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд ба баланд шудани масъулият, самаранокӣ ва эътимоди шаҳрвандон мусоидат намояд.
Рушди соҳаи маориф дар заминаи технологияҳои нав низ яке аз масъалаҳои калидии Паёми Пешвои миллат мебошад. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми маориф, аз ҷумла истифодаи платформаҳои таълимии электронӣ, синфхонаҳои рақамӣ ва захираҳои омӯзишии онлайн, имконият медиҳад, ки сифати таҳсилот баланд бардошта шавад ва донишҷӯёну хонандагон ба донишҳои замонавӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки омода намудани мутахассисони дорои дониши рақамӣ ва тафаккури инноватсионӣ шарти асосии пешрафти кишвар мебошад.
Дар баробари ин, дар Паём ба масъалаи рушди технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Технологияҳои нав, аз ҷумла автоматонӣ, таҳлили додаҳо ва зеҳни сунъӣ, метавонанд дар соҳаҳои саноат, тиб, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ самаранок истифода шаванд. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки ҷорӣ кардани чунин технологияҳо бояд бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва таҳкими заминаи ҳуқуқию меъёрӣ ҳамоҳанг карда шавад.
Хулоса, метавон гуфт, ки рақамисозӣ ва истифодаи технологияҳои нав дар Паёми Пешвои миллат ҳамчун самти стратегӣ ва омили калидии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад. Татбиқи пайвастаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти рақамисозӣ метавонад заминаи боэътимод барои рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ фароҳам оварад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон ва мутахассисон, дар он ифода меёбад, ки дониш ва малакаҳои рақамии худро такмил дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзанда гузоранд.
Зебо ВОҲИДОВА,
Ҷамшедхон БАҲОВУДДИНОВ, омӯзгорони факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ